Бо мақсади арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, маҳорати баланди суханварию сухандонӣ, завқи баланди китобхонӣ, захираи луғавӣ ва қобилияти эҷодии донишҷӯдухтарон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таҳти унвони «Ҳар он кас ки Шоҳномахонӣ кунад…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар он донишҷӯи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Назирова Паринамоҳ ғолиби Шоҳҷоизаи озмун гардида.
Ҳамзамон, магистранти факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ Манижаи Баҳодур бо Сипосномаи озмуни мазкур қадрдонӣ гардид.
Бояд гуфт, ки Озмун дар ду давр, даври якум дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, даври дуюм дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки имрӯз он ҷамъбаст гардид.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки яке аз иқдоми шоиста ва наҷибе, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат тасмим гирифта шуд, ин аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров чун анъанаи шоҳони гузаштаи миллати тоҷик ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон дастур дода шуд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад ва аввалин маротиба дар ӯзи иди бонувон – Рӯзи модар ба бонувони мамлакат тақсим гардид.