ПЕШВОИ МИЛЛАТ – НАҶОТБАХШУ РОҲНАМОВУ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

46

Шахсияти бузурги таърихие, ки назирашро наметавон дар авроқи таърих пайдо кард, ин бузургмарди таърих, бунёдгузори давлати навини тоҷикон, марди худододу поксиришт, асилу некқадам, абармарди хирадсолору қавииродаи майдони сиёсат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамчун неруи тавонои наҷотбахшу роҳнамову пешбар сабабгори аз парокандагию нестӣ, гумроҳиву нофаҳмӣ наҷот ёфтан, баҳамоиву ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмию якдилии миллати тоҷик, базудӣ барқароршавии сулҳу субот, дар дили халқи худ барафрӯхтани шуълаи умед ба фардои осудаву дурахшон, сохти давлатдории ҳуқуқбунёду дунявӣ, дӯст доштану ҳифзи Ватан, бедории ҳувияту таҳкими худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ, ташаккул ва татбиқи арзишҳои миллӣ, дар талотуми таърихи муосир бори дигар эҳё шудану ба ҷаҳониён муаррифӣ гардидани ин миллати куҳанбунёду тамаддунофар ва рушди босуботи минбаъдаи он гардидааст.

Бо таассуфи беандоза ёдрас мешавем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон воқеаву ҳодисаҳои ибтидои солҳои 90-ум кишварро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд ва ин боиси ба буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гирифтор шудани тамоми самтҳои фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ гардид, ки ин шароити мураккабу ҳассоси таърихӣ хатари парокандашавии миллат, заволи давлат, ба қисматҳо ҷудо гардидани ҳудуди Тоҷикистонро пеш овард. Бо лутфу инояти Худованд ба бахти миллати тоҷик дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди бонангу номус ва вафодори миллат, хирадманду нексиришт, покдилу покният, адолатхоҳу додгустар, далеру боғайрат, ташаббускору созанда, ватандӯсту халқпарвар ва ҳувияти баланди миллидошта ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, яъне ӯ дар шароите ба саҳни сиёсат ворид гардид, ки давлат низоми сиёсии худро аз даст дода, дар арсаи нобудшавӣ қарор дошт, халқи тоҷик дар ҳолати яъсу ноумедӣ умед ба фардои худро аз даст дода буд. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ андешаву хиради волои ин марди ватандӯсту покзамиру дурандеш тавонист ин миллату давлатро аз маҳву парокандагӣ наҷот диҳад, оташи ҷанги дохилиро хомӯш ва сулҳу ваҳдатро дар мамлакат пойдор сохт, то охирин гурезаро ба Ватан наовард, ором нагирифт, дар дили халқаш барои зиндагии ободу осоишта шуълаи умедро бедор кард, заминаҳои бунёдии системаи идоракуниро ташаккул дода, давлатдории миллиро эҳё намуд, барои рушди минбаъдаи кишвар, барои аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадан ва Тоҷикистонро ба марҳалаи нави инкишоф ворид намудан амалисозии барномаҳои рушди кишварро ҳамаҷониба вусъат дод, монанди бунёди нақбу роҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, неругоҳҳо, рушди хоҷагии қишлоқ, кишоварзӣ, боғдорӣ, сохтмон, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа.

Ташаббус ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба забону таъриху фарҳангу урфу одатҳои миллӣ исботи онанд, ки ӯ воқеан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад. Ин аст, ки халқи тоҷик Сарвари ҷасуру хирадманду дурандешу созандаи худро самимонаву сидқан дӯст дошта, заҳмату талошҳои пайваставу шабонарӯзӣ ва корнамоиву ҷонфидоиҳои ӯро дар роҳи эъмори сулҳу давлатдории навини тоҷикон арҷгузорӣ намуда, ба ӯ унвони олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистонро додаанд, ки ҳалолаш бод!

Бо сарфарозӣ ва ифтихори бузург метавон гуфт, ки кору пайкори Пешвои маҳбуби тоҷикон, оини давлатсозиву сулҳофарии ӯ дар радифи шахсиятҳои бузурги миллатсоз қобили қабулу дастури ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин тоҷики асилу созанда аз тоҷик буданаш ҳамеша ифтихор дошта, бо симои зебову банури тоҷикона ва лаҳни ширини тоҷикӣ дар муаррифӣ намудани миллату забону фарҳангу тамаддуни қадимаи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим дошта, забони ширину гушнавозу шевои тоҷикӣ борҳо аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз забони ин давлатмарди соҳибзабону соҳибхирад садо додаст ва бо ин забони шеъру адаби оламгир иқдому ташаббусҳои оливу беназири пешниҳоднамудаи ӯ дар бораи беҳтар намудани вазъи экологии сайёра, оби тозаи ошомиданӣ, ҳифзи пиряхҳо ва сайёра, таҳкими сулҳу субот, маҳкум кардани тероризму экстремизм аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сиёсӣ дар ҷаҳон обрӯй ва эҳтироми хосса дошта, яке аз субъектҳои мубориз бар зидди экстремизму тероризм муаррифӣ шудааст.

Саҳми ватандӯстдоронаву фарҳангсолоронаи Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини устувории сиёсӣ, рушди низоми давлатдорӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ, рушди энергетикӣ ва саноатикунонӣ дар бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, забону фарҳангу урфу одатҳои миллӣ, эҳё, ҳифз ва муаррифӣ намудани адабиёти оламшумул ва таъриху фарҳангу тамаддуни қадимаи миллати тоҷик бағоят бузургу беназир аст. Ҷашни Наврӯзи тоҷиконро ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил дода, “Фалак”-ро аз фалак ҳам болотар бурд, “Шашмақом”-ро ба мақоми олӣ гузошт ва нақши зебои “Чакан”-и тоҷикиро ба оламиён муррифӣ намуд. Ҳамзамон шарафу ҳувияти миллати мутамаддини тоҷикро бо гиромидошти бузургони миллат – Имоми Аъзам, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ, Туғрали Аҳрорӣ ва даҳҳо дигарон ба ҷаҳониён ҳувайдо намуд, китоби “Тоҷикон”-ро ба ҳар як хонаи тоҷик, бо мақсади огоҳ будан аз аслу таърихи гузаштаи хеш, ҳадя намуд, ҷашнҳои қадимаву миллӣ – Меҳргон, Сада, Тиргонро дар баробари Наврӯзи байналмилалӣ дубора эҳё намуд.

Имрӯз Ватани азизи мо – Тоҷикистонро нисбати дирӯзу солҳои пешин ободу озоду зебо, мардумашро дар амну осоиш мебинем, ки ҳамаи ин бо шарофати рооҳнамоию қудрати сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тавонист бо ақлу заковат, хиради азалӣ, дилу нияти пок, иродаи устувор, ҷасорату шуҷоат, созандагию ободкорӣ ва адолату хирадсолорӣ дар дилу дидаи халқаш роҳ ёбад ва бо зиндагии ободу озоду осоишта онҳоро ба сӯйи фардои дурахшон раҳнамун созад.

Миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир бо Сарвари сиёсии соҳибназару некбину хирадпешаву фидокору дурандеши худ, ки зиёда аз 30 сол боз Роҳбари ин давлату Пешво ва роҳнамои ин миллат аст ва дар дилу дидаи мардум бо кору пайкори созандаву инсонгароёнаву адолатпрваронааш ҷой гирифта, эътимоду боварии халқи кишварро ба даст овардааст ва ҳамчун лидери сиёсӣ қобилияти дарки равандҳои ҷаҳони муосирро дошта, метавонад Тоҷикистонро бо сулҳу суботи комил ба роҳи рушд бирасонад, гомҳои худро бо шиори “Тоҷикистон, ба пеш!” ба сӯйи марҳалаи рушди устувор ва фатҳи қуллаҳои мурод – ояндаи ободу осудаву неку дурахшон мегузорад.

Ифтихор доштану ба ҳам омадан ва ба ӯ пайравӣ намудан ин нишонаи муҳаббату боварӣ ва эътимоди кулли қишрҳои ҷомеа ба Сарвари некқадаму созандаву ободкор буда, сарчашмаи ин ҳама дарки нозукбинонаи воқеияти таърихии марҳилаи имрӯзаи рушди Ватани азизамон, ифодаи орзую омоли мардуми ин сарзамин барои таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ, бунёди ҷомеаи рушдёфтаву мутараққии муосир, фатҳи қуллаи муроду расидан ба зиндагии дурахшону шоиста мебошад.

Тоҷикон хизматҳои шоиставу беназиру талошҳои шабонарӯзии ин абармарди сиёсӣ, фарзонафарзанди миллатро дар роҳи раҳоӣ аз нобудӣ, асорат, ноумедӣ, расидан ба осоиштагӣ, хушбахтӣ, соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ, эҳё, ободӣ ва фардои осудаву дурахшон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад ва қадр хоҳанд кард.

Шоири халқииТоҷикистон Давлат Сафар аз забони халқ барҳақ нигоштааст:

Ҷони ширинро фидо кардӣ ба миллат, зинда бош!

Дарди қисматро даво кардӣ ба миллат, зинда бош!

Дар раҳи ҳифзи ватандорӣ ҷавонӣ бохтӣ,

Хидмати худро адо кардӣ ба миллат, зинда бош!

Чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонӣ, оромӣ ва ҳастияшро барои пойдориву шинохту эҳёву ободиву озодиву сулҳу осоиштагиву созандагиву фардои пурифтихору дурахшони ин Ватан ва ин миллат бахшидааст, ман аминам, ки миллати сарбаланди ман низ ҳамеша якдилонаву сарҷамъ дар паҳлуи Пешвои хирадсолору раиятпарвару роҳнамои хеш буда, самимонаву сидқан дӯсташ медоранду аз буданаш шукргузору ифтихорманданд ва бо ӯ ба пеш, ба сӯйи фардои шукуфову рахшону ободу осуда гомҳои устувор мегузоранд. Аз забони шоир сидқан мегӯем:

Эй чеҳраи пурзиёи миллат, хуш бош,

Шоистатарин бақои миллат, хуш бош!

Дар роҳи мурод бо шумоем, Шумо,

Эй раҳбари раҳкушои миллат, хуш бош!

Давлатбӣ Акбарова – муаллимаи калони кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики ДМТ