РИСОЛАТИ АВФУ БАХШОЯНДАГИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

167

Зуҳури шахсиятҳо ва симоҳо марҳалаи нави таърихӣ дар таърихи миллат аст, зеро яқинан таърихи миллат бо зуҳури шахсиятҳо ва симоҳо оғоз меёбад.

Ҳақ ба ҷониби шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ аст, ки: «Халқ бе фарзанди оламгир, оламгир нест» гуфтааст ва ин воқеияти маҳз аст.

Яке аз рисолатҳои таърихии баҷоовардаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари давлатсозии миллӣ, тафаккурсозии миллӣ, ваҳдати миллӣ, муаррифии миллат дар сатҳи байналмилалӣ, таъмини сулҳу субот, баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ҳамчунин, авфу бахшояндагӣ аз ҷиддитарин ғамхориҳои ин шахсияти абарқудрати сиёсӣ ва Ҳукумати миллӣ маҳсуб меёбад.

Авфу бахшояндагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳи таърихӣ дар чаҳор марҳала амалӣ гардидааст, ки онҳо аз баргардонидани гурезаҳо, мухолифин, озод намудани зиндониён ва баргардонидани шахсони фиребхӯрда, ки дар кишварҳои ноором дармондаанд, ибортанд.

Авфу баргардонидани 47 нафар (13 оила) занону кӯдакон (15 зан, 17 духтар, 15 писар) аз Ҷумҳурии Арабии Сурия иқдоми инсондӯстонаи навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мардумӣ мебошад, ки пеш аз ин иқдоми мазкур се маротибаи дигар, ки зиёда аз 300 нафарро фаро мегирифт, иттифоқ афтода буд. Барҳақ, чунин иқдомро таърих ёд надорад.

Шоёни зикр аст, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргардонидани занону кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзадаи Ҷумҳурии Ироқ ва Ҷумҳурии Арабии Сурия онҳо баъд аз давраи барқарорсозӣ ва мутобиқ гардидан ба ҳаёти муқаррарӣ ба оила ва хонаводаҳои худ баргардонида шуда ба таҳсилу ҷойи кор фаро гирифта мешаванд.

Барномаи баргардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тадбирҳои мушаххас ҷиҳати чораандешӣ ва ба Ватан баргадонидани шаҳрвандони мамлакат аз минтақаҳои амалиёти ҷангии Ҷумҳурии Ироқ ва Ҷумҳурии Арабии Сурия акс ёфтаанд, беназир буда, аз ҷониби коршиносону таҳлилгарони сиёсӣ ва ҳатто созмонҳои байналмилалии ҳуқуқӣ мусбат арзёбӣ гардида буд. Ин аст, ки як қатор давлатҳои ҷаҳон ин таҷрибаи мазкури Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сиёсати хориҷии худ амалӣ намудаанд.

Воқеан, олиҳиммативу бахшояндагӣ, авфу гузаштанҳо дар фарҳанги миллии мо аз накӯтарин хислатҳои ҳамида дониста шудааст. Аттори Нишпурӣ бо манзури ҷузъиёти ҳамидахисолӣ чунин мефармояд:

Ҳиммат баланд дор, мардони рӯзгор,

Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.

Бузургони миллат дар асрҳои миёна пайваста аз иттиҳоду ҳамбастагӣ ёдоварӣ намуда, онро сабаби рушду пешрафт ва пирӯзиҳо донистаанд. Бузургвор Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба ин маънӣ мегӯяд:

Паркандагӣ аз нифоқ хезад,

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.

Ё худ Ҳофизи Шерозӣ дар таълимоти ахлоқии хеш моҳияти иттиҳоду ваҳдатро волотарин ормони инсон медонад ва таъкид мекунад, ки:

Ҳуснат ба иттифоқи малоҳат ҷаҳон гирифт,

Оре, ба иттифоқ ҷаҳон метавон гирифт.

Корномаҳову чораандешиҳои Ҳокимияти миллӣ ва хосса сарвари он – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маҳз дар ҳамин заминаи суннатҳои устувори миллӣ тарҳрезӣ шудаанд, ки мақсаду ҳадафҳои меҳварии он ғамхорӣ барои миллат ва давлати миллист.

Рустам Наботӣ,иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи ДМТ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент