ДАВЛАТИ РАҲМОНИЁН ДАР МАҲФИЛИ “НАҚДИ АДАБӢ”-И ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

5

Дар донишкадаи забону адабиёти Донишгоҳи миллӣ (дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ) маҳфиле ҳаст бо номи “Нақди адабӣ”. Ду сол боз онро профессор Боймурод Шарифзода роҳандозӣ мекунад. Маҳз бо роҳбарии ӯ ва кумаки чанде устодони кафедра (декани факулта Сироҷиддини Эмомалӣ, мудири кафедра Қарори Муҳаммадизода, Илҳом Бобомаллаев ва бандаи фақир) ин маҳфил, ки солҳои қабл (банда даврони шуравиро дар назар дорам) хеле шуҳрат дошт, дубора зиндаву пурҳаракат шуд, аз ин ки донишҷӯён бо шоирону нависандагон рӯбарӯ гуфтугӯ мекунанд, пешакӣ осори онҳоро мехонанд ва ошкоро аз ҳусну қубҳи эҷоди удабо изҳори назар мекунанд.

Чунин тартиб, яъне пеш аз даъвати ин ё он адиб осори ӯро хондану наҳаросида дар ҳузураш ҳам ҳунар ва ҳам норасоиҳоро гуфтан, масъулияти ҳам устодони дарсгӯ ва низ донишомӯзонро бештар кардааст. Ҳолатҳое ҷо дошт, ки баъзе адибон ҳатто меранҷиданд, ки “чаро ин донишҷӯён ӯро чун меҳмон даъват кардаанд, аммо ошкоро танқид мекунанд…”.

Фазилату рисолати нақди сухан ҳамин аст: ҳунарашро, ки гуфтӣ, иллату нақсашро ҳам бигӯ… Вагарна, ин гуна мулоқоту вохӯриҳо манфиате на барои донишҷӯён ва на барои худи илми нақд нахоҳанд дошт…

Дар маҳофили гузашта адибон Мирзо Насриддин (барои баррасии романи “Нони шарикӣ”), Равшани Махсумзод (барои нақди романи “Ғуруб”), Ворис, Усмон Сабзов ва чанде дигар қаламкашон дар ин тадбир ширкат карда буданд. Агарчи мафҳил моҳе як бор (гоҳе ду маротиба) баргузор мешавад, аммо омодагӣ ба он хеле ҷиддӣ сурат мегирад.

Ин дафъа (шанбеи гузашта, 11-уми апрел) шоири пуртавону пурҳунари адабиёти имрӯзи мо Давлати Раҳмониён меҳмони маҳфил буд. Устод Давлати Раҳмониён қаламкаше нест, ки ба муаррифӣ ниёзе дошта бошад, зеро дар фазои адабии Тоҷикистон шинохтаву маъруф аст.

Ӯ аз силки шоиронест, ки қариб се даҳсола, агар давраи камоли мавсуфро дар назар дошта бошем, дар адаби бадеъи мо ва билхосса дар шеъри форсии тоҷикӣ ҷойгоҳи неруманд дорад. Ҳамин далел, ки номбурда соҳиби Ҷоизаи адабии ба номи устод Мирзо Турсунзода аст, гувоҳи рушди ҳунар ва шахсияти фарҳангии ӯст.

Ҳамасола маҷмуаҳояш нашр мешаванд ва барои хонандаи шеъри имрӯз пайғому навидҳои тоза аз коргоҳи шоириаш дар фазои пурсабқат ва ниҳоят ба шеъру шоирӣ ҳассоси адабиёти мо паҳн ва ҳамеша бо хушнудиҳо пазируфта мешаванд.

Охирин маҷмуааш “Номаи офтоб” як сол пеш пешниҳоди хонанда шуд, ки натиҷаи заҳмати беш аз бистсолаи ӯст. Барои ин китоби шеър ӯ ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ пешниҳод шудааст.

Дар маҳфил, ки беш аз ду соат идома кард, сараввал худи шоир аз вазъи мусофираташ дар қаламрави шеър сухан гуфт ва баъдан донишҷӯён мувофиқ ба фаҳму даркашон таассурот ва диди худашонро изҳор карданд.

Аз устодон банда ва Илҳом Бобомаллаев чанде андешаронӣ кардем. Сипас, марҳалаи пурсишу посухҳо оғоз шуд, ки аз чанд ҷиҳат муҳим буд: аввалан, фаҳмидани он ки худи шоир умуман ба шеър чӣ назар дорад ва баъдан шеъри хешро чӣ гуна арзишдоварӣ мекунад…

Яъне фаҳмидани афкори адабиву эстетикии шоир маҳз дар ҳамин пурсишу посухҳо маълум мешавад, ки барои нақди шеъри ин ё он сухансаро бисёр аҳаммият дорад.

Албатта, барои баёни ҳама андешаҳои муҳим ва хурду резае, ки ба шеъри Давлати Раҳмониён дар ин маҳфил манзур шуд, фурсати таълифи як мақолаи том зарур аст, ки ҳоло чунин тавон надорем. Шукр, ки донишҷӯён аз он мақолоту тақризҳое, ки ба осори устод Давлат ихтисос доштанд, бохабар буданд ва беш аз ин, назари худашонро ҳам беибо изҳор карданд.

Бисёр хуб аст, ки дар маҳфил чунин андеша чун ҳадаф истиқбол шуда, ки ҳоло дар адабиёти имрӯзаи кишвар миёни шуарои ҳирфаӣ, яъне онҳое, ки воқеан ба шеър чун намунаи ҳунари офаринандагӣ муносибат мекунанд ва онҳое, ки шеърашон ба тақозои ШЕЪР посухгӯ нест, яъне ҳоло аз пайраҳаи ҳавову ҳавас ба марзи шеъри воқеӣ нарасидаанд, бояд тафовут гузошта шавад ва ҳамин тафовутҳоро баррасиҳои ҷиддӣ дар маҳфилҳо бояд муайян кунанд.

Хеле хуб мешуд, ки ҷараёни чунин маҳфилҳо сабт ва тавассути телевизион ё ба ҳар роҳи дигар манзури мардум, махсусан онҳое, ки эҷодкоранд, ё ба таҳқиқи эҷоди адибон дастбакоранд, нишон дода шавад. Чунин маҳфилҳо беҳтарин дарси амалӣ ё семинорҳо барои навқаламоне маҳсуб мешаванд, ки барои омӯзиш ба Иттифоқи нависандаҳо мераванд ва низ барои худи донишҷӯёни факултаҳои филологӣ зарурат доранд.

Чанд лаҳзаи баррасиҳо ва гуфтугӯҳо аз ҷониби донишҷӯён видеоӣ шуд ва дар сурати танзими дуруст (чун шикасту рехти техникӣ доранд) он наворҳоро банда дар саҳифаам хоҳам гузошт.

Дафъаҳои минбаъда кӯшиш мекунем, ки бо кумаки сомонаи Донишгоҳи миллӣ ва студияи таълимӣ наворҳо пурра манзур бишаванд.

Ҳафиз РАҲМОН,

13.04.2026