МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ БА УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ

70

Имрӯз (29.08.2024) дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд.

Нахуст Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати 33-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки “дар фазои тантанавӣ баргузор гардидани маросими мукофотсупорӣ худ рамзи эҳтироми роҳбарияти давлат ба хизматҳои шоистаи ҳар як шахс мебошад. Қадрдонӣ кардан бо мукофоти давлатӣ, ҳамчунин, эътирофи фаъолияти пурсамару ибратбахши давлативу ҷамъиятӣ, истеҳсоливу соҳибкорӣ ва эҷодиву фарҳангӣ дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисоду фарҳанги миллӣ ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеа мебошад”.

Боиси ифтихор аст, ки дар миёни сарфарозшудагон бо мукофотҳову ҷоизаҳои давлатӣ зумрае аз устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданд.

Аз ҷумла, Ғаффорзода Илёс Ғаффор – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ бо медали “Хизмати шоистаи Тоҷикистон”, Сафаров Умархоҷа Раҳимович – профессори кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бо унвони фахрии «Корманди_шоистаи Тоҷикистон», ва Раҷабова Лутфия Нусратовна – иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои факултети механикаю математика, Низомов Зиёвиддин – ходими пешбари илмии Институти илмию таҳқиқотии назди Донишгоҳ бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2024, Ваҳҳобзода Рустам – дотсенти факултети филология бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Раҷабзода Фаридун Кишвар – номзади илмҳои биологӣ, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, Хокиев Дониёр Ҷалилович – мудири кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои факултети механикаю математика, Саидзода Далер Муҳибулло – муаллими калони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафа, Зокирова Фарзона Ҷумаевна – муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ бо Ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника” сарфароз гардиданд.

Нимаи дуюми рӯз дар бинои марказии Донишгоҳ ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. зимни ифтитоҳи чорабинии тарбиявию маърифатӣ дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ – василаи муҳимми худшиносӣ” бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҷоизадоронро самимона шодбош гуфта, дар иҷрои фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳо таманно намуд.

Ҷоиза муборак, устодони азиз!