Он гуна ки аз таърихи ҳар қавму миллат маълум аст, таърихи забони он ба таърихи ҷомеааш пайванд мебошад, чунки забон ҳамчун як падидаи иҷтимоӣ натанҳо василаи муносибату муоширати байни одамон аст, балки абзори тафаккуру андеша, арсаи ташаккул ва таҳаввули нубуғ ва фарҳангу тамаддуни давлату миллатҳо дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки иҷтимоии забон барои ташаккули миллат нақши хати меҳвариро дорад. Барору нобарориҳои миллат дар масири таърих, пешрафту таназзули сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ба рушду такомули давлату давлатдорӣ барои миллат чун оинаи тамомнамо хидмат мекунад. Ин аст, ки таърих ва фарҳанги миллатро аз таърихи забони он наметавон ҷудо кард.
Забон чун падидаи иҷтимоӣ дар тамоми масири мавҷудияти худ паҳлуҳо ва ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти соҳибони худро дар раванди таърих инъикос менамояд. Маҳз ба василаи забон ҳувияти миллӣ ҳифз мегардад, зеро миёни забон ва ҳувияти миллӣ муносибати пайвасту ногусастанӣ вуҷуд дошта, ҳастии забон гарави аслии ҳастии миллат ва ҳифзи ҳувияти он, замонати идома ва баќои фарҳангу тамаддуни миллат ба шумор меравад.
Таърихи башарӣ гувоҳ аст, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллатҳо низ аз байн мераванд. Дар раванди таърих забонҳо бо соҳибони худ дар баробари ҳодисаҳои таърихиву иҷтимоӣ барои мондагории худ мубориза бурда, бархе аз онҳо мондагории миллати худро таъмин намуда, баъзеи дигар ба он муборизаҳои сарсахтона тоб наоварда, тобеи забони пурќудраттаре гашта, оҳиста-оҳиста фаромўш шудааст.
Ин раванд дар шароити ҷаҳонишавӣ бо шиддати бештар идома дошта, хатари аз байн рафтани забонҳо бар асари ҷаҳонишавии муносибатҳои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони муосир ва рушди бемайлони фановарии иттилоотиву иртиботӣ хусусияти умумиҷаҳонӣ гирифтааст. Ба ин маънӣ таърихи миллат таърихи забони он аст ва дар айни замон таърихи забон барои равшан шудани бисёр саҳифаҳои торики таърихи миллат ва фарҳангу тамаддуни он мусоидат мекунад.
Хушбахтона, забони тоҷикӣ тавонист дар масири дуру дарози таърих миллати соҳибтамаддуни тоҷикро аз ҳамагуна хавфу хатарҳо ҳифз намояд. Маҳз ҳамин қудрат ва тавони забони тоҷикӣ буд, ки ин миллати сарбаланди тоҷик тавонист худро чун “мурғи самандар” аз гирудору нобасомони иҷтимоӣ раҳо созад.
Айни замон забони тоҷикӣ чун абзори бунёдии ҳуввиятсозӣ ва миллатсозӣ барои давлати миллии тоҷикон хидмат мекунад. Маҳз забон будааст, ки дар таърихи пурҳаводис ва фоҷиабори миллати тоҷик бахусус дар давраи мудҳиши истилои араб, тохтутозҳои ќабилаҳои турктабор ва хусусан истилои ҷаҳонсўзи муғул ба таври возеҳ ҳуввият ва миллати тоҷикро аз ҳама гуна гардишҳои пуртазод раҳо созад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки забон баёнгари сарнавишти таърихии халќи тоҷик буда, бо истиќлоли ватани мо пайванди ҷовидонӣ дорад. Дар тўли тамоми таърих забон барои миллати мо яке аз арсаҳои муборизаи истиќлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ ба шумор мерафт ва айни замон низ чунин ҳаст. Имрўз дар раванди ҷаҳонишавӣ мо бояд забону фарҳанги худро чун неъмати бузург ҳифз карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои замона эмин дорем.
Миллат ва мардуми тоҷик хуб медонад, ки кулли ганҷинаи адабу фарҳанги мо тавассути забон ҷовидон мондааст ва ба воситаи забон дар арсаи ҷаҳон эътироф ва шинохта шудааст. Бо талошу заҳмати ашхоси бузурги илму адаб забони тоҷикӣ дар сайри таърихии хеш давра ба давра ташаккул ва таҳаввул пайдо карда, куҳантарин ва асилтарин унсурҳои таърихӣ ва миллии худро аз ќаъри асрҳо то кунун ҳифз намуда, имрўз чун ганҷинаи гаронбаҳо ба ёдгор мондааст.
Истиќлоли давлатӣ барои ташаккул ва рушди минбаъдаи забони давлатӣ ва меъёрҳои адабии он шароити мусоидро фароҳам овард ва ҳама гуна маҳдудияту монеаҳоро дар роҳи ташаккули забон бартараф намуда, онро ба шоҳроҳи нави тараќќиёт раҳнамун сохт.
Забони давлатии Тоҷикистони соҳиистиқлоли мо – забони тоҷикӣ айни замон таваҷҷуҳи бештарро таќозо дорад, зеро то ҳанӯз масъалаҳои зиёди иҷтимоиву фарҳангӣ дар роҳи рушд ва такомули забон вуҷуд доранд.
Бо шарофати Истиќлол миллати фарҳангпарвари тоҷик беҳтарин арзишҳои тамаддуни башарии Шарќу Ғарбро истифода намуда, дар айни ҳол таърих, фарҳанг, забон ва маънавиёти бисёрҳазорсолаи худро ҳимоя намуд ва имрўз ба он рушди бештар бахшида, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои тамаддуни хешро пойдору муќаддас нигоҳ медорад.
Дар айни замон забони тоҷикӣ-забонест равон ва саршор аз таркиботу ибороти пурмаънои зиндагисозу ҳаётомӯз.
Имрӯз ки мардуми тоҷик дар соҳибистиқлолии комил зиндагӣ дорад, ҳар фарди соҳибватану соҳибхирадро зарур аст, ки аз таърихи пурмоҷарои забони тоҷикӣ сабақ гирифта, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, ки забони тоҷикӣ яке аз арзишҳои меҳварии он мебошад талоши бештар намояд, то забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ бештар инкишоф ёфта шукуҳу шаҳомати хешро афзун созад, зеро забони тоҷикӣ абзори муҳимии ҳуввиятсози миллати тоҷик буду ҳаст.
Фирдавс Мирзоёров номзади илмҳои филология мувини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети филология,дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷики факултети филологияи ДМТ