АЙНӢ – НУРАФШОН ДАР ОСМОНИ АДАБУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

8

Имрӯз (15.04.2025) баъд аз гулчанбаргузорӣ дар назди пайкараи устод Айнӣ маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

Бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили 8-уми илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Устод Айнӣ ва адабу фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Ин чорабинии фарҳангиву илмӣ ба гиромидошти хотираи устоди бузурги сухан, асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон — Садриддин Айнӣ бахшида шуда буд.

Дар кори маҳфил намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёт ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар донишмандону аҳли қалам иштирок намуданд.

Маҳфил бо сухани ифтитоҳии декани факултети филология, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз гардида, сипас мудири кафедра, номзади илмҳои филология, дотсент Маҳмадизода Н. перомуни аҳаммияти баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба осори устод Айнӣ андешаҳои ҷолиб баён намуд.

Дар идомаи маҳфил суханрониҳои профессор А. Кӯчарзода таҳти унвони «Устод Айнӣ — нависандаи зуллисонайн (дар мисоли романи “Ғуломон”)» ва профессор А. Маҳмадаминов дар мавзуи «Як ҳуҷҷати нодир оид ба устод Айнӣ» шунида шуданд, ки бо мисолҳои мубраму таҳлилҳои амиқ ҳозиринро ҷалб намуданд.

Маҳфил бо бахши шеърхонӣ ва қироати порчаҳо аз осори Айнӣ ҷамъбаст гардид, ки рӯҳи адабиётдӯстии иштирокчиёнро бештар бедор намуд ва фазои илмиро бо гармиву эҳсоси миллӣ пур сохт.