ЗАБОН – РУКНИ МУҲИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

14

Имрӯз (02.10.2025) дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмию амалӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар мавзуи “Забон-рукни муҳимми давлатдории миллӣ” баргузор гардид.

Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бо сухани ифтитоҳии декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз ёфт. Қайд гардид, ки масъалаи ҳифзи забон ва арҷгузорӣ ба волоияти он аз умдатарин омилҳое маҳсуб меёбад, ки аз меҳру муҳаббат ва дӯст доштани он аз ҷониби соҳибзабонон сарчашма мегирад. Ҳар фарди ҷомеа, новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, ҳангоми суханронӣ аз ин сарвати сарвати бебаҳо бояд чунон истифода барад, ки сомеъ аз гуфтори ӯ як ҷаҳон маънӣ бардорад. Зеро забонро беҳуда воситаи муҳимми мубодилаи афкор дар ҷоема нашумурдаанд. Чунончи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” қайд намудаанд, “Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеа ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад.”

Профессори кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филология Шаҳбоз Кабиров вобаста ба мавзуи “Назаре ба раванди бадалшавии забони тоҷики аз сохтори флективӣ ба сохтори аналитикӣ” баромад намуд.

Ҳамзамон, чанде аз устодон дар робита ба мавзуҳои мубрами забони тоҷикӣ суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Он оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

Дар ҷамъбаст аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо қироат шуд.