ПАРЧАМ – РАМЗИ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

13

Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Парчами яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатӣ ба шумор меравад, ки таъриху фарҳанг, ваҳдату истиқлол ва ҳувияти миллии ҳар давлату миллатро мутаҳид мегардонад. Парчам яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатии ҳар як миллат ва давлат мебошад. Он таърихи гузаштаро бо имрӯз мепайвандад ва ҳамчун нишони истиқлолият, ягонагӣ ва ҳувияти миллӣ хизмат мекунад.

Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ ин истилоҳ бо муродифҳои дирафш (дурафш), алам, ливо, байрақ, парчам, роят маъруф мебошад. Аз байни ин муродифҳо вожаи дирафш ва парчам вожаҳои ноби тоҷикӣ мебошанд. Истилоҳи «парчам» аз вожаи суғдии «parcam» сарчашма гирифта, ба маънои овеза ё алам омадааст. Мафҳуми дирафш аз вожаи авастоии «drafxа», форсии бостонии «drafҷа» гирифта шудааст. Дирафш ин дурухш, рӯшноӣ, дурахшанда мебошад.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг тасвир ёфтааст.

– ранги сурх – озодиву истиқлол,

– ранги сафед – сулҳу оромӣ,

– ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон тасвир карда шудаанд. Чуноне сарчашмаҳо ривоят мекунад, дар ин айём мардуми бо нангу номус ва шуҷои ориёӣ, ки аз зулму бедодгарии Заҳоки Морон ба шӯр омада буданд, бар зидди Заҳоқ ва қувваҳои аҳриманӣ бархостанд.

Коваи Оҳангар, ки сарварии ин қиёми мардумиро ба дӯш дошт, пешдомани чармии худро ба сари найза баст ва дар зери ин парчам ба назди яке аз подшоҳони машҳури Пешдодиён Фаридун омад, ки баъд аз Ҷамшед 600 сол подшоҳӣ кардааст. Фаридун парчами Коваро бо ранги сурх, зард, бунафш ва зевар оро дода, номашро «Дирафши Ковиён) унвон кард.

Номи «Ковиёни Дирафш» аз номи Кова нест, он бо номи кайҳо (шоҳон) алоқаманд аст, яъне аввалин шоҳони ориёӣ Кай ном доштанд ва вожаи Ковиён низ аз он реша гирифта шудааст. (Масалан Подшоҳони Кайёниён (дар Ориёни Шарқӣ дар асрҳои XVII-XVпеш аз милод Кайқубод, Кайковус, Кайхусрав ва ғ.)

Чуноне ишора рафт, Парчам дар вақти муҳориба ва ҷанг дар баландие парафшон мегардид. Бо ин сипоҳро ба далериву шуҷоат, боварӣ ва побарҷоӣ, шикастнопазир будани давлат, лашкар ва зафар ҳидоят мекард. Парчам қуввати дили рамзандагон буд.

Саноӣ ин матлабро чунин пешниҳод намудааст:

Ту як соат чу Афредун ба майдон бош, то он пас,

Ба ҳар ҷониб рӯ орӣ Дирафши Ковиён бинӣ.

Саноӣ дар ҷойи дигар ҳашамат ва бузургии Дирафши Ковиёнро чунин тасвир кардааст:

Он кас ки Дирафши Ковиён ёфт,

Аз ҷаври ду мор кай зиён ёфт.

Дар баробари Парчами давлатӣ, дар замони бостон то ба имрӯз саркардагон, инчунин паҳлавонон низ дорои парчами худ буданд, ки ин парчамҳо инъикосгари ҷанг ва муҳорибаҳои онҳо буданд.

Масалан, дирафши Ҷамшед аз пӯст, бо акси шери болдор ва офтоби шуъладор иборат буд. Дар дирафши Заҳок ду мор тасвир ёфта буд. Сари дирафши Рустамро шер ва худи онро ҳаждари афсар оро медод. Ин анъана то имрӯз побарҷо аст. Даври Ливо ба андозаи50 ммбо ресмони зарҳалин дастдузӣ шуда, бо шилшилаҳо ороиш ёфтааст.

Дар маркази Ливо тасвири «Дирафши Ковиён» инъикос ёфтааст, ки он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рамзҳои худро дорад, ки он аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст, ки вазъи ҳуқуқии онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 №192 «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба танзим медарорад. Қонуни мазкур аз 8 модда иборат буда, вазъи ҳуқуқӣ, тасвир ва тартиби истифодаи расмии рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Парчами давлатии Тоҷикистон бо чунин бузургию ҳашамат, ки назираш дар дунё нест, дар паҳлуи чапи Қасри Миллат дар баландии 165 метр ҷойгир шуда, баландии худи Парчам 30 метр, дарозӣ ё паҳноияш 60 метр (1800 м. кв.) мебошадДар баробари Парчами давлатӣ, дар замони бостон то ба имрӯз саркардагон, инчунин паҳлавонон низ дорои парчами худ буданд, ки ин парчамҳо инъикосгари ҷанг ва муҳорибаҳои онҳо буданд.

Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки рӯзи 30 августи соли 2011 дар суханронии худ ба муносибати барафрохтани Парчами миллӣ таъкид намуданд, ки «Бояд ҳар фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар аз Парчами миллии худ ифтихор кунанд, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оранд, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон ҳамеша талқин намоянд».

Омӯзиши илмии Парчам ҳамчун унсури сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ имкон медиҳад, ки нақши он дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарбияи ватандӯстии насли наврас амиқтар арзёбӣ гардад. Аз ин рӯ, Парчами давлатӣ на танҳо рамзи сиёсӣ, балки омили муҳими муттаҳидсозандаи ҷомеа ба шумор меравад.

Каримова Зулфия – ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики ДМТ