УСТОД АЙНӢ – МУОСИРИ ҲАМА ДАВРУ ЗАМОНҲО

178

15 апрел ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосир ва фарҳангу маданияти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ 146 сол пур мешавад. Дар адабиёти маорифпарварии нимаи дуюми асри ХIХ агар Аҳмади Дониш қадамҳои устувор гузошта бошад, дар асри ХХ устод Садриддин Айнӣ ин ҷараёнро идома дода, бо ақидаҳои маорифпарваронаи худ дар адабиёти тоҷик ҷойгоҳи мустаҳкам касб намуд. Бахшида ба ин санаи муҳим имрӯз (15.04.2024) бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Устод Айнӣ ва адабу фарҳанги миллӣ” маҳфили илмию адабӣ баргузор шуд.

«Устод Айнӣ барои босавод кардани мардум, ашъори гаронбаҳои маърифатию маорифпарварӣ эҷод намуда, ба мо мерос гузоштааст. Ӯ ба ҳайси муаллими миллати тоҷик ва ба сифати шиносномаи миллати тоҷик дар як давраи тақдирсоз зиндагӣ кардааст. Эҷодиёти устод то имрӯз қадру манзалати худро гум накардааст ва бо мазмуни баланду хусусиятҳои хоси даъватомези худ асрҳои аср зиндаю ҷовид хоҳад монд”. Ин нукта аз ҷониби декани факултети филологияи Донишгоҳ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ зимни ифтитоҳи маҳфили илмӣ – адабиии мазкур, ки дар толори Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳ доир гардид, баён шуд.

Дар ҳамоиш айнишиносон ва устодону донишҷӯёни факултети мазкур ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни мафҳил Маҳмадизода Қарор – мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология, Ҳафиз Раҳмон – муаллими калони кафедраи мазкур, Кӯчарзода Аламхон – профессор, узви вобастаи АМИТ,Абдулҳай Маҳмадаминов доктори илмҳои филология, профессор суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, донишҷӯёни факултет аз осори устод Айнӣ порчаҳои шеърӣ қироат карданд.

Ёдрас мешавем, ки пеш аз оғози маҳфили илмӣ – адабӣ зумрае аз устодону донишҷӯёни факултет ба зиёрати оромгоҳи ин устоди бузурги сухану адаб – ба Боғи фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ рафта, ёде аз рӯзгору осори устод Айнӣ намуданд. Гуфта мешавад, ки устод Айнӣ ҳатто бо гузашти солҳо аз рӯзи фавти хеш чун пешина муосири мо боқӣ мемонад ва барои ҳама давру замонҳо чунин боқӣ хоҳад монд.