Имрӯз (20.11.2023) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Хирадманд» бахшида ба 85-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир баргузор гардид. Дар маҳфил хоҳари шоири маҳбуб Б.Собирова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов ва дӯсторони илму фарҳанг иштирок намуданд.
Декани факултети филологияи донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ зимни сухани муқаддимавии хеш иброз дошт, ки ҳамасола дар кишвари азизи мо дар баробари баргузории чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ ҳамзамон маҳфилу конференсияҳое доир мешаванд, ки характери фарҳангию адабӣ доранд. Аз қабили конференсияҳо бахшида ба ёди устод Садриддин Айнӣ дар моҳи апрел, Рӯзи шеъри устод Турсунзода, Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ дар моҳи май, Рӯзи Рӯдакию Мавлоно дар моҳи сентябар ва амсоли ин, ки ҳамаи ин аз сиёсати фарҳангпарваронаи давлат ва ҳукумати мо гувоҳӣ медиҳанд. Маҳфили имрӯзаи мо ба зодрӯзи устод Бозор Собир рост омадааст ва мо онро «Рӯзи шеъри Бозор Собир» ном гузоштаем.
Сипас тариқи телевизиони саҳнавӣ порча аз барномаи телевизиони “Президенти мардумӣ” намоиш дода шуд, ки дар он мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо шоири маҳбуб Бозор Собир ва андешаҳои ӯ дар боби ваҳдати миллӣ ҷойгир шуда буд.
Баъд аз тамошои порчаи барномаи тарбиявӣ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. суханронӣ намуд. Дар оғоз иштироки меҳмононро ба маҳфили ширу шакар хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Бозор Собир 61 сол муқаддам факултети таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм намуда, чанд муддат тарҷумони мутахассисони собиқ Шуравӣ дар Афғонистон буд. Сипас мудирии шуъбаҳои назми рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва маҷаллаи «Садои Шарқ», солҳои зиёде мушовири назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуда кор кардааст.
Фаъолияти эҷодии Бозор Собир аввали солҳои шастум оғоз ёфт ва солҳои ҳафтодуми садаи гузашта чун шоири шеърҳои ватандӯстона ва лирик шуҳрат ёфтааст.
Барои хидматҳои бузургаш дар ривоҷу равнақи адабиёт ва саҳмаш дар ҳаёти ҷомеа соли 2013 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Ситораи Президент» мушарраф гардид.
Бозор Собир 1-уми майи соли 2018 дар шаҳри Сиэтли штати Вашингтони Америка аз олам даргузашт. Бо дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наъши покаш ба Душанбе оварда, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд.
“Ашъори устод Бозор Собир ҳамавақт диққату таваҷҷуҳи адабиётшиносону мунаққидонро бо худ ҷалб карда буд, ки имрӯзҳо ҳам бисёри олимону ноқидон эҷодиёти ӯро қадр мекунанд ва ҳамеша баҳои баланд медиҳанд. Ҳамчун шоири забардасту мумтоз ном баровардани Бозор Собир ҳодисаи фавқуллода ва сунъӣ набуда, балки натиҷаи заҳмати бисёрсолаи шоир дар такомулу ташаккули пешаи интихобкардаи ӯст. Симои шоиронаи ӯ ҳамеша равшан, хосса ва дар миёни ҳамқаламони худ нотакрор аст. Бозор Собир ҳеҷ гоҳ ба пургӯӣ, муғлақбаёнӣ, иборапардозӣ, сароидани шеърҳои беҳадаф ва аз ин миқдор чоп кунонидан ва ба хонандагон пешкаш кардани ҷилд – ҷилд китобҳои хомро пешаи эҷодии худ қарор надодааст. Ӯ ба ин тоифа шоирон нафрати беандоза дорад. Шеъри Бозор Собир ифодагари афкору эҳсоси бедортарин афроди ҷомеаи мо буд, ҳаст ва мемонад. Иҷтимоияти ашъори ӯ дар он аст, ки ҳамеша ҳақиқати зиндагӣ, дарду омоли мардумро ифода мекунад. Суханаш аз қолабҳо берун ва ҳамеша ба инъикоси воқеият мепардозад. Ашъори дар замони Шуравӣ эҷодкардааш ҳам чунин вижагиро дорад”, – иброз дошт ректори донишгоҳ.
Дар фарҷоми сухан ректори донишгоҳ иттилоъ дод, ки Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо қарори шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Бозор Собир дар пояи кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология ҳамасола дар рӯзи 20 – уми ноябр маҳфили илмию адабии «Рӯзи шеъри Бозор Собир»-ро таъсис диҳад.
Дар идомаи маҳфил устоди факултети филология, дотсент Шарифзода Боймурод дар боби шинохти шеъри Бозор Собир ва хотироташ бо ӯ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Бозор Собир аз ибтидои солҳои ҳафтодуми садаи бистум то соли 2013 17 маҷмуаи ашъори худро мунташир намуда, пешкаши хонандагон кардааст. Тавре муҳаққиқону суханшиносон зикр кардаанд, шеърҳои «Тоҷикистон», «Забони модарӣ», «Бухоро», «Аҳмади Дониш», «Айнӣ», «Шоиру шеъре агар ҳаст», «Девори Бухоро», «Теғи Сино» ва бисёр шеърҳои дигараш бо нигоҳи тозаву амиқ, ваҷду эҳсоси шоирӣ ва меҳри ватандорию ҷасорати шаҳрвандӣ эҷод шуда, саҳифаҳои пурифтихору фоҷиавии таърихи миллати моро бозгӯ кардаанд ва дар тарбияи наслҳои гуногуни хонандагон дар руҳи худогоҳию худшиносӣ ва парвариши завқи суханфаҳмию шеърдонии онҳо мусоидат намудаанд.
Дар ҳамаи маҷмуаҳои ашъораш тасвирпардозиҳои бесобиқа, тозагии забону баён мусиқии дилнавоз ва дар маҷмуъ ҳунари волои суханварӣ ба мушоҳида мерасанд. Ҳамин фазилатҳои суханварии ӯ буд, ки соли 1988 барои маҷмуаи «Бо чамидан, бо чашидан» барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид.
Дар идомаи маҳфил ҳунарпеша Ортиқ Қодир шеъри “Забони тоҷикӣ”-и Бозор Собирро қироат намуд. Ҳамзамон, хоҳари шоири маҳбуб Б.Собирова аз хотироти бародараш Бозор Собир қисса намуд.
Маҳфилро сурудҳо аз ашъори Бозор Собир дар хониши С. Билолов ва қироати шеърҳо аз ҷониби донишҷӯёни факултети филологияи ДМТ гарму хотирмон намуд.