АЗ ПЕШБУРДИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ ТО ТАШКИЛИ ОЗМУНҲОИ ДОНИШГОҲӢ

255

Ҷиҳати омӯзишу шарҳи ҳаматарафаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023 дар сохторҳои гуногуни донишгоҳ вохӯриву ҷаласаҳои роҳбарияти донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.

Бо ин мақсад дар толори Ганҷинаи профессор Ш.Ҳусейнзодаи донишгоҳ ҷамъомад бо иштироки ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. ва устодону кормандони факултети филология баргузор гардид.

Ҷамомадро ректори донишгоҳ ифтитоҳ бахшида, дар робита ба самтҳои мухталифи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Дар идомаи вохӯрӣ гуфта шуд, ки нашр ва ба аҳолии кишвар тақдим гардидани китоби “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ иқдоми наҷибу саривақтӣ мебошад.

“Дар тарғибу ташвиқи иқдоми навбатии Пешвои миллат: эълон гардидани соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” саҳми устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бояд бештар назаррас бошад” – гуфта шуд дар вохӯрӣ.

Беҳтар намуданисифати таълиму тарбия, назорати баргузории ҳамоиши сатҳи донишгоҳию байналмилалӣ, пурзур намудани дастаи олимпӣ ва озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, назорати фаъолияти бахшҳои гуногуни факултет, навиштани мақолаҳои илмию оммавӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар ҷараёни вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.