ҲАМКОРИҲО БО ВОЛИДАЙН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ РОҲБАРИЯТ

33

Бо мақсади густариш додани равобити волидайни донишҷӯён бо Донишгоҳ имрӯз (07.12.2024) садорати факултети филология тасмим гирифт, ки суҳбатҳои судманро бо волидайни донишҷӯён ба роҳ монад.

Маҷлиси волидайнро декани факултети филология, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ ифтитоҳ намуда, нахуст падару модарон ва дигар намояндагони донишҷӯёнро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Зикр карда шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи олии таълимӣ ба тайёр намудани мутахассисони сатҳи баланд дар соҳаҳои гуногун машғул мебошад.

Таъкид гардид, ки маҳз ҳамкории судманди ҷонибҳо боиси беҳтар гардидани вазъи таълиму тарбияи фарзандон ва иқтидори кадрии мамлакат мегардад.

Дар рафти суханронӣ хотирнишон карда шуд, ки волидон масъалаи сару либос, фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии фарзандони хешро пайваста назорат намоянд. Зеро баланд бардоштани маърифати маънавию тарбиявии донишҷӯён бештар аз оила вобастагӣ дошта, аз ҳамаи волидайн масъулияти бузургро талаб менамояд.