ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМО ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

1289

Марди худододу поксиришт, асилу некқадам, абармарди хирадманди майдони сиёсат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун неруи тавонои наҷотбахшу пешбар сабабгори аз парокандагию нестӣ, гумроҳиву нофаҳмӣ наҷот ёфтан, баҳамоиву ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмию якдилии миллати тоҷик, базудӣ барқароршавии сулҳу субот, дар дили халқи худ барафрӯхтани шуълаи умед ба фардои дурахшон, сохти давлатдории ҳуқуқбунёду дунявӣ, дӯст доштану ҳифзи Ватан, бедории ҳувияту таҳкими худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ, ташаккул ва татбиқи арзишҳои миллӣ, дар талотуми таърихи муосир бори дигар эҳё шудану ба ҷаҳониён муаррифӣ гардидани ин миллати куҳанбунёд ва рушди босуботи минбаъдаи он гардидааст.

Бо таассуфи беандоза ёдрас мешавем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон воқеаву ҳодисаҳои ибтидои солҳои 90-ум кишварро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд ва ин боиси ба буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гирифтор шудани тамоми самтҳои фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ гардид, ки ин шароити мураккабу ҳассоси таърихӣ хатари парокандашавии миллат, заволи давлат, ба қисматҳо ҷудо гардидани ҳудуди Тоҷикистонро пеш овард. Ба бахти миллати тоҷик дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди бонангу номус ва вафодори миллат, хирадманду нексиришт, ватандӯсту халқпарвар ва ҳувияти баланди миллидошта ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, яъне ӯ дар шароите ба саҳни сиёсат ворид гардид, ки давлат низоми сиёсии худро аз даст дода, дар арсаи нобудшавӣ қарор дошт, халқи тоҷик дар ҳолати яъсу ноумедӣ умед ба фардои худро аз даст дода буд. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ андешаву хиради волои ин марди ватандӯсту покзамир тавонист ин миллату давлатро аз маҳву парокандагӣ наҷот диҳад, оташи ҷанги дохилиро хомӯш ва сулҳу ваҳдатро дар мамлакат пойдор сохт, то охирин гурезаро ба Ватан наовард, ором нагирифт, дар дили халқаш барои зиндагии ободу осоишта шуълаи умедро бедор кард, заминаҳои бунёдии системаи идоракуниро ташаккул дода, давлатдории миллиро эҳё намуд, барои рушди минбаъдаи кишвар, барои аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадан ва Тоҷикистонро ба марҳалаи нави инкишоф ворид намудан амалисозии барномаҳои рушди кишварро ҳамаҷониба вусъат дод, монанди бунёди нақбу роҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, неругоҳҳо, рушди хоҷагии қишлоқ, кишоварзӣ, боғдорӣ, сохтмон, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа.

Ташаббус ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба забону таъриху фарҳангу урфу одатҳои миллӣ исботи онанд, ки ӯ воқеан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад. Ин аст, ки халқи тоҷик Сарвари ҷасуру хирадманду дурандешу созандаи худро самимонаву сидқан дӯст дошта, заҳмату талошҳои пайваставу шабонарӯзӣ ва корнамоиву ҷонфидоиҳои ӯро дар роҳи эъмори сулҳу давлатдории навини тоҷикон арҷгузорӣ намуда, ба ӯ унвони олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистонро додаанд, ки ҳалолаш бод!

Бо сарфарозӣ ва ифтихори бузург метавон гуфт, ки кору пайкори Пешвои маҳбуби тоҷикон, оини давлатсозиву сулҳофарии ӯ дар радифи шахсиятҳои бузурги миллатсоз қобили қабулу дастури ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин тоҷики асилу созанда дар муаррифӣ намудани миллату, забону фарҳангу тамаддуни қадимаи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим дошта, забони ширину гушнавозу шевои тоҷикӣ борҳо аз минбари созмонҳои байналмилалӣ аз забони ин абармарди соҳибзабону соҳибхирад садо додаст. Иқдому ташаббусҳои оливу беназири пешниҳоднамудаи ӯ дар бораи беҳтар намудани вазъи экологии сайёра, оби тозаи ошомиданӣ, ҳифзи сайёра, таҳкими сулҳу субот, маҳкум кардани тероризму экстремизм аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сиёсӣ дар ҷаҳон обрӯй ва эҳтироми хосса дошта, яке аз субъектҳои мубориз бар зидди экстремизму тероризм муаррифӣ шудааст.

Саҳми ватандӯстдоронаву фарҳангсолоронаи Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини устувории сиёсӣ, рушди низоми давлатдорӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ, рушди энергетикӣ ва саноатикунонӣ дар бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, забону фарҳангу урфу одатҳои миллӣ, эҳё, ҳифз ва муаррифӣ намудани адабиёти оламшумул ва таъриху фарҳангу тамаддуни қадимаи миллати тоҷик бағоят бузургу беназир аст.

Имрӯз Ватани азизи мо – Тоҷикистонро нисбати дирӯзу солҳои пешин ободу озоду зебо, мардумашро дар амну осоиш мебинем, ки ҳамаи ин бо шарофати рооҳнамоию қудрати сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тавонист бо ақлу заковат, хиради азалӣ, дилу нияти пок, иродаи устувор, ҷасорату шуҷоат, созандагию ободкорӣ дар дилу дидаи халқаш роҳ ёбад ва бо зиндагии ободу озоду осоишта онҳоро ба сӯйи фардои дурахшон раҳнамун созад.

Миллати куҳанбунёди тоҷик дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир бо Сарвари сиёсии соҳибназару некбину хирадпешаву фидокору дурандеши худ, ки зиёда аз 30 сол боз Сарвари ин давлату Пешво ва роҳнамои ин миллат аст ва дар дилу дидаи мардум бо кору пайкори созандаву инсонгароёнаву адолатпрваронааш ҷой гирифта, эътимоду боварии халқи кишварро ба даст овардааст ва ҳамчун лидери сиёсӣ қобилияти дарки равандҳои ҷаҳони муосирро дошта, метавонад Тоҷикистонро бо сулҳу суботи комил ба роҳи рушд бирасонад, гомҳои худро ба сӯйи марҳалаи рушди устувор мегузорад.

Ифтихор доштану ба ҳам омадан ва ба ӯ пайравӣ намудан ин нишонаи муҳаббату боварӣ ва эътимоди кулли қишрҳои ҷомеа ба Сарвари некқадаму созандаву ободкор буда, сарчашмаи ин ҳама дарки нозукбинонаи воқеияти таърихии марҳилаи имрӯзаи рушди Ватани азизамон, ифодаи орзую омоли мардуми ин сарзамин барои таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ, бунёди ҷомеаи рушдёфтаву мутараққии муосир, фатҳи қуллаи муроду расидан ба зиндагии дурахшону шоиста мебошад.

Тоҷикон хизматҳои шоиставу беназиру талошҳои шабонарӯзии ин абармарди сиёсиро дар роҳи раҳоӣ аз нобудӣ, асорат, ноумедӣ, расидан ба осоиштагӣ, хушбахтӣ, соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ, эҳё, ободӣ ва фардои дурахшон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозанд, арҷ мегузоранд ва қадр хоҳанд кард .

Чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавониашро барои пойдориву шинохту эҳёву ободиву озодиву сулҳу осоиштагиву созандагиву фардои пурифтихору дурахшони ин миллат бахшидааст, ман аминам, ки миллати сарбаланди ман низ ҳамеша дар паҳлуи Сарвари хирадсолору роҳнамои хеш буда, аз буданаш шукргузору ифтихорманданд ва бо ӯ ба пеш, ба сӯйи фардои шукуфову рахшону ободу осуда гомҳои устувор мегузоранд.

Акбарова Давлатбӣ – муаллимаи калони кафедраизабони тоҷикӣ ва усули таълимизабон ва адабиёти тоҷики ДМТ