ЯК ДАРСИ ДОНИШУ АНДЕША

52

(аз авроқи ёд)

Баргаҳои дар рӯи роҳ хобидаро бо нияти дар ҷузвадон ҷой намудан хам шуда гирифтам. Онҳоро пасопеш ғун дошта, лаҳзае ба фикр фурӯ рафтам.

– Чи қадар зиндагӣ тезгузар аст ва ин баргаҳо мисле, ки аз ҷузвадони тақдир рӯи роҳ афтода буданд, якборагӣ тамоми саҳнаҳои парокандаеро аз ҳар айём пеши рӯ меоварданд. Аз ҳама муҳимаш, дар тамоми ин баргаҳо навиштаҳое ҷой дошт, ки бо як риштаи қаввӣ бо ҳам гиреҳхурда буданд.

Аслан вақте ки инсон назокати ҳар кореро дар зиндагӣ пайдо мекунад, дармеёбад, ки сарчашмаи тамоми эъҷозу ҳунар, муваффақияту музаффарият, нерӯву тавоноӣ ва иқболу некбахтӣ ҳамоно аз Худованд аст. Банда низ дар ғӯну гири ин баргаҳои пошхурда, ба айёми донишҷӯиву тадрис дар аспирантура баргаштам.

Ҳанӯз дар даврони донишҷӯӣ, донишманде, ки бароям бисёр гиромӣ буд, Устоди зиндаёд Шовалӣ Сайҷаъфаров, ҳамеша дар маҳзари ишқу муҳаббат адабиётро дар қалби мо ҷо менамуданд. Суханашон ҳамеша дар гӯшам садо медиҳад (ёдашон ба хайр бод): – Адабиёт ба монанди баҳрест, ки ҳар нафари буздил дар он майли даромаданро намекунад… охир бубинед Омулӣ чи мегӯяд:

Пироҳане аз тори вафо дӯхта будам,

Чун тоби ҷафои ту наовард кафан шуд.

Ҳамин тавр то беинтиҳо метавонистанд аз ин баҳри бепайдоканори адабиёт дурру гавҳари маънӣ берун оранд. Банда, ки аз шогирдони Устод будам, то курси панҷум бисёр вақт барои маслиҳат гирифтан, дар кори курсию дипломӣ наздашон мерафтам. Яке аз сабабҳои рӯй овардани банда ба илми адабиётшиносӣ ва, махсусан, кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ талқинҳои ҳамешагии ин Устоди зиндаёд буд, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам: -Агар воқеан аз дарёи адабиётшиносӣ дурр ҷустан хоҳӣ, – мегуфтанд, ҳатман мактаби адабиётшиносии Устод Худоӣ Шарифро ҷуё шав!. Ҳарфашонро рӯи чашм намуда дунболи мақсуд шудам.

Бале, ҳамин як сухан метавонад зиндагии инсонро дигар кунад ва дигар як азме, ки аз инсон бастагӣ дорад ва боз агар Худованд дар фаросӯи тақдираш ҳамчунин азмеро арзонӣ дида бошад. Аз иттифоқи тақдиру айём баъди хатми донишгоҳ бо мақсуди нек ба ҳузури Устоди гиромиқадр Худоӣ Шарифзода шараф ёфтам ва ин аз аввалин муваффақиятҳои банда дар ин роҳи пешанамуда буд. Устод аз он чи ки бароям тавсиф намуда буданд, бештару ба маротиб бузургтар буданд ва бузургиву азаматашонро бо чунин қалами шогирдона ҳеҷ гоҳ наметавонам васф кунам.

Албатта ворид шудан ба мактаби илмии Устод кори саҳл набуд, чунки аён буд, ки ҳар нафар ҳам наметавонад вориди ин мактаби бузурги Устод гардад. Мушкилписандиву иродаи қавии бандаро дида, Устод иҷозат доданд як сол ба ҳайси коромӯз-муҳаққиқ фаъолият намуда, баъд барои аспирант шудан азм бигирам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Як сол баъд – соли 2009 баъди омодагиҳои зиёд, банда тавонистам ба унвони аспиранти кафедраи таърихи адабиёти тоҷик, ки бо номи кафедраи Устод Худоӣ Шарифзода маъруф буд, мушараф гардам.

Ин ҳанӯз як дидгоҳи аввалияе барои шинохти як шахсияти бузург аст, аммо дар жарфи ин “дидгоҳи аввалия” банда метавонам чизҳоеро бигӯям, ки рӯи ин саҳифаҳо хобидаву, дар ҷусторҳои минбаъда бешак маро ҳамраҳӣ кардаанд.

Аввалан, мо инсонҳо бояд эътироф намоем, ки ҳар куҷое нақши муҳаббати асил пойдор аст, ниҳоят метавонад онро ҷаҳонгир намояд. Ин муҳаббатро аз муносибати Устод ба адабиёт пайдо кардам, ки аз ҳар суҳбати эшон ҷаҳони маънавӣ бою дарҳои наве барои маърифати олами вуҷуд боз мешуд. Яъне агарчи дар зоҳири мо шогирдон, ки навроҳи ин ҷода будем, муҳаббати хоссе дида нашавад ҳам, аммо асари ин муҳаббат дар ишқу садоқате, ки аз ҳар амалу рафтори Устод Худоӣ Шарифзода нисбати кору атрофиён зоҳир мегашт, дар қалбҳои мо равшаниву гармиро ба илми адабиёт дучанд менамуд ва ҳамеша дар суҳбату дар ҳузури Устод ин муҳаббат бараъло эҳсос мегашт ва сарчашмаи ин муҳаббат Устод буданд ва он ишқе буд, ки дар канораш ошиқони зиёдеро дар ҷодаи адабиётшиносӣ ба ҳам оварда буд ва ба мактаби бузурге онро табдил дода буд. Акнун банда низ аз ин илтифот бенасиб набудам. Минбаъд дар ҷаласаю нишастҳои илмӣ зарра-зарра аз илму ҳилм, ки аз дарёи маърифати Устоди бузург Худоӣ Шарифзода берун мешуд баҳравар мегардидам. Кӯшиш менамудам аз машварати Устод дар ҳар мавриде бархурдор бошам. Устод дарёдил буданд ва ҳеҷ гоҳ дасти кумаки хешро аз касе дареғ намедоштанд ва новобаста аз номусоидии вақт ҳар нафаре ба эшон муроҷиат менамуданд, ҳатман роҳнамоӣ мекарданд, бавижа, аз ин дарёи илму ҳилми Устод ҷавонон бештар баҳра мебардоштанд.

Агар бихоҳам ба содагӣ портрети Устод Худоӣ Шарифзодаро бикашам, фикр мекунам шахсияту фитрати поки инсониашон аз ҳар гӯшае дар ин портрет аз худ дарак медиҳанд.

Аслан, Устод як инсоне буданд, ки ҳамеша кулвори андешаашон пур аз суханҳои тоза буда, дар баробари ин, фурӯтаниву салобати ба худашон зебанда доштанд, ки ба шахсияташон хос буда, зуд дар зоҳир ба чашм мехурд. Навовару навофар буданд, куҳнагӯиро намеписандиданд ва ба мавзуъҳое дахл мекарданд, ки дархури масоили ҷаҳонӣ ҳастанд. Ин ҳама аз ботини саршор аз ишқашон ба адабиёту Ватан сарчашма мегирифт. Завқи баланди зебоишиносӣ доштанд. Ҳамонгунае, ки дар гуфторашон назокату зарофати сухан ба назар мерасид, дар либоспӯшиашон низ як ҷазобати ба худашон хос доштанд, ки нишонаи баркамоливу муадабии Устод ба шумор мерафт. Ҳамеша дар ҷустуҷӯ буданд, аз ин рӯ, ҳарфи наверо пеш овардан барояшон хеле содаву равон буд. Барои пешрафти ҳар рӯзи адабиёт ҷаҳду талош меварзиданд ва василае аз рӯди пуртуғён ва поку мусаффои шохоби адабиёти тоҷик ба баҳру уқёнусҳои адабиёти ҷаҳон буданд. Дар як гуфтори хеш метавонистанд ҷаҳони маъниро ошкор намоянд ва суҳбатҳои ширину гуворои олимонаву орифона доштанд. Малеҳу борикназар буданд. Дар бархурди масоили илмӣ мулоҳизакор буданд, ҳар масъалаеро бо дарки баланди худшиносӣ ва маниши миллӣ баҳогузорӣ менамуданд.

Ҳамеша барои равнақи илми адабиётшиносии тоҷик андешаманд буданд.

Албатта, ба ин гуна портреттарошӣ Устод аслан ниёз надоштанд, чунки ӯ ба камоли шахсият бузург буданд ва матлаби банда аз ин гуфтор, аз зовияи диди як шогирди содиқ як дарси семинарии Устодро ба риштаи завқ перостан аст, ки ёддошташ дохили ин баргаҳои пошхӯрда хобида буд ва таасуроти худро роҷеъ ба дарсе дар миён гузорам, ки мутмаинам барои адабиётпажӯҳон низ ҳарфҳои наву тоза низ дар он нуҳуфтааст.

Дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон анъанае роиҷ аст, ки барои Устодони соҳибмактабу соҳибтаҷриба дар зарфи як сол маротибае чанд дарси семинарӣ – дар доираи маҳфили “Баҳори дониш” баргузор мегардад ва аслан, дар ин дарси семинарӣ, ки мисли маҳфил баргузор мегардад, нафароне ҷамъ меоянд, ки ба илму адабиёт таваҷҷуҳи зиёд доранд. Устодони соҳибтаҷриба дар раванди баргузории ин дарс бештар нуктаҳоеро матраҳ менамоянд, ки бозёфти нави эшон дар ин самт аст. Тибқи муқаррарот дарси семинариеро, ки Устод мегузарониданд ба моҳи декабри соли 2016 рост омад ва яке аз хотирмонтарин дарс дар ҳаёти банда буд.

Устод Худоӣ Шарифзода дар ин дарс адабиётро дар мисоли як шоҳкори азими адабиёти форс-тоҷик “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ баррасӣ намуданд ва масъалаҳоеро дар миён гузоштанд, ки то ҳанӯз аз ҷониби ягон донишманду шарқшиноси Шарқу Ғарб баррасӣ нашуда буданд. Бояд гуфт, ки Устод Худоӣ Шарифзода аз нахустин донишмандон дар ҳавзаи адабиётшиносии Тоҷикистон ҳастанд, ки дар рӯйи “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ ба таври умда таҳқиқот анҷом додаанд. Таҳқиқотҳои анҷомдодаашон дар ҳавзаҳои шоҳномапажӯҳии Шарқу Ғарб хуш истиқбол шуда, боиси ба майдон омадани чандин таҳқиқоти нави дигар дар ин замина гардидааст.

Илова бар ин, қонунмандиеро, ки аз лиҳози сохтору мазмун Ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” ғунҷонидааст, ниёз ба бозкушоӣ дорад ва на ҳар нафаре қодир аст ба ин кор даст бизанад. Кохи аз назм бинонамудаи Ҳакими Тӯс дастури таълимие дар ҳар давру замон буда, ҳамеша инсонҳоро ба ҳушёриву бедормағзӣ даъват мекунад. Аз ин рӯ, мо ба “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ бештар ҳамчун жанри ҳамосӣ таваҷҷуҳ мекунем ва ҳамеша дунболи авсофи қаҳрамонию паҳлавонии он ҳастем ва хато ҳам намекунем. Аммо агар мо ба “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аз нигоҳи олими барҷастае, чун Худоӣ Шарифзода бингарем, мавзуъҳои ҷолиберо хоҳем пайдо намуд, ки воқеан наву ҷустанӣ ҳастанд. Мавзуи суханронии Устод, асосан, “Достони Сиёвуш” буд, аммо то асли матлаб мо тавонистем аз нуктаҳои меҳимме бархурдор гардем, ки воқеан барои мо бозёфт буд. Фақат ҳамин як нуктаи муҳимми ишоранамудаи Устод, ки “Тамоми навъҳои адабиро Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” ба вуҷуд овардааст” метавонад ин идаоро исбот намояд. Аз ин рӯ, саъй мекунем якчанд нуктаи муҳимми соҳаи адабиётшиносиро, ки Устод дар ин гузоришашон баррасӣ намуданд пеш орем. Чи тавре қайд намудем,дар “Шоҳнома” бисёр масъалаҳое ҳаст,ки диди адабиётпажӯҳӣ мехоҳад, ба мисли навъҳои адабӣ. Навъҳои адабӣ дар “Шоҳнома” бо занҷираҳои ороёфтаи махсус, ки бо ҳам печидаанд дар қолаби адабӣ даромада аз худ дарак медиҳанд. Масалан, чи тавре ки Устод иброз доштанд, – агар мо ба қонунмандии мифҳо дар “Шоҳнома” ва худи миф сохтан назар афканем, аввалин нишонаҳои пайдо шудани афсонаро хоҳем мушоҳида намуд. Мифалогия, ҳамон ривоятест, ки бар мабнои дин қонунӣ мешавад, дар ҷои дигар миф ба афсона табдил меёбад. Дар ин ҷо мегӯяд Устод, – аз ҳама муҳим мо бояд донем, ки афсона фикри чароро меҷӯяд, яъне сабабашро меҷӯяд ва бечунучаро мо ин мавридро дар қисми асотирии “Шоҳнома”вомехурем. Акнун як ҷараёне, ки дар “Шоҳнома” моро водор мекунад ба он бештар таваҷҷуҳ намоем, ба ҳамоса табдил ёфтани афсона, корнома, достон-роман мебошад.

Устод Худоӣ Шарифзода ҳар як протсесси дигаршавии навъҳои адабиро дар мисоли ин ва ё он достон содда карда гузориш медоданд. Мисле, ки “навъҳои гуногуни достон, ба протсесси таърихии ба вуҷуд омадани достон, хос мебошад. Дар ҳафт хони Рустам то хони шашум афсона аст, баъд вақте девро кушта, хунашро ба чашми мардуми Эрон мешакад ва чашми мардум равшан мегардад ин ҷо алакай элементи дигар ба вуҷуд меояд, ки баҳси доманадоре мехоҳад”. Яъне ҳар як мавзуе, ки аз ҷониби Устод таҳлилу баррасӣ мешуд, тавзеҳу шарҳи алоҳидаеро талаб мекард ва эшон низ бо тааммул-дурандешиву мӯшикофӣ онро ба майдони андеша мекашиданд.

Азбаски мавзуи аслии баҳси Устод “Достони Сиёвуш” буд, бо овардани далелҳои зиёде дар атрофи ин мавзуъ, эшон ба матраҳ намудани “Достони Сиёвуш” пардохтанд. Яъне чи тавре ки Устод аз аввали суҳбат ишора намуданд, “дар “Шоҳнома” як хатте ҳаст, ниҳон, ки тамоми достонҳоро ба ҳам пайванд мекунад”. Ин суханони Устод ба навъҳои адабӣ низ дахл дошт ва аз рӯи навъи адабӣ, Устод “Достони Сиёвуш”-ро ба истиллоҳи имрӯза корнома ё роман маънидод намуданд. Фирдавсӣ, – мегӯяд Устод, – ба воситаи ҷону хирад аз чиз меофарад.

Яке аз хусусиятҳои қобили дарку мулоҳиза дар ин достон, аз рӯи ишораи Устод ин аст, ки “шукӯҳу бузургию пастӣ, нотавонӣ, ки дар ин достон ҳаст дар дигар достонҳо нест”.

Аз ин рӯ, вақте мо дар бораи анвои адабӣ ҳарф дар миён меорем, шакл гирифтани анвои адабиро аз диди устоди гиромиқадр Худоӣ Шарифзода метавонем дар ҷараёни ташаккулу таҳаввули адабиёт мушоҳида намоем. Яъне ба шакл даромадани афсона дар таҳаввулу шаклгирии устура асос мегардад, ки пайдоишу бунёди адабиёти ахлоқӣ, тамсилӣ ва ҳамосӣ низ бар он поя имконпазир мегарданд. Минбаъд ин протсесс ба пайдоиши дигар аҷзои адабӣ, ки ба шакл даромада ба анвои адабӣ табдил ёфтаанд, замина мешавад, ки чунин хусусияти шаклгириро дар марсия, мадҳия, ҳикмат, ирфон, ғино, танз ва ғ. метавон ба мушоҳида гирифт. Дар ин маврид адабиёт як дарахти сутургеро мемонад, ки шохаҳои бордори он ҳаройина ҳусни мазҳар ва гавҳару ганҷинаи адабиёт гаштаанд. Дар мисоли “Достони Сиёвуш” Устод Худоӣ Шарифзода ҳамон шукӯҳу сарбаландӣ, пастию шикебоиро,ки дар фароҳам омадани лаҳзаҳои ҳассоси достон асоси мантиқӣ доранд, судманду муҳим мешуморад.

Ба ақидаи Устод Худоӣ Шарифзода, Ҳаким Фирдавсӣ инсонро ончунон дар “Шоҳнома” ба қалам додааст, ки ҳамеша дар ҳадди ахлоқӣ муҳокима меронад. Ин нуктаи арҷи баҳогузории Устоди гиромиқадр ба ҳамосаи миллии мардуми форс-тоҷик аст, ки дар таҳлили “Достони Сиёвуш” арзёбӣ гардид. Дарси Устод наздики ду соат идома ёфт, аммо банда кӯшидаам қатраеро аз як баҳри бекарон ба хони маънӣ баркашам, то рӯҳу равон аз он шодоб гардад, вагарна аз як дарси донишу андеша ва бар мабнои афкори олими гаронмоя, Устоди азизу арҷманд Худоӣ Шарифзода метавон китоби беназиреро интишор дод, ки тамоми умр ба инсоният хидмат намояд.

Рӯҳашон шоду ёдашон гиромӣ бод!

ГАНҶИ ИЛЛОҲӢ

(Ба 85-солагии Арбоби илм, узви вобастаи АМИТ,профессор Худоӣ Шарифзода)

Ба ганҷ андар буд он ганҷе илоҳӣ,

Саодатрой чун азми пагоҳӣ.

Чу тифли ёди ӯ шуд мактабу илм,

Забон ойинаи ҷон, дил гувоҳӣ.

Ба муҳри илм ҳар чӣ дошт маънӣ,

Даруни сина кардаш борхоҳӣ.

Камоли меҳр з-он оинаи умр

Бикард ӯ сабт дар мактуби шоҳӣ.

Рафиқе буд рафиқи софпиндор,

Шарики умр буд, ҳар лаҳза хоҳӣ.

Ба атторӣ дар ин гардунаи дун

Шамими бахт шуд чун субҳгоҳӣ.

Навишт ар номае номи шарифаш,

Гиромӣ дошт расми додхоҳӣ.

Ба ранҷ андар буду заҳматқарин ӯ,

Бишуд ойини умраш некхоҳӣ.

Худоӣ буд, худоӣ кард худро,

Ба роҳи илм ӯ як умр роҳӣ.

Агар дорад фурӯғе шамъи роҳаш,

Ҷуз ин парвонае хуштар чӣ хоҳӣ?

Бувад то гулшани боғаш муаттар,

Сафои дил барад з-он садру гоҳӣ.

Зи бас бикшод банди илм яксар,

Мукаррар шуд варо унвони доҳӣ.

Нозимова Гулрухсор Саидисломовна номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи ДМТ