Инсоният наметавонад бе донистани забон, ки он яке аз дастовардҳои муҳимми тамаддуни ҳар як халқу миллат ба шумор меравад, арзи вуҷуд дошта бошад. Забон инъикосгари таърих, оини давлатдорӣ ва сарнавишти инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳеҷ кас ба ин шак надорад, ки забон яке аз ҷузъҳои муҳимми фарҳангу маданияти ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Беҳуда нест, ки забонро ҳамчун як рукни давлатдорӣ ном мебаранд ва эњтиром мегузоранд. Нақши забон дар ташаккули миллат назаррас буда, ҳеҷ самти ҷомеа дар канор аз забон пеш намеравад. Маҳз забон аст, ки мо тавассути он дониш меомӯзем, маълумот мегирем, фикри худро баён мекунем ва миёни ҷомеа муошират барқарор мекунем. Забон аст, ки ба василаи он аз фарҳангу маданият ва таърихи инсоният бохабар мешавем. Аз қадим инсоният ба забон таваҷҷуҳ дошт, зеро он дар ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, чи дар сиёсат, чи дар иҷтимоиёт, чи дар соҳаи иқтисодиёт, чи дар соҳаи тиб, умуман, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ки ба омӯзиш сару кор доранд, ҳамчун олоти муошират ба кор бурда мешавад. Ҳар як забоне, ки дар истеъмол аст, аз ҳастии миллате дарак медиҳад.
Забони тоҷикӣ, ки забони расмї ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ мебошад. Бо ин забони шевою гуворо на танҳо шаҳрвандони маскуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тоҷикони муќими ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, минтақаҳои тоҷикнишини Афғонистон муошират мекунанд.
Забони тоҷикӣ ҳамчун таҳкурсии адабиву фарҳангӣ кулли сокинони Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад, зеро василаи ягонаи муколама миёни қишрҳои ҷомеа аст. Рушду такомули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад, зеро истиқлоли забонӣ пояи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ маҳсуб мешавад.
Дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади волои худ расида, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ – миллати тоҷик ва сокинони кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон, дар ҷаҳони муосир гардидааст.
Забони тоҷикӣ – ёдгории маънавии миллиамон, ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқ инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории тоҷикон мебошад. Барои ниёгони мо ифтихор аз ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буд, чунки дар ҳама давру замон забон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Ба ин маънӣ, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад,зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тули асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.
Яке аз моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забон бахшида шудааст ва ин гувоҳи дар меҳвари сиёсати давлатии Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон қарор доштани ин арзиши волои милливу давлатӣ мебошад. Мувофиқи моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд”.
Дар шароити пуртаззоду зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ масъул аст, ки дар гиромидошти забони модарии хеш ва таҳкиму густариши забони давлатӣ саҳмгузор бошад. Татбиқи ҳамаҷонибаи қонуни забони давлатӣ дар ҳаёт ва фаъолияти ҳар шаҳрванди Тоҷикистон вазифаи меҳварї ба ҳисоб меравад.
Хушбахтона, миллати сарбаланди тоҷик тавонистааст, ки забонро ҳамчун ёдгории бемисли хеш дар радифи дигар ёдгориҳои маънавӣ ҳифз намояд ва онро ба шакли равону шево то имрӯз рушд диҳад. Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад, ки ин аз қудрату тавоноии он дарак медиҳад.
Рӯзгори файзбори замони Истиқлол, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши он дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош намоем. Аз ин љињат, волотарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо, ин рукни меҳварии давлатсозу миллатофар мебошад.
Офтобитобони Исроил – ассистенти кафедраи забони адабии муосири тоҷики ДМТ