ВАҲДАТ – ПОЯИ ДАВЛАТ, РАМЗИ МИЛЛАТ

2

Имсол аз қабул ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 28 сол пур мешавад. Ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, зеро маҳз ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштаанд: “Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо эъломияи Тоҷикистон дар як радиф меистад.

Агар эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт”.

Ваҳдати миллат дар ин айём шарти аввал аст,

Панҷ панҷа як шавад, мушти тавоно мешавад!

Агар истиқлолият ба мардум умеди озодиву оромӣ дода бошад, ваҳдат умеди зиндагӣ, сарсабзӣ ва рушду нумуро дод. Маҳз самараи истиқлолу ваҳдати миллӣ аст, ки дар ҷумҳуриамон осудагиву оромӣ ҳукмрон аст. Мо бояд ба қадри ин неъматҳои бузург бирасем ва ба он арҷ гузорем. Миллати тоҷик, ки соҳиби фарҳанги пурғановат ва бой мебошад, ҳар як фарзанди бонангу номуси онро месазад, ки аз таъриху гузаштагони худ ифтихор намояд ва ватани худро дӯст дошта, дар пойдории сулҳу ваҳдату истиқлол саҳми арзандаи худро гузорад.

Бо шарофати сулҳу субот ва ваҳдат мо тавонистем, ки дар баробари эҳёи давлатдории тоҷикон, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон нуфузу эътибори онро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи бесобиқа баланд бардорем.

Шукр, к-андар кишварам паймуда шуд паймони Ваҳдат,

Марди майдонӣ, биё, имрӯз бар майдони Ваҳдат.

Рустами Зол аст фахри сарзамини Ориёно,

Садри мо, бешубҳа, бошад Рустами Дастони Ваҳдат.

Донаи Ваҳдат нумӯ дорад ба мулки Тоҷикистон,

Сабз бодо дар замини қалби миллат дони Ваҳдат.

Бори Ваҳдат ҳаст бар дӯши хирадмандони кишвар,

Эй Худо, бодо нигаҳбони нигаҳбонони Ваҳдат.

Ба даст овардани сулҳ яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории Пешвои миллат аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар берун аз он мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифтаст. Ин таҷрибаи таърихӣ ба Ватан-ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун модели нодири сулҳофаринӣ эътироф гардид.

Имрӯз насли ҷавони кишварро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – Ваҳдати миллиро пос доранд, ба қадри он расанд ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар гаштаву ҳамеша ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд. Зеро:

Ваҳдат аст, ин шӯҳрату шони Ваҳдат,

Қудрату имкону имони Ватан.

Ваҳдат аст, имрӯзи мо, фардои мо,

Сарбаландию сари болои мо.

Ваҳдат аст, ин хони пурнони Ватан,

Ваҳдат аст, имрӯзҳо ҷони Ватан.

Зинда бош, эй халқи Ваҳдатофарин;

Эй забардастони бар дилҳо қарин.

Пок бодо, хоки тоҷик аз нифоқ,

Иттифоқу иттифоқу иттифоқ!

Пас, дар хотир бояд дошт, ки сулҳу субот дар умум Ваҳдати миллӣ муқаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рамзу шарафи номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Комилҷон Латипов,устоди кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи ДМТ