СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

17

Мусаллам аст, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаву пурғановати забонҳои дунё маҳсуб ёфта, мансуби хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, гурӯҳи забонҳои ғарбии эронӣ мебошад ва ин забон дар қаламрави ниҳоят паҳно дар гузашта чун забони расмӣ-коргузорӣ амал карда, бо шохаи муҳимми он, яъне забони адабии тоҷикӣ дар тули беш аз ҳазор сол осори зиёди гаронбаҳои илмиву адабӣ, бадеиву таърихӣ офарида шудааст, ки ин навиштаҷот дар хази- наи тамаддуни умумибашарӣ то имрӯз нигоҳ дошта мешаванд. Аз нигоҳи мазмуну мундариҷа осори ба забони адабии тоҷикӣ таълифёфта хеле пурмазмун буда, аз ҷиҳати фарогири мавзуъ мухталифанд.

Тавре маълум аст, забони адабии тоҷикӣ то солҳои 20-уми асри ХХ забони давлативу коргузории қаламрави Варазрӯди таърихӣ (Мовароуннаҳр ё Осиёи Марказӣ) маҳсуб меёфт ва вазифаи иҷтимоии он бештар ба назар мерасид. Дар замони собиқ шуравӣ то андозае манзалати забони тоҷикӣ ҳам дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам дар минтақа коҳиш ёфта, вале пас аз соҳибистиқлол гардидани кишварамон манзалату шаҳомати он батадриҷ афзун мегардад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки воқеан, ҳоло забони адабии тоҷикӣ ҳамаҷониба аз ҳар ҷиҳат рушд менамояд, ки онро метавон яке аз дастовардҳои бузург ва меваҳои ширини замони истиқлол арзёбӣ кард. Месазад бо ифтихор зикр намуд, ки барои тавсеаву омӯзиши мукаммали забони адабии тоҷикӣ, ки аз забонҳои пурғановаттарини дунё маҳсуб меёбад, ягон сади чинӣ аз сатҳи поён то мақомоти олӣ вуҷуд надорад, зеро дар Конститутсияи мамлакатамон бо ҳарф- ҳои зарҳал мақоми забони тоҷикӣ дар моддаи 2 ба сифати забони давлатӣ навишта шуда, забони тоҷикӣ дар ҳимояву паноҳи давлату ҳукумат қарор дорад.

Инчунин сиёсати хирадмандонаи Сарвари маҳбуби кишварамон, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони давлатӣ, ки ҳам дар назария ва ҳам дар амалия инъикос мегардад, боз ба ҳимояву густариши он дучанд имконият зам мегардад.

Агар замони чун забони давлатӣ амал кардани забони адабии тоҷикиро дар муддати 34 соли даврони соҳибистиқлолӣ аз назар гузаронем, чунин аст:

1.Барои фаъолияти пайвастаи забони давлатӣ дар қаламрави кишварамон ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чи дохилӣ ва чи байналмилалӣ таҳия гардида, ҷанбаҳои ҳуқуқии амалкарди он нишон дода шуда, забони адабии тоҷикӣ дар ин муддат чун забони давлатӣ дар хидмати ҳамаи қишрҳои ҷомеа қарор гириф- тааст.

2. Дар мактабҳои таҳсилотаташон ғайритоҷикӣ дарси забони давлатӣ ҷорӣ ва китоби дарсии «Забони давлатӣ» аз синфи 2 то синфи 11 таҳия ва дар хидмати хонандагон қарор дорад.

3. Дар замони соҳибистиқлолӣ ҳар чор услуби хаттии забони адабии тоҷикӣ, яъне услубҳои илмӣ, бадеӣ, рӯзноманигорӣ ва коргузорӣ , хеле фаъол гардида, ҳаматарафа рушду такомул ёфта, махсусан, забони коргузорӣ, ки пештар қариб ба забони адабии тоҷикӣ сурат намегирифт, хеле инкишоф ёфта, корбарӣ ё ҳуҷҷатгузорӣ дар ҳамаи корхонаву иншоотҳои давлатӣ, хусусӣ, фермерӣ, тиҷоратӣ ва монанди инҳо ба забони давлатӣ сурат мегирад.

4.Дар забоншиносӣ баҳри омӯхтани ҷанбаҳои гуногуни фарҳангу таърих ва расму оин аз нигоҳи забонӣ шохаҳои зиёде, чун: забоншиносии иҷтимоӣ (сосиалингвистика), забоншиносии мардумӣ (этнолингвистика), забоншиносии равонӣ (психолингвистика), забоншиносии ҳуқуқӣ (юристлингвистика), забон- шиносии мантиқӣ ва монанди инҳо шакл гирифта, муҳаққиқон дар ин самт корҳои илмиро сурат бахшида истодаанд.

5.Забони илм дар замони соҳибистиқлолӣ забони давлатӣ қарор дода шуд, ки ин далолат бар он мекунад, ки забони давлатии мо барои пешбурду корҳои таҳқиқотӣ устувору муқтадир бошад. Барои амали гардидани ин кори хайр таъсиси КОА-и миллӣ, ки барои таҳияи рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ бартарӣ додааст, ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки бо ин забон дар тули таърих осори зиёди илмӣ, таърихӣ, ҷуғрофӣ ва адабиву бадеӣ навишта шудааст, ки ин осор дар хазинаи тамаддуни башарӣ ҷойгоҳи муҳимро касб кардааст.

6. Забони сиёсат, иқтисод, ҳуқуқ дар замони соҳибистиқлолӣ забони давлатӣ муайян карда шуд ва ҳоло бо ин забон ҳамаи ҷаласаву нишастҳои сиёсӣ, мурофиаҳои судӣ, ҳамоишҳои фарҳангӣ ва монанди инҳо сурат мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронияшон зикр намуданд, ки «Забони тоҷикӣ имрӯз ба забони илму фарҳанг табдил ёфта, чорабиниҳои илмӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд, олимони мо асарҳо ва мақолаҳояшонро бо риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ таҳия карда, ҷиҳати инкишофи забон сайъу кӯшиши зиёд менамоянд. Мо бояд минбаъд низ ба масъалаи рушди меъёрҳои забони давлатиамон эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳем ва ба ин хотир мутахассисони забоншиносу суханшиносро зарур аст, ки ҷиҳати такмил додани қоидаҳои забони тоҷикӣ, риояи асолати меъёрии он тадбирҳои судманд андешанд ва дар тарғибу ташвиқи ин забони хушоҳанги руҳнавоз ҳиссаи ватандӯстона гузоранд».

7. Барои муайян кардани таркиби пурғановати забони давлатӣ ва дастраси умум гардонидани захираҳои луғавии он фарҳангу луғатҳои зиёди тафсирӣ, соҳавӣ, дузабонаву сезабона ва монанди инҳо нашр гардида, теъдоди фарҳангҳо дар замони соҳибистиқлолӣ хеле афзун гардид ва аз ин ҷост, ки қариб соҳае нест, ки луғат надошта бошад.

8.Истифодаи забони давлатӣ дар технологияи муосир маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ сурат гирифта, пайкараи забони тоҷикӣ тавассути бар- номаҳои технологӣ ва иттилоотрасонӣ таҳия гардида, фарогири беш аз 4 млн воҳиди луғавӣ аст ва дар хидмати мардум қарор дорад. Инчунин, забони барномаҳои технологияи муосир забони тоҷикӣ қарор гирифта, барномарезӣ ва гузоришҳо бо ин забон сурат мегиранд.

9. Дар номгузорӣ (ҳам номи одамон ва ҳам номи мавзеъҳо) дар замони соҳибистиқлолӣ забони давлатӣ хеле фаъол буда, то имрӯз номҳои зиёди ғайритоҷикиву ғайримеъёрӣ ба муқаррароти забони давлатӣ мутобиқ гардонида шудааст. Дар ивазу тағйирдиҳии ҷойномҳои кишварҳои ҳамсоя низ хазинаи забони тоҷикӣ созгор буда, бештари ҷойномҳои ин кишварҳо мансуб ба за забони тоҷикӣ аст.

10. Забони давлатии мо маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ шунида мешавад, ки ин амал, махсусан, ба воситаи суханрониҳои Президенти маҳбуби кишварамон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.

11. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ба забони давлатӣ имконияти васеъ фароҳам оварда шуд, ки дар истилоҳпазирӣ, истилоҳсозӣ ва ҳамгуни истилоҳҳо дар ҳама соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ ба комёбӣ ноил гардем. Бояд гуфт, ки дар ин самт дар ҳама соҳа истилоҳсозиву истилоҳпазирии забони давлатӣ хеле самаранок ба назар мерасанд.

12. Дар замони муосир низ нақши забони давлатӣ, яъне забони адабии тоҷикӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ чашмгир аст. Зеро дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ давлатҳои миллӣ падид омада, забони коргузории онҳо забони қавмҳое, ки номи ҷумҳуриҳо бо номи онҳо ёд мешавад, эътироф гардидаанд ва барои такмили таркиби луғавии ин забонҳо соҳибонашон аз хазинаи забони адабии тоҷикӣ самаранок истифода мебаранд.

13.Дар гузоштани номҳои ашхос ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ аз таркиби луғавии забони форсӣ дар ин муддат басо фаровон истифода менамоянд: Остона (пойтахти нави Қазоқистон), гул, дил, меҳр, ноз, нигор, навоз (вандҳои номсоз – Сафаргул, Гулнор; Дилноз, Дилбар, Дилрабо; Меҳроб, Меҳрангез, Меҳрубон; Нозгул, Нозук, Меҳрнигор, Дилнавоз, Зарнигор, Дилнигор…), обод (Янгиобод, Навобод, Хонобод…), рӯд (Чағонрӯд, Кешрӯд…), дарё (Оқдарё, Қашқадарё, Амударё, Сурхондарё, Кичикдарё, Яккабоғдарё, Сирдарё, Тангиҳарамдарё…), хона (Сартарошхона, Анборхона, Омонхона, Қассобхона, Молхона, Говхона…) ва монанди инҳо вожаҳои форсии тоҷикӣ чун анҷомаҳои номгузории тоҷикӣ ҳам дар шаклгирии номҳои одамон ва ҳам дар шаклгирии номвожаҳои ҷуғрофию маконҳои муайян хеле фаровон корбаст мегарданд;

14. Дар робита ба ҳамин боз илова кард, ки омӯзиши забони давлатӣ аз ҷониби хориҷиён дар замони соҳибистиқлолӣ хеле тавсеа меёбад ва тавассути марказҳои омӯзиши забонҳои донишкадаву донишгоҳҳо ва марказҳои забономӯзии хусусӣ миқдори зиёди хориҷиён пайваста руҷуъ ба забони давлатии кишвари мо кардаанд.

15. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо воситаи забони давлатӣ таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ барои инъикоси дастовардҳои кишвар ва роҳбарони он, тасвирӣ барои хурдсолон ва бадеӣ хеле назаррас аст. Инчунин дар ин самт тарҷумаи филмҳо ва овоздиҳии ҳунармандон (дубляж) ба забони давлатӣ дар он хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

Бояд гуфт, ки дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро нисбат ба забони давлатӣ метавон идома дод, вале бо ҳамин бандҳо иктифо менамоему чанд андешаву тавсияҳоро барои боз ҳам такмилу тавсеа ёфтани забони давлатӣ дар ҷомеаи муосирамон баён медорем:

1. Ба назари мо, дар корҳои таҳқиқотии соҳаи фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқу иқтисодӣ забони давлатӣ ба таври бояду шояд истифода намегардад. Моро лозим аст, ки ҳар чи бештар кӯшиш кунем, ки забони давлатӣ дар ин самт низ амиқтар роҳ ёбад.

2. Матнҳои дарсҳои назариявӣ, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ дар мактабҳои олӣ бештар бо забони давлатӣ таҳия гардад, нуран алонур мешавад.

3. Дар истифодаи истилоҳи соҳавӣ бештар ба хазинаи забони давлатӣ рӯ оварем ва аз хазинаву имконоти мавҷудаи забони давлатӣ истилоҳҳои мувофиқу меъёрбоб таҳия намоем.

4. Дар тарҷумаи маводи зарурии таълимӣ диққати ҷиддӣ диҳем, то ки вақти хондани он донишҷӯёни мо онро ҳамчун моли забони давлатӣ қабул кунанд, на моли забони бегона.

5.Забони ВАО, ба истиснои ВАО-и давлатӣ қобили писанди умум нест. Бинобар ин, масъулонро зарур аст, ки барои такмилу мутобиқгардонии матни нашрияҳояшон ба риояи меъёрҳои забони давлатӣ бикӯшанд.

6. Дар айни ҳол забони давлатии мо дар шакли хаттӣ басо суфтаву равон ва хушбаён ифода меёбад ва рисолати худро дар ҷомеаи Тоҷикистони муосир иҷро мекунад. Вале забони адабии гуфтугӯйи мо дар айни ҳол ниёз ба ғамхории ҷиддӣ дорад. Барои рушди ин шохаи забони адабии тоҷикӣ ҳамаи мо вазифадорем, ки дар истифодаи он ниҳоят эҳтиёткор бошем.

7. Забони овезаву таблиғотӣ дар хиёбону кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳо таҳрири ҷиддӣ мехоҳад.

8. Забони тарҷумаи филмҳои тасвирӣ барои хурдсолон то андозае таҳрир мехоҳад.

9. Забони китобҳои дарсии мактабҳои таҳсилоташон умумӣ таҷдиди назар мехоҳад. Зеро маводи дар он ҷо дода шуда то андозае душворфаҳму мураккаб ё ба муқаррарот ҷавобгӯ нест.

10. Нақши забони давлатӣ дар такомулу рушди таркиби луғавии забонҳои минтақа омӯхта шавад. Чунки маводи забонии зиёди забони давлатии мо дар таркиби луғавии забонҳои дигари минтақа ва ҳатто ҷаҳон хидмат мекунад.

Ҳамин тавр, дар замони соҳибистиқлолӣ забони адабии тоҷикӣ чун забони давлатӣ пайваста рушду такомул ёфта, ба дараҷаи эҳтиёҷбарори давлату мардумамон табдил ёфт. Бошад, ки ҳамин эҳтиёҷбарорӣ ҳамеша бошаду забони давлатии мо аз ин ҳам муқтадир гардида, гуфтори ширинии он ҳамеша танинандоз гардад. Зиҳӣ забони давлатӣ, поянда бод Тоҷикистони соҳибистиқ- лол ва муҳофизи забони давлатӣ. Тавре шоире фармудааст:

Чу шеъри Рӯдакӣ зебост,

Чу мусиқӣ фараафзост,

Дар олам аз ҳама ширин,

Забони модарии мост.

Хирадманд бошу беозор бош,

Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.

Д. Ҳомидзода,профессори кафедраи таърихи забонва типологияи ДМТ