МАН ВАТАНРО БЕШ АЗ ҲАРВАҚТА ДОРАМ ДӮСТТАР…

1832

(дар ҳошияи Қонуни ҶТ «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»)

Таҳкими ҳисси худшиносии миллии ҷомеа заминаи самаранок намудани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон мегардад. Ҳисси худшиносии миллиро дар вуҷуди шахс огоҳӣ аз таърих, фарҳанг, расму оин, арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, зиндагиномаи афроди ватандӯсту сарсупурдаи диёр бедор мекунад. Сабақ гирифтан аз доштаҳо барои эъмори ояндаи дурахшон сабаб гардида, моро чун ҷону тан бо Ватан пайваста мегардонад:

Бо Ватан мо ҳама як ҷону танем,

Ватанам ман,

Ватанӣ ту,

Ҳамаи мо Ватанем!

Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст. Ватандорӣ имондорист. Барои ҳар тоҷике, ки дар кадом гӯшаи дунё кору фаъолият дорад, Ватан, Меҳан, Сарзамин, Зодгоҳ ин Тоҷикистон аст. Ин ҳақиқатест раднопазир ва инкори он гувоҳи разилӣ ва манқуртист. Вожаҳои марбут ба Ватан барои ҳар як фарди баору номус чун манзили падарӣ, чун дастархони бо меҳр густурдаи модар азизу муқаддасанд. Ватан маконест, ки бузургон гарди хокашро аз гавҳару зевар волотар ва хасу хошокашро аз гулу ёсуман болотар хондаанд. Тоҷикистон ватани мост, Тоҷикистони фирдавсманзару хушбоду ҳаво ва диёри беқиёси обҳои муссафо. Тоҷикистоне, ки дар харитаи ҷаҳон шабеҳ ба нуқтаи кӯчакест, вале бо лутфу инояти Худованд дар синаи худ ганҷҳои нодирро, аз қабили тилло, нуқра, лаъл, алюминий, газ, ангишт, обҳои шифобахш ва ғайра нуҳуфтааст. Тоҷикистоне, ки бо захираи обҳои мусаффояш дар сайёра ҳамто надорад. Сарзаминест кучак, вале соҳиби сарватҳои нодиру бузург.

Боигариҳои маънавии Тоҷикистон низ арзандаи ифтихору сарфарозист. Мусаллам аст, ки халқи тоҷик ба махзани фарҳанги ҷаҳонӣ ганҷинаҳои шоҳвори маънавӣ ҳадя намуда, ки боиси ихтихори тоҷикону ҷаҳониён гаштаанд. Ба ин Ватани зебо, ба ин диёри дилрабо меҳр варзидану ҳимоят намудан қарзи фарзандиву шаҳрвандии ҳар яки мост. Дӯст доштани Ватан дар тарзу равишҳои гуногун ба ҷилва меояд; дар ашъори шоирон, дар суруди мутрибон, дар заҳмати коргарон, дар талошу садоқати ҷавонон, софдилонаву содиқона анҷом додани вазоифи бардӯшдошта низ ватандӯстист:

Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,

Ба ҳар ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам.

Ватанро бинозам, ки маро дар канор,

Чу модар бигрифту намуд бахтиёр.

Бо номи Ватан, бо зебогиву боигариҳои моддиву маънавии он ифтихор кардан як тарафи масъала бошад, тарафи муҳимтари масъала ҳифзу ҳимояи Ватан ва садоқат, ба қадри ободиву озодӣ ва тинҷиву амонии сарзамин расидан аст. Вақте ки бо ҳарорат ваъда медиҳем, ки «Ватан ҳар чӣ гӯяд адо мекунем», пас ин суханро дар амал бояд иҷро кард. Дар ниҳоди насли наврас ва ҷавонони бедордил ҷо кардани эҳсоси ҷӯшони гуманизм вазифаи ҳар як фарди баркамоли соҳибақлу ватандӯст маҳсуб мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз рӯзҳои нахусти фаъолияти давлатдории миллӣ баҳри таҳкими ҳисси худшиносии миллии ҷомеа бо мақсади ватанпарвару худшинос ба камол расидани ҷавонон бо пешниҳоди чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ талош меварзанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми баромадҳои худ ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, муҳиммияти онро таъкид менамоянд, ҷомеа ва аҳли зиёи кишварро ташвиқ мекунанд:

«Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем”.

Бо назардошти муҳиммияти масъалаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” (02 ноябри соли 2022 ба қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 16 декабри 2022 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон ҷонибдорӣ карда шуд) қабул шуд. Қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкили онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд. Бо ин мақсад консепсия, барнома, методикаҳои илмӣ барои тарбияи шаҳрвандон, бахусус ҷавонон таҳия мешавад.

Ҳадаф аз қабули қонуни мазкур тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон мебошад.

Дар моддаи 1- уми боби 1-уми қонун гуфта мешавад:

– Ватан – Тоҷикистон, кишвари азизу маҳбуб барои шахс, ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамон, ки онҳо мансубияташонро ба он ҳамчун шароити зарурии некуаҳволии худ медонанд;

– Ватандӯстӣ – муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати он содиқона хизмат кардан;

Тарбия намудани шаҳрвандон дар рӯҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат – мақсади асосии қабули қонуни мазкур мебошад.

Боби 2-юми қонун бошад дақиқан мақсад ва вазоифи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро дар бар мегирад:

Вазифаҳо оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон иборат аст аз:

– ташаккули худшиносии миллӣ, муносибати арзанда ба шахсият, ҷомеа, давлат, ғояву арзишҳо, инчунин эҳё ва рушди онҳо;

– ҷалби насли наврас ба низоми арзишҳои иҷтимоию маданӣ, ки таъриху фарҳанги ғанӣ ва ба худ хоси Ватану миллатро инъикос менамояд, дар тафаккури онҳо ташаккул додани арзишҳои олии маънавию ахлоқӣ, маданӣ ва худогоҳӣ, талабот ба рушди минбаъдаи онҳо;

– фароҳам овардани шароити мусоид барои аз ҷониби шаҳрвандон зоҳир намудани ҳисси ватандӯстӣ, адои шоистаи қарзи ҷамъиятию давлатӣ ва ҳарбӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият ва муносибат бо назардошти манфиат ва талаботи онҳо;

– тарбияи эҳтиром ба қонун, меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳисси масъулияти иҷтимоӣ ҳамчун сифатҳои муҳимми шахс, ки дар ғамхорӣ ба некуаҳволии кишвари худ, таҳким ва ҳифзи он зоҳир мегарданд;

– тарбияи меҳнатдӯстӣ ҳамчун арзиши муҳимми зиндагӣ, майли ба манфиати ҷомеа ва давлат меҳнат кардан;

– ташаккули талабот ба рушди маънавию ахлоқӣ, пешбурди тарзи ҳаёти солим, ғамхорӣ ба пиронсолону наздикон, дастгирии муҳити созгор дар коллективи меҳнатӣ.

Дар қонун гуфта мешавад, дар сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муносибати мураттаби ташкилӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, давлат ба “фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ҷисмонии шаҳрвандон”, инчунин таҳия ва татбиқи шаклҳои самараноки технологияҳои иҷтимоисози шахсияти шаҳрванд, бахусус ҷавонон; “навсозӣ ва ғанигардонии муҳтавои тарбияи ватандӯстӣ, усул, шакл ва воситаҳои он”; тақвияти масъулияти мақомоти давлатӣ ҷиҳати тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон уҳдадор мешавад.

Умед дорем, ки амалӣ гаштани Қонуни мазкур дар тарбияи ватандӯстии ҷомеа саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Ба мақтаи навишта бо шеъри Лоиқ Шералӣ мехоҳам нукта гузорам:

Ҳар чӣ дорам дар ин ҷаҳон Ватан аст,

Ватан асту модари ҷону тан аст.

Тоҷико асли хеш дарёб

,Варна фардот бенишон шудан аст.

Бозёбии хеш агар хоҳӣ,

Бозгаштат ба асли хештан аст!

Мудири шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо,номзади илмҳои филологӣҲайдарова С. А.