РУШДИ МАОРИФ РУШДИ ДАВЛАТ АСТ!

54

Ҳамасола баҳри шарҳу тавзеҳи Паёми солаонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, инчунин, пешбурди сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ташвиқу тарғиби муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар гурӯҳҳои корӣ аз ҷониби устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ташкил шуда, ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фиристода мешаванд.Бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муҳтарам Насриддинзода Э.С. гурӯҳи кории устодону кормандони Донишгоҳ ташкил шуда, имрӯзҳо баҳри татбиқи ин анъана гурӯҳ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ қарор доранд.

Имрӯз (18.02.2025) гурӯҳи тарғиботӣ таҳти роҳбарии декани факултети филологияи Донишгоҳ, доктори илмҳои филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сафар намуда, бо зумрае аз масъулин ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри мазкур вохӯрӣ намуданд.

Боиси қайд аст, ки бо мусоидати сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, муҳтарам Зиёдулло Абдуллозода ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода суҳбату мулоқотҳо дар муассиаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри мазкур ҷолибу хотирмон гузашданд.

Иттифоқан вохӯрии гурӯҳи таблиғотии Донишгоҳ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри мазкур бо роҳбарияти наздик ба бист муассисаи таълимӣ, масъулини Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Бохтар ва намояндагони бахши иттилоотии шаҳр баргузор шуд.

Машварати корӣ бо мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода дар мавриди пешбурди корҳои таълимиё методӣ, баргузории озмуни шаҳрии “Омӯзгори сол” ва омодагиҳо баҳри ҷалби хатмкунандакон ба МТОК доир шуд. Дар зимн масъалаҳои меҳварии Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илму маориф ва тарбияи мутаҳассисони ба талаботи замон ҷавобгӯй аз ҷониби намояндаи Донишгоҳи миллӣ – С.Эмомалӣ тавзеҳ ёфтанд.

Таъкид шуд, ки соҳаи маориф яке аз мавзуъҳои меҳварӣ дар Паёми Роҳбари давлат ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат таъкид карданд, ки аз рӯзҳои нахустин маорифро самти аз ҳама афзалиятнок ҳисоб мекунанд. Воқеан, дар сурати устувор будани пояҳои маорифи кишвар тамоми самтҳо якбора рушду инкишоф меёбанд. Зеро тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои илму техника, тиб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амсоли инҳо ба соҳаи маориф алоқамандии зич дорад. Бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба тадриҷ боло бурдани маоши вазифавии омӯзгорони зинаҳои гуногуни таҳсилот гувоҳи дастгириҳои ҳамешагии Роҳбарияти олии мамлакат мебошад.

Дар идомаи мулоқот ҷиҳати ҷалби хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, аз ҷумла ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суханрониҳо шуда, дар самти пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ саҳми роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ назаррас арзёбӣ гардид. Ҷиҳати пешбурди корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба масъулин маълумотномаҳои ДМТ дода шуд.

Т.Иҳромов