МОҲИЯТ ВА ЗАРУРАТИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ

49

Имрӯз (17.10.2024) дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” вохӯрии судманд бо Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ: намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ализода Зариф ва устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ доир гардид.

Зимни сухани табрикотӣ декани факултет, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ ҳамагонро ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, иброз дошт, ки устодону кормандон ва донишҷӯёни факултет ҳар сол ин санаи таърихиро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда боқадамҳои устувор пеш меравад.

Меҳмони гиромӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ализода Зариф зимни суханронии хеш иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявию маърифатӣ баҳри баланд бардоштани маърифатии ҳуқуқии устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ мусоидат намуда, дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди қабули қонуни асосии кишвар – Конститутсия муҳим мебошад. Тавре Пешвои муаззами миллат иброз доштаанд: “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».

Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба таърихи Конститутсия ва давраҳои қабули он суханронӣ намуда, иброз дошта, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯза марҳилаи нави тараққиёт ва пешрафтро паси сар карда истодааст, ки бо назардошти ин муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ба танзими ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон эҳтиёҷ дорад. Аз ин ҷост, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад, ки он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Гуфта шуд, ки бо заҳмату талошҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки пояҳои давлатдориро устувор намуда, роҳи минбаъдаи таҳким ва пешрафти онро муайян кард. Конститутсия барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард.

Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки бо гузашти солҳо наслҳои нав бояд дарк намоянд, ки Конститутсия воқеан бахтномаи миллати мо ба шумор рафта, дар амал татбиқ намудани талаботи Конститутсия ҷомеаро боз ҳам хушбахт ва давлатро пешрафта мегардонад. Ва дар шароити муосир хеле зарур аст, ки ба қишри ҷавони ҷомеа моҳият ва зарурати сохти конститутсионӣ, инчунин, ҳифз намудани он бештар фаҳмонда шавад.