БОЗТОБИ ИНСОНГАРОӢ ДАР СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

186

Ман бо чунин мардуми шарафманду бонангу номус, таҳаммулгаро ва заҳматкашу ватандӯст ифтихор дорам, аз онҳо то абад миннатдорам ва то нафаси вопасин ба хурду бузурги Тоҷикистон содиқона хизмат мекунам.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҷаҳони муосир, ки инсон ба сифати унсури муҳимми тарғибу ташвиқ ва иттилову сиёсат мавриди истифодаи муғризонаи абарқудратҳои сиёсӣ гардидааст, андешидани чораҳои беҳдоштӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати он дар ҷомеа аз ташаббусҳои созанда ва ниятҳои хайрхоҳонаи ҳар як роҳбари сиёсӣ маҳсуб меёбад. Хосатан, дар раванди ҷаҳонишавии бархе аз падидаҳои номатлуб, ки дар меҳвари онҳо инсон ҳамчун ҷузъи асосӣ ва амалисозандаи кирдорҳои ғайриинсонӣ қарор дорад, чунин бархурди инсонпарварона ҳам барои ҷомеа ва ҳам кулли инсоният аз манфиат орӣ нахоҳад буд.

Мусаллам аст, ки мавзуи инсон ва инсондӯстиву инсонгароӣ дар адабиёти гузаштаву муосири мо маҳаки эҷодиёти адибону шоиронро ташкил медод ва дар хусуси ин мавзуи ҷовидонаи адабиёт андешаҳои бикр зиёд гуфта шудаанд. Қаламбадастони мо ҳамеша кӯшидаанд, ки инсон ва ахлоқи ҳамидаи вайро пайваста васф карда бошанд ва ӯро ба ҳайси асосмеҳвари ҳама гуна комёбиҳо тасвир намудаанд. Масалан, Ҷалолиддини Балхӣ ба мақоми инсонӣ расиданро рисолати бузург ҳисобида, онро ҳатто аз ҳадди мусулмонӣ боло донистааст:

Ҳазорсола роҳ аст аз ту то мусулмонӣ,

Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.

Ба таври дигар метавон гуфт, ки дар доираи адабу фарҳанг ва сиёсату иҷтимоиёти мардуми тоҷик ҳамеша инсон мартабаи баланд дошт ва омили асосии ҳама гуна муваффақиятҳо дониста мешуд.

Бо сароҳат метавон дарёфт, ки мавзуи зикршуда имрӯзҳо аз доираи адабу фарҳанг берун омада, як ҷузъи муҳимми сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва билхосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидааст. Пӯшида нест, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Пешвои муаззами миллат маҳз ба неруву тавонмандии захираҳои инсонии ҷомеа такя намуданд ва тавонистанд, ки дар як муддати кӯтоҳ дар ҳама ҷодаҳо ба дастовардҳои чашмрас ноил гарданд. Сарвари давлат ҳамеша ба халқи азизи худ ҳамчун неруи бузургу хиради инсонӣ ва татбиқсозандаи кулли ормонҳои миллӣ такя намуданд ва вақт нишон дод, ки дар интихоби чунин ибтикори судманд муваффақ шудаанд. Ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати инсонгаро ва инсонпарвар эътироф гардида, дар ин роҳ ҳамасола даҳҳо барномаҳои сатҳҳои гуногуни давлатӣ ҷиҳати боз ҳам боло бурдани мақому манзалати инсон дар ҷомеаи мутамаддин андешида мешаванд.

Яке аз ташаббусҳои саривақтӣ ва муҳиму беназири Пешвои миллат он аст, ки тавонистанд дар марҳилаҳои гуногун ҷиҳати бозгардонидани мардуми гумроҳшудаи тоҷик аз кишварҳои ҷангзада чораҳои фавриву ибратангез андешанд. Ҳикмати асосии чунин иқдом, ба андешаи мо, боз ҳам хиради инсонмеҳварӣ, фитрати баланди инсондӯстӣ ва дониши баланди сиёсии Президенти кишвар мебошад, ки бо вуҷуди интихоби роҳи нодурусти баъзе нафарони кӯтоҳандеш мехоҳанд миллатро сарҷамъ намоянд ва ба ҷаҳониён нишон диҳанд, ки тоҷик ва мардуми тоҷик имрӯз пуштибону роҳбари сиёсӣ дорад ва ӯ ҳеҷ гоҳ намегузорад то нафаре аз табори тоҷикон дар ин ё он гӯшаи олам мавриди шиканҷа ва тазйиқу фишори сиёсӣ қарор гирад. Дар ин маврид танҳо ва танҳо ҳамон сухани таърихии Пешвои миллат пеши назар меояд, ки ҳанӯз солҳои аввали нобасомониҳои сиёсии давлат иброз намуда буданд: «Ман то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, осуда намехобам». Маълум мегардад, ки ин сухани саршор аз садоқату муҳаббат дар оянда ба шиори сиёсии давлату миллат табдил ёфт, ки асоси онро боз ҳам тараннуми инсондӯстии Роҳбари давлати тоҷикон ташкил медиҳад.

Тавре ҳамагон медонем, бо ибтикору ташаббуси бевоситаи Президеннти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз қабл 47 нафар занону кӯдакон(13 оила, 15 зан, 17 духтар, 15 писар) баъд аз саргардониву сардаргумиҳои зиёд тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Ташаббуси мазкур идомаи мантиқии иқдомҳои хайрхоҳонаи Роҳбари давлат аст, ки зарфи солҳои 2019-2023 зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони тоҷикро аз минтақаҳои даргири сайёра ба ватан баргардонидаанд. Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки авзои ҷаҳон ба ҳадди хатарнок ноором буда, ҳар лаҳза хавфи бархурди абарқудратҳои сиёсӣ пеш омада, таҳдид ба амнияти мамлакатҳои рӯ ба инкишоф дорад. Дар чунин шароити ҳассос, ки андешаву зиракии сиёсӣ бояд дар ҷойи аввал қарор гирад, рӯ овардан ба чунин иқдоми инсондӯстона танҳо аз матонату садоқат ва муҳаббату ҷасорати Пешвои миллат дарак медиҳад, ки ҳамеша мушкилкушову раҳнамои мардуманд. Ба қавли шоир:

Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,

Гаштӣ ба рӯзи сахтӣ мушкилкушои миллат.

Қобили зикри махсус аст, ки ташаббуси болозикр дар таҷрибаи сиёсати ҷаҳони муосир камназиру бесобиқа мебошад. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки на ҳар роҳбари сиёсӣ метавонад дар ҳамин шабу рӯз аз чунин шеваи инсондӯстона ба тариқи судманд кор гирад ва муваффақ бошад. Ба кишварҳои зиёде метавон ангушти ишорат намуд, ки имрӯз шаҳрвандонашон пайи манфиатҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар гӯшаҳои алоҳидаи дунё парокандаву парешон буда, хоҳони бозгашт ба ватанро доранд, вале, мутаассифона, аз пуштибонии давлату ҳукумати хеш маҳруманд. Аз ин ҷиҳат, чунин тарзи корбарӣ аз ҷониби Пешвои миллат, бешак, намоди қаҳрамониву ҷоннисорӣ дар роҳи осудагии ватан ва сарҷамъ намудани миллати сарбаланди тоҷик аст. Болотар аз ин, чунин иқдом садоқату муҳаббат ва бовариву умедвории мардумро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон афзун менамояд ва дар роҳи ободии он имкониятҳои наверо фароҳам меорад.

Ба таври дақиқу мушаххас метавон гуфт, ки масъалаи инсон ва инсондӯстиву инсонгароӣ имрӯз яке аз рукнҳои асосӣ ва муҳимми сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фаро гирифтааст. Самараи чунин муносибати хайрхоҳона аст, ки пешрафту гулгулшукуфоии Тоҷикистонро мо сари ҳар қадам ба мушоҳида мегирем ва аз он тоҷикона меболем. Пас, месазад, ки ҳар яки мо дар ҷавоб ба чунин меҳрубониву садоқати Пешвои миллат бо рафтору кирдори арзандаву созанда пайи ободии кишвар ҷавоб гардонем ва нагузорем, ки нафаре аз табааи тоҷик бо роҳи хато дар паҳнои сиёсати ҷаҳонӣ саргардону бепуштибон гом ниҳад.

Дӯстзода Ҳ.Ҷ. – н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забони адабии муосири тоҷикии факултети филологияи ДМТ