ҲОФИЗ ДАР ОИНАИ АНДЕША: МАЪРУЗАҲОИ ПУРМУҲТАВО ДАР ПАРИЖ

29

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиши бонуфузи илмӣ, ки аҳли илму адаб ва ҳофизшиносони шинохта аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ширкат доштанд. Дар қатори намояндагони Тоҷикистон устодону муҳаққиқони шинохтаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – профессорон Сироҷиддини Эмомалӣ, Бадриддин Махсудов, Мирзо Солеҳов ва дотсент Ваҳҳобзода Рустам бо маърузаҳои илмии худ баромад намуданд.

Маърузаҳои пешниҳодшуда мавзуъҳои муҳимми Ҳофизшиносӣ ва нақши ин нобиғаи адабиётро дар фарҳанги мардуми тоҷик фаро гирифта, таваҷҷуҳи иштирокчиёни хориҷиро низ ба худ ҷалб намуданд. Аз ҷумла, дар баромадҳо чунин масъалаҳо мавриди таҳлил қарор гирифтанд:

· Ҳофизпажуҳӣ дар Тоҷикистон: баррасии равандҳои илмӣ, таърих ва дастовардҳои муҳаққиқони тоҷик дар омӯзиши мероси адабии Ҳофиз;

· Нақши Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳанги тоҷикон: ҷойгоҳ ва таъсири ашъори Ҳофиз дар адабиёт ва шуури миллӣ;

· Ҷойгоҳи маърифат дар шеъри Ҳофиз: таҳлили мафҳумҳои ирфонӣ, фалсафӣ ва ахлоқӣ дар ашъори Ҳофиз;

· Шеър дар нақди завқии Ҳофиз: арзёбии шеъри Ҳофиз аз нигоҳи зебошиносӣ;

· Бозтоби таърих ва шахсиятҳои устуравӣ дар шеъри Ҳофиз: шеваҳои истифодаи рамзҳо, шахсиятҳо ва рӯйдодҳои таърихӣ дар осори ӯ.

Ин маърӯзаҳо бо мисолҳои равшан ва таҳлилҳои амиқи илмӣ пешниҳоди иштирокчиён гардиданд ва бо истиқболи гарми муҳаққиқони байналмилалӣ рӯбарӯ шуданд.

Ҳузури устодону муҳаққиқони тоҷик дар ин ҳамоиши ҷаҳонӣ на танҳо саҳми Тоҷикистонро дар шинохти шоири тавонои форс-тоҷик нишон дод, балки собит сохт, ки фарҳанги адабии мо бо анъанаҳои бойи худ дар арсаи илмии байналмилалӣ мақому манзалати арзанда дорад.