БАҚОБАХШАНДАИ МИЛЛАТ ЗАБОН АСТ!

183

Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар масири таърихи инсоният миллатҳои зиёдеро мисол овардан мумкин аст, ки бо сабабҳои гуногун аз рисолати давлатдории худ ҷудо гардида, имрӯз дар харитаи сиёсии ҷаҳон ба ҳайси кишвари мустақилу дорои таъриху тамаддуни бой зикр намешаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин қисмати талхро маҳз ҳамон миллатҳое аз сар гузаронидаанд, ки ҳароина натавонистанд дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ аз арзишҳои милливу фарҳангӣ ва таърихии худ ба таври бояду шояд пуштибонӣ ва ҳифз намоянд.

Онҳо зери тазйиқу фишори фарҳангу тамаддуни мардумони дигар муҳимтарин рукнҳои давлатдории худро аз даст доданд ва дигар тавони давлатсозиву тамаддунпарвариро дар ихтиёр надоранд. Бо вуҷуди он ки мехоҳанд соҳиби сарзамини кучаке бошанд, вале боз ҳам нотавонии диду андеша ва ғайрати миллиашон монеи расидан ба ормонҳои деринтизор мегардад.

Мутаассифона, миллати тоҷик низ аз зумраи ҳамон халқиятҳоест, ки дар тӯли таърихи начандон дароз бо муқовиматҳои диниву мазҳабӣ ва сиёсиву фарҳангии мардумони дигар пайваста дучор омад ва дар набарду санҷишҳои сахту сангини таърихӣ ба таври чашмрас осеб пазируфт. Чунин осебпазириро муҳаққиқони соҳа ва таърихнигорон бештар ба он нисбат медиҳанд, ки мо тоҷикон дар паҳнои таърих ҳамчун миллати фарҳангпарвару порсо ва илмдӯсту некандеш миёни дигар қавмҳо шуҳрат доштем ва чунин афзалияти мо ҳамеша хашму ғазаби дигаронро ба ҷӯш меовард.

Мо, ки маданияту зарфияти баланди сарвариву шаҳрдорӣ ва ободкориву давлатсозиро дошта, эҳтироми ҳамсоягиро комилан баҷо меовардем ва ба ҳеҷ сарзамини дигар чашми тамаъ надоштем, дар пешорӯи таҷоҳуми диниву фарҳангии миллатҳои дигар танҳо аз силоҳи илму адаб ва забону фарҳанги оламгир истифода намудем. Ҳарчанд моро қатлу ғорат намуда, беҳтарин ганҷинаҳои илмиву маънавиямонро ба коми нестӣ бурда, сарзаминҳои аҷдодии моро бераҳмонаву бадолатона аз они худ карданд, бо вуҷуди чунин ваҳшонияти гӯшношунид натавонистанд тоҷику забон ва таъриху фарҳанги тоҷикиро аз саҳфаи таърихи башарият пок созанд. Болотар аз ин, мо тавонистем дар авҷи чунин муқовиматҳои миллатситезона бо қимати ҷон илму адаб ва забони хешро тавассути нобиғаҳои сарсупурдаи сухан ба тамоми қаламрави дунё интишор диҳем ва худро ҳамчун як ҷузъи муҳимму ҷудонашавандаи ҷомеаи мутамаддин муаррифӣ намоем.

Ба қавли шоири зиндаёд Бозор Собир;

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,

То наафтанд аз забони хештан.

Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,

То наафтад бар замин қадри сухан.

Мо бояд фаромӯш насозем, ки дар муқобили чунин танишҳои муғризонаву беадолатонаи таърихӣ ҳамеша нангу номус ва ғайрату матонати тоҷикӣ моро ёр буд ва чунин хислати азалӣ яке аз вижагиҳои миллии мардуми тоҷик қаламдод мешавад.

Агар аз таърихи ҳазорсолаи фарогири садаҳои даҳуму бистум хулосабарорӣ намоем, пас, маълум мегардад, ки ягона арзиши миллии муаррифгару бақобахшандаи халқи тоҷик, ки нагузошт таъриху тамаддуни мардуми мо ба вартаи ҳалокат расад, ин танҳо ва танҳо забон буд. Ҳамон забоне, ки тавонист дар лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз барои миллати мо ба сифати аслиҳаи қудратманде сипар шавад ва неруяш ҷаҳонро бо ҷаззобияти сухани ноби тоҷикӣ тасхир намояд. Ин ҳамон забонест, ки аз Рӯдакӣ сар карда то Айнии сухансанҷ ҳамагон андешаҳои милливу озодихоҳонаи худро тавассути он баён намудаву пояҳои минбаъдаи илму адаби тоҷикиро мустаҳкам намуданд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки чунин муносибати дурусту бамавриди адибони соҳибқалами мо дар ҳамон шабу рӯз минбаъд ба эъмори давлати мустақили тоҷикон дар охирҳои асри гузашта сабаб гардид.

Дар замони ҳукуматдории шуравӣ, ки беш аз 70 солро фаро мегирад, аҳволи забони мо ҳамон гунае буд, ки дар зарфи ҳазор соли гузашта аз сар гузаронида буд. Яъне дар ин марҳилаи таърихӣ низ забон ба сифати унсури муҳимми давлатдориву эҳё ва пояндагии миллат пайваста зери фишори таъсири забону фарҳанги бегона қарор гирифт ва то ҷое тавонист қудрати луғавию маъноии худро дар заминаи чунин таъсирпазирӣ коста гардонад. Мувофиқи ақидаи донишманди забоншинос, профессор Ҳомид Маҷидов: «Баъди Инқилоби Октябр иқтибоси калимаҳои русию аврупоӣ ба тоҷикӣ хеле авҷ гирифт. Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ дар қабулу истифодаи калимаҳои русию аврупоӣ ягон меъёри муайяне вуҷуд надошт. Аз ҳамин сабаб на фақат дар солҳои 20-уму 30-ум, ҳатто солҳои 50-уму 60-ум ҳам калимаҳои зиёди русию аврупоӣ бе ягон зарурат ба ҷойи калимаҳои худӣ ба кор бурда мешуданд» (Маҷидов Ҳ., Забони адабии муосири тоҷик, 89). Забони ҳукмрону таъсиргузор, ки забони русӣ буд, вобаста ба сиёсати вақт то ҳадде маҳдудаи истифодаи забони тоҷикиро танг намуда буд, ки ҳатто андешаву муоширати муҳити хонаводагӣ бо ин забон сурат мегирифт. Ҳар нафаре, ки бо ин забон андеша меронд, мавриди эҳтироми хос ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни ниҳодҳои дахлдор қарор дошта, ба қавле «гули сари сабад»-и ҷомеа буд.

Дар ин давра он забони илм, расмиву коргузорӣ, муоширати миёни ақаллиятҳои миллӣ ва ҳатто забони суханрониҳои сатҳҳои баландӣ давлатӣ гардид. Вале бо вуҷуди чунин таъсирпазириҳои амиқ забони тоҷикӣ тавонист симову пайкараи таърихии худро нигоҳ дорад ва дар мавридҳои зарурӣ ҳамчун аввалзабони модарӣ дар хизмати соҳибонаш қарор дошта бошад. Бар замми ин, ба бахти миллату давлат он тавонист бо шарофати заҳматҳои бесобиқаи як гурӯҳ равшанфикрону зиёиёни тоҷик дар охирҳои солҳои 80-уми гузашта аз худ дарак диҳад ва ба мақоми забони расмии давлатӣ пазируфта шавад. Санаи 22-юми июли соли 1989 дар таърихи давлатдории тоҷикон ва забони тоҷикӣ падидаи беназире рӯйи кор омад, ки гумон мекунем, оғози дастовардҳои бузурги фарҳангӣ дар роҳи минбаъдаи давлатдории тоҷикон ба ҳисоб мерафт. Ин қарори Шурои Олии ҳамонвақта санади тақдирсози миллат гардида, исбот намуд, ки ҷиҳати ба даст овардани Истиқлоли сиёсӣ заминаи асосӣ маҳсуб меёбад. Агар мантиқан хулоса намоем, мо сараввал истиқлоли забонӣ ва баъдан истиқлоли давлатиро ба даст овардем.

Хушбахтона, ба бахти мардуми мо баъд аз сарсониву саргардониҳои зиёде дар паҳнои таърихи зиёда аз ҳазорсола дарахти умеду орзуҳои миллати тоҷик самар овард ва дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 мо соҳибистиқлол шудем. Инак, 33 соли сипаринамудаи даврони Истиқлол исбот намуд, ки мо дар интихоби роҳи давлатдорӣ хато накардем ва зери сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боҷуръатона ба сӯйи ояндаи неку дурахшон гом мениҳем. Боз ҳам яке аз унсурҳои муҳимми фарҳангие, ки дар ин марҳила замони тобандагиву боландагӣ ва миллатсозиро пушти сар намуда истодааст, забони расмии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ, мебошад. Забоне, ки пайваста зери таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад ва ҳомиву пуштибони асили он бевосита Пешвои муаззами миллат ва халқи тоҷик мебошанд. Самараи чунин ғамхориву некхоҳӣ нисбат ба забон ва мақоми он дар ҷомеа буд, ки дар ин муддат пайи беҳдошти он як қатор чораандешиҳои судманд рӯйи кор омаданд. Тасдиқи ин гуфтаҳо ба нашр расидани ҷилдҳои якум ва дуюми китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» аз ҷониби Президенти кишвар, таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди танзимкунандаи сиёсати забонии ҳукумати ҷумҳурӣ, эълон доштани «Соли забони тоҷикӣ», қабули «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва дигар ташаббусҳо мебошанд, ки, бешак, ба устувор намудани мавқеи забон дар ҷомеа нигаронида шудаанд. Тавре Президенти кишвар дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат 20-уми марти соли 2002 иброз дошта буданд: «Дар баробари ин, ғамхорӣ ва пуштибонӣ аз забони давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ, вусъат бахшидан ба фазои амали он дар тамоми чабҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар низоми давлатдорӣ, асоси сиёсати давлатии мо буд ва мемонад. Ин як амри таърих, шарти истиқлолияти давлатӣ ва тақозои ҳувияти миллии мо мебошад».

Бо бовариву умед метавон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир забони тоҷикӣ рисолати хешро дар пешорӯи давлату ҳукумат ва пеш аз ҳама, мардуми тоҷик беш аз ҳар давраи таърихи инкишофи худ иҷро намуда истодааст. Он имрӯз муаррифгари давлати Тоҷикистон ва таъриху тамаддуни оламшумули халқи тоҷик мебошад, аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ садо дода, муждаи сулҳу суботи сартосарӣ ва якдиливу сарҷамъии миллатро ба кулли инсоният мерасонад. Онро, барҳақ, метавон маҳаки асосии мавҷудият ва пойдории давлату миллати тоҷик ҳисобид. Ба қавли донишманди зиндаёд М. Шакурӣ: «Таъмини умри забони тоҷикӣ таъмини умри халқи тоҷик аст» (М. Шукуров, Забони мо – ҳастии мост, 92).

Дӯстзода Ҳ.Ҷ., доктори илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи забони адабии муосири тоҷикии ДМТ