ВОХӮРӢ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН

10

Дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳ ва садорати факултети филология имрӯз (25.10.2025) ҷиҳати густариш додани равобити волидайни донишҷӯён бо Донишгоҳ вохурӣ бо волидайни донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик багузор гардид.

Дар вохӯрӣ Файзигул Юсуфзода – волидайн ва намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Декани факултет, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ волидайнонро барои ташрифашон ба боргоҳи илму маърифат изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки садорати факултет пайваста кӯшиш менамояд бо волидайни донишҷӯёни факултет чунин вохӯриҳоро ба роҳ монда, аз рафтору кирдори донишҷӯён волидайнро огоҳ намояд.

Дар идомаи суханронӣ аз бандҳои гуногуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ёдовар шуда, таъкид дошт, ки ояндаи миллат аз таълиму тарбияи дурусти ҷавонону наврасон вобаста аст. Гуфта шуд, ки раванди ҳамкориҳои волидайн бо Донишгоҳ бояд мустаҳкам гардида, пайваста ҷараён дошта бошад. Волидон дар баробари Донишгоҳ вазифадоранд, ки дар тарбияи фарзандонашон, пеш аз ҳама, масъулиятшинос бошанд, зеро тарбия аз оила сар шуда, дар Донишгоҳ сайқал меëбад.

Намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим зимнан дар бораи нақши муҳимми оила дар тарбияи маънавии ҷавонон, ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон, риояи арзишҳои миллӣ ва зарурати риояи одобу ахлоқ ва эҳтироми калонсолон суханронӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки волидайн бояд намунаи ибрат бошанд, фарзандонашонро ба меҳнатдӯстӣ, эҳтироми калонсолон ва худшиносии миллӣ тарбия намоянд.

Ҳамзамон, аз волидайн даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи таълиму тарбияи фарзандон, боло бурдани сатҳи маърифатнокии онҳо, таъмини иштироки фаъолонаи фарзандон дар дарсҳо ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ, фарҳангӣ, тарбияи фарзанд дар руҳияи худшиносии миллӣ, меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои Истиқлоли давлатӣ саҳмгузор бошанд.

Дар идома Ҷаъфарзода Илҳом – раиси шурои кураторони Донишгоҳ ва Нуриддинзода Раҳматулло – сарпарасти факултети филология сухан намуда, иброз доштанд, ки мақсади баргузории чунин вохӯриҳо барои густариши ҳамкориҳои волидайн бо Донишгоҳ, таъмини иштироки донишҷӯён дар ҳаёти ҷамъиятии факултет ва Донишгоҳ, тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи худшиносии миллӣ, меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ кори муфиду самаранок мебошад.