РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМИЮ ТАЪЛИМӢ

15

Чанде қабл Халмурадов Рустам Ибрагимович – ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба унвони «Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» сарфароз гардид. Ин иқдом дар доираи ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҷиҳати таҳкиму густариши ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ миёни ду кишвар ва ду Донишгоҳ сурат гирифтааст.

Дар робита ба ин ҳамкориҳо, мақолаи декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ дар рӯзномаи «Халқ овози» нашр шудааст, ки ба рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ бахшида шудааст.

Ҳамзамон, мақолаи Халмурадов Рустам Ибрагимович – ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов дар мавзу “Ояндаи миллат дар таълими босифат аст” нашр гардидааст.

Сипос ба масъулини нашрия!