Имрӯз (22.12.2023) ба муносибати 80-солагии номзади илмҳои филология, дотсент Ҳуснигул Талбакова дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии “Масъалаҳои мубрами луғатшиносии тоҷик: мушкилот ва дурнамо” баргузор гардид.
Дӯстону наздикон ва шогирдони шодравон Ҳуснигул Талбаковааз манотиқи гуногуни кишвар дар ин конфронс ширкат варзиданд. Декани факултекти филология, профессор Сироҷиддини Эмомоалӣ ҳамоишро ифтитоҳ намуд. Баъдан ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ташрифи меҳмононро ба донишгоҳ хушомадед гуфта, саҳми муаллимаи зиндаёд Ҳуснигул Талбаковаро дар рушди забоншиносии тоҷик судманд арзёбӣ намуд.
Дотсент, мудири кафедраи забони адабии муосири тоҷики донишгоҳ Дӯстзода Ҳ. оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмию омӯзгории шодравон Ҳуснигул Талбакова суханронӣ намуд.
Дар идомаи конференс меҳмонону ҳамкорон оид ба корҳои анҷомдодаи шодравон Ҳуснигул Талбаковадар рушди забони тоҷикӣ суханронӣ карданд.
Гулназарзода Ж., Хоҷаев Д., Худойдодова С., Имомзода М., Маҳмадаминов А., Ҳ.Раҳмон ва С.Ҳалимова аз ҷумлаи устодоне буданд, ки дар ифтитоҳи ҳамоиш суханронӣ намуданд.
Ҳамин тавр, конференсия дар ду бахш: “Масъалаҳои луғатшиносӣ, маъношиносӣ, фразеология, фарҳангнигорӣ, истилоҳшиносӣ, номшиносӣ ва услуб” ва “Масъалаҳои умумӣ, таърихи забон ва сарфу наҳф” идома намуд, ки дар он беш аз 40 маърӯза мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.