ЗАБОН ВА ҲИФЗИ АСОЛАТИ ОН

404

Забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст. Ифтихори ватандӯстӣ аз доштани таърихи забон ва фарҳанги воло сарчашма мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавии фарҳангу тамаддунҳо мавҷуд набудани омилҳои асосие, ки арзишҳои миллиро пайванд ва пуштибонӣ менамоянд, боис бар он мегардад, ки ин ё он унсури фарҳанги миллӣ дер намепояд ва хатари ҳалокаташ вуҷуд дорад.

Аз ин фарзияи исботшуда забони миллӣ низ дар канор набуда, ҳифзу ҳимояти он, ба андешаи мо, вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва соҳибони забон бояд бошад. Забони тоҷикии мо, ки имрӯз дар маснади забони расмиву давлатӣ ва қонунгузориву муошират қарор дорад, дар ҳеҷ давру замон аз чунин таҳдиди иҷтимоӣ дар канор набудааст. Он ҳамеша дар рӯёрӯйи тазйиқу фишорҳои забону фарҳангҳои бегона қарор дошт ва имрӯз низ чунин таъсиррасониҳо ба таври чашмрас мушоҳида мешаванд. Бо вуҷуди ин, он ҳамеша муҳимтарин василаи шинохту мавҷудият ва пойдории миллати тоҷик дар паҳнои таъриху ҷаҳони муосир ба шумор рафта, имрӯз низ ин масъулиятро беш аз ҳарвақта иҷро намуда истодааст. Бояд ёдовар шавем, ки забони тоҷикӣ алоқамандона бо таъриху фарҳанг ва ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардуми тоҷик рушд ёфта, ба авҷи камолоти имрӯзааш расидааст.

Он бузургтарин ёдгорӣ ва арзиши фарҳангие мебошад, ки аз ниёгони баруманди мо мерос монда, ҳифз намудани он вазифаи ҳар яки мо – соҳибзабонону меросбарони забони гуҳарбори тоҷикӣ мебошад. Пойдории забон, бешак, кафили мавҷудият ва устувории давлату миллати тоҷик буда, маҳз ба туфайли он мо метавонем дастовардҳои илмию фарҳангии худро муаррифӣ намуда, ба наслҳои баъдӣ мерос гузорем.

Пӯшида нест, ки ҳар як арзиши фарҳангӣ ба пуштибонии махсус ниёз дорад ва танҳо дар заминаи мавҷудияти чунин назорати пайваста рушди босуботи он таъмин карда мешавад. Забон, ки дар ин миён ҳамчун унсури муҳимми фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад, аз чунин фарзияи собитшуда истисно нест. Бо вуҷуди он ки забон муҳимтарин воситаи мухобираи миёни инсонҳо ва василаи шинохту пойдории ҳар як халқу миллат ба шумор меравад, вале неруи мустақили худмуҳофизатии он бе назорати ҷиддӣ заиф ва осебпазир аст. Метавон онро ба тифли ширхораву нотавоне шабоҳат дод, ки ҷиҳати парвариш ва тавонманд гардидан ниёз ба домони нозпарвари модар дорад. Забон бевосита силоҳ ва ё василаи пурқудрате надорад, ки дар муқобили таҳдиду хатарҳо бевосита истодагарӣ карда, аз худ дифоъ ва мавҷудияти минбаъдаи худро таъмин намояд. Онро мо ҳамчун омил ва воситаи муттаҳидкунандаи миллат медонем, ки инъикоскунандаи мафонеъ, дастовард ва ҳувияти миллӣ мебошад. То даме, ки забон ҳаст, ғуруру саодати миллат побарҷост, то замоне, ки забон вуҷуд дорад, руҳи ниёгон дар фазои ватан, сарзамин ва хонадони ҳар як соҳибзабон зинда ҳаст. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки ҳофизу нигоҳдорандаи забон бошем ва нагузорем, то омиле ба ҳастиву асолати он таҳдид намояд.

Имрӯз дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, раванди бошитоби ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва торафт ҷанбаи хашин гирифтани танишҳои сиёсиву мазҳабӣ забон ҳамчун омили муҳимми сиёсию идеологӣ маҳсуб меёбад. Пӯшида нест, ки барои таблиғи забону фарҳанги худ ва ба ин васила танг ва заъиф намудани мавқеи забонҳои миллӣ ва нисбатан камнуфуз абарқудратҳо ҳамасола сармояҳои ҳангуфтеро харҷ менамоянд.

Ин раванд нуфузи забонҳои миллиро торафт коста гардонда, хавфи аз байн рафтани онҳоро дар ояндаи начандон дур ба вуҷуд меорад.

Забони тоҷикӣ низ ба ҳайси забони таъсирпазир аз ин хатарҳо эмин нест ва бояд ба ҳифзи асолати он беш аз ҳарвақта таваҷҷуҳ карда шавад. Агар аз даричаи қарни рафтаистода ба таърихи начандон дур назари иҷмолӣ андозем, бо сароҳат хоҳем дарёфт, ки забони тоҷикӣ дар дарозои таърих маҳдудиятҳои зиёди қавмиву фарҳангиро аз сар гузаронидааст ва бо вуҷуди ин тавонистааст ҳар замон ба сифати унсури муҳимми баҳамоварандаи миллат аз худ дарак диҳад. Бо камоли масъулият метавон гуфт, ки ягона арзиши миллие, ки муддати зиёда аз ҳазор сол тавонист миллати тоҷикро аз фаношавӣ раҳоӣ бахшад, ин забони ноби тоҷикӣ мебошад.

Забони тоҷикӣ дар ҳама давру замонҳо муаррифгари таъриху тамаддун ва фарҳангу ҳаёти иҷтимоии миллати тоҷик буд ва чунин афзалияти онро мо ба чанд омиле нисбат медиҳем, ки маҳз онҳо ба рушду густариши забон дар давраҳои муайяни таърихӣ сабаб шуда, онро аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшидаанд:

Аввалан, ҳокимони давраҳои гуногун аксаран намояндагони қавму қабилаҳое буданд, ки ҳаёти бодиянишинӣ дошта, таърих ва таҷрибаи давлатдорӣ надоштанд, идораи давлат барои онҳо кори саҳлу осон набуд. Аз ҷониби дигар, онҳо пайхас менамуданд, ки давлатдорӣ ва идора кардани мардум бе донишмандону мушовирон ва вазирону ҳокимони бохираду ботаҷриба ғайри имкон аст. Дарк менамуданд, ки барои бақои давлату салтанат мушовирони бофаҳму вазирону ҳокимони ботадбир лозиманд ва онҳо дар устуворӣ ва низоми давлатдорӣ нақши калидӣ доранд. Ин аввалин ниёзе буд, ки шоҳону ҳукуматдоронро маҷбур кард, то барои рафъи ин мушкилот ногузир ба мардуми тоҷикзабон рӯ оранд ва аз донишу таҷрибаи васеи давлатдории онҳо ҷиҳати таҳкими пояҳои давлатдории худ истифода намоянд. Омилҳо ва эҳтиёҷоти зикршударо метавон сабаби асосии нуфузи забони тоҷикӣ дар дарбор ва давлатдории ҳокимони сулолаҳои турку муғул дар сарзаминҳои таърихии тоҷикон номид.

Сониян, низоми давлатдорӣ ва девони вазирон баъди аз байн рафтани давлати Сомониён ҳам сохтори давлатдории мардуми эронитабор буд. Сулолаҳои ҳукмрон бо истифода аз донишу таҷрибаи мардуми эронитабор дар ҳокимияти худ низоми қадимаи давлатдории эрониёнро барқарор намуда, иқтидори зеҳниву сиёсии худро тақвият бахшиданд. Маълум аст, ки бунёди давлат дар асоси низоми давлатдори миллати дигар бидуни истифодаи вожаю истилоҳот ва забони он ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ин омиле буд, ки нуфузи забони тоҷикиро дар дарбори сулолаҳои ҳукмрони турку муғул нигоҳ дошт.

Зимомдорони давр пас аз ташкил намудани ҳайати мушовирону вазирон аз ҳисоби афроди донишманду ботадбир бо машварати онҳо амал намуда, батадриҷ ҳис менамуданд, ки пешрафти илму ҳунар ва ба ин васила беҳтар намудани шароити зиндагии халқ аз муҳимтарин роҳҳои таъмини осоиштагии мардум ва давлат мебошад. Дар натиҷа онҳо дар садади ҷалб намудани донишмандон ба дарбори худ шуда, барои рушду тараққӣ додани илму фарҳанг ва ҳунар шароити мусоид фароҳам менамуданд. Аз ин рӯ, кулли донишмандон дар замони Хилофати Араб ва пас аз он дар замони салтанати қавмҳои туркнажод мардуми эронитабор буданд ва забони форсию тоҷикӣ пас аз забони арабӣ дар ин қаламрав забони илму муошират ба ҳисоб мерафт. Он воситае буд, ки мардуми бумӣ аксаран эҳтиёҷоти иҷтимоии худро ба воситаи он бароварда месохтанд ва болотар аз ин, асарҳои илмиву бадеӣ маҳз бо ин забон таълиф мегардиданд. Забонҳои арабиву туркӣ танҳо дар муҳити дарбор истифода мешуданд ва ҳамеша бо забони тоҷикии миёни омма роиҷ дар ҳоли бархурди нобаробар буданд. Таъсирпазирии бештари забони мо низ аз ин забонҳо маҳз ба ҳамин паҳлуи масъала иртибот дорад.

Омили дигаре, ки ба нуфузу пойдории забони тоҷикӣ тақвият бахшид, ин буд, ки сокинони аксари шаҳрҳои пешрафтаи Хуросону Мовароуннаҳр то сарҳади Ҳинд мардуми форсизабон буданд ва сарфи назар кардани забон, манфиатҳои иҷтимоӣ ва нуфузи онҳо дар сатҳи давлатдорӣ номумкин буд. Нодида гирифтани арзишҳои ин мардум хавфи сар задани ноамниро то ба ҳадди нест шудани давлату ҳукумат ба вуҷуд меовард. Аз ин ҷиҳат, ҳокимон муносиботи худро маҳз бо мардуми шаҳрнишин ва рустоиҳое мутамарказонида буданд, ки зиндагӣ ва сукунати доимӣ доштанд ва бештар бо забони тоҷикӣ муошират менамуданд. Бар замми ин, аз ҳисоби онҳо барои ҳифзи марзу буми кишвар сарбоз гирифтан мумкин буд. Дар бештари мавридҳо сулолаҳои ҳоким барои муқобилият ва торумор кардани душманони беруна аз чунин мардуми таҳҷоӣ кумак меҷустанд ва муттакои асосии давлат низ ҳамин гурӯҳи одамон буданд.

Ниҳоят, сабаби дигаре, ки ба нуфуз ва густариши забони тоҷикӣ дар замони ҳукмронии сулолаҳои турку муғул мусоидат кард, ин дар шакли лаҳҷаю шеваҳои гуногун мавҷуд будани забони қавму қабилаҳои туркзабон ва вуҷуд надоштани шакли ягонаи забони адабӣ миёни диалектҳои роиҷи он мебошад. Барои аксари мардумони ин сарзамин лаҳҷаҳои забонҳои туркӣ фаҳмо набуданд ва ин боис бар он гардид, ки забони тоҷикӣ ба сифати забони меъёрӣ ва кайҳо шакли ягонаи истеъмолиро соҳиббуда мавриди истифодаи васеъ қарор гирад.

Омилҳои зикршуда дар ҳассостарин лаҳзаҳои таърихӣ тавонистанд забони тоҷикиро ба ҳайси унсури муҳимми фарҳангӣ ҳифз намоянд, густариш диҳанд ва ба ҳолати имрӯзааш оварда расонанд. Албатта, дар ин ҷараён нақши адибони гузаштаро наметавон сарфи назар намуд, зеро маҳз ба тавассути нигоштаҳои онҳо забон тавонист ҷони тоза гирад, қомат рост кунад ва рисолати хешро дар назди миллату давлат комилан иҷро намояд.

Маҳз онҳо буданд, ки аз таҳримҳои сиёсиву иҷтимоӣ наҳаросида, ҷон ба каф гирифта, бо ин забон эҷод карданд ва андешаи миллиро талқин намуданд. Тавонистанд онро ҳифз намоянд ва бо риояи беҳтарин қавонини забонӣ ба наслҳои минбаъда ба мерос гузоранд. Ба қавли шоири зиндаёд Бозор Собир:

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,

То наафтанд аз забони хештан.

Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,

То наафтад бар замин қадри сухан.

Тавре зикр намудем, ҳеҷ забоне дар шароити имрӯза бе пуштибони қавии сиёсӣ мавҷудият ва пойдории хешро бардавом нигоҳ дошта наметавонад. Инро таҷрибаҳои таърихи гузашта ва ҳам имрӯза собит намудаанд, ки дар натиҷаи бедавлатию беназоратии сиёсӣ садҳо қавму миллатҳо аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудаанд. Хушбахтона, баъд аз сарсониҳои зиёди таърихӣ имрӯз забони тоҷикӣ дар симои давлату миллат ва бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибону ғамхори худро дарёфтааст. Акнун забон дар паноҳи давлату миллат қарор дорад ва барои рушди босуботи он тамоми шароитҳои иҷтимоиву сиёсӣ фароҳаманд. Он имрӯз аслиҳаи заруриеро мемонад, ки метавонад аз миллату фарҳанги тоҷик муаррифӣ намояд ва муҳимтарин арзишу дастовардҳои онҳоро дар худ инъикос намояд.

Ба ин тариқ, забон шиноснома ва василаи асосии шинохти миллат, омили асосии муттаҳидсозандаи наслҳои дирӯзу имрӯзу оянда буда, поку беолоиш ва аз таҳдиду хатарҳои муосир эмин нигоҳ доштани он вазифаи муқаддас, имонӣ ва виҷдонии ҳар як соҳибзабон мебошад. Барои ҳифзу нигоҳдошти забон натанҳо нафарони алоҳида ва қишри муайяни ҷомеа, балки ҳар як фарде, ки бо ин забон ҳарф мезанад ё андаке ба он дилбастагие дорад, муваззаф мебошад, зеро забон пойдевори асосии ҳастии инсон ва миллат аст.

Дӯстзода Ҳ.Ҷ., дотсент, мудири кафедраи забони адабии муосири тоҷикии ДМТ,

Аловиддинов Б.Д., н.и.ф., муаллими калони кафедраи забони адабии муосири тоҷикии ДМТ