ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ

222

Бунёдгузори адабиёти форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ сермаҳсултарин шоири форсу тоҷик буд, ки мероси адабии ӯ таваҷҷуҳи аҳли адабро бештар ҷалб кардааст. Ҳамасола, санаи 22-юми сентябр дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар аксар муассисаҳои олӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ ҳамоишҳои сатҳашон гуногун ташкил карда мешавад.

 Ба ин муносибат имрӯз (22.09.2023) дар ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзодаи факултети филология бо ибтикори кафедраи таърихи адабиёти тоҷик конференсияи илмӣ-амалии донишгоҳӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии сардори раёсати илми донишгоҳ Р.Наботӣ оғоз ёфт.

Декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Э., зимни  суханронӣ афзуд, ки «Рӯзи Рӯдакӣ ба хотири посдорону дӯстдорони бузургони сухан таҷлил мегардад».

Дар нишаст номзади илми филология, дотсент Юлдошев А. дар мавзӯи «Маъниҳои ошиқона дар шеъри Рӯдакӣ», муаллими калон Ҳоҷибоева Л. оид ба мавзӯи «Мулоҳизаҳои перумони шеъри “Дар рисои Муродӣ”-и Рӯдакӣ» ва номзади илмҳои филология, дотсент Аминӣ А. роҷеъ ба мавзӯи «Зебоишиносии ороҳяҳои адабии шеъри Рӯдакӣ» суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар конференсия гурӯҳе аз донишҷӯёни факултет аз ашъори Одамушуарро шеърҳо қироат намуданд.

Дар охир баҳри болидагии иштирокдорон ҳунармандони шинохтаи кишвар Лола Азизова ва Хурсандмурод Зарипов аз ашъоли Рӯдакӣ суруд хонда, хотири ҳозиринро шод намуданд.