ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК

108

Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо занону бонувони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз вохӯрии навбатӣ бо донишҷӯдухтарони факултети филологияи тоҷик баргузор гардид.

Дар ин мулоқот намояндагони бахши кор бо занону бонувон, роҳбарияти факултет, устодони собиқадор ва донишҷӯён иштирок намуданд. Ҳадафи асосии баргузории вохӯрӣ баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, фарҳанги оиладорӣ ва риояи одоби донишҷӯӣ мебошад.