РӮНАМОИИ КИТОБИ ИЛМӢ-АДАБӢ БАХШИДА БА МЕРОСИ МУШТАРАКИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ

17

Имрӯз ( 09.02.2026) дар толори Шурои олимони факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими рӯнамоии китоби «Ба олам шоирон соҳибзабонанд», ки аз ҷониби устодони факултет Урватулло Тоиров, Муҳриддин Низовӣ ва Саврия Дурманова таҳия гардидааст, баргузор шуд.

Дар маҳфили илмӣ-адабӣ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоисматов Эргаш Раҳматуллоевич иштирок намуданд.

Дар оғоз декани факултети филологияи Донишгоҳ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ суханронӣ намуда, меҳмонон ва ҳозиринро хайрамақдам гуфтанд ва баргузории чунин ҳамоишҳоро дар таҳкими равобити илмӣ ва фарҳангӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Сипас Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон Шоисматов Эргаш Раҳматуллоевич ба сухан баромада, таъкид намуданд, ки таҳияи чунин китобҳо дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои фарҳангии мардумони тоҷику узбек нақши арзанда дорад.

Баъдан, профессор Муҳриддин Зайниддин Низомӣ муҳтавои китоби омодашударо муаррифӣ намуда, доир ба ҳадаф, сохтор ва аҳамияти илмӣ-адабии он маълумот доданд.

Ҳамчунин, профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷик Бадриддин Мақсудзода иброз доштанд, ки имрӯз зодрӯзи мутафаккири бузург Мир Алишери Навоӣ мебошад ва рӯнамоии чунин китоби фарогир, ки маҷмӯаи байтҳо ва шоҳбайтҳои форсӣ-тоҷикӣ аз асари «Маҷолис-ун-нафоис»-и Алишер Навоиро дар бар мегирад, дар ин рӯз дорои рамзияти хос аст.

Инчунин, профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул зимни суханронии худ аз муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои адабии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ёдовар шуда, ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ин дӯстиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба таъкиди эшон, дӯстии ин ду абармарди адаб имрӯз низ барои таҳкими равобити дӯстона миёни Тоҷикистону Узбекистон ҳамчун заминаи устувор хизмат мекунад.