ИШТИРОКИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ 700-СОЛАГИИ ҲОФИЗ

29

Дар доираи ҳамкориҳои илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои бонуфузи байналмилалӣ устодону Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла устодони факултети филологияи Донишгоҳ, профессорон Сироҷиддини Эмомалӣ, Бадриддин Махсудов, Мирзо Солеҳов ва дотсент Ваҳҳобзода Рустам дар Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз», ки дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса доир мегардад, иштирок менамоянд.

Имрӯз (11.06.2025) дар ҳошияи Конференсияи мазкур ба ифтихори 700 – солагии Ҳофизи Шерозӣ намоиши ҷашнӣ доир гардид, ки дар он устодони Донишгоҳ ҳузур доштанд. Дар ифтитоҳи расмии намоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва муовини Дабири кулли ЮНЕСКО Лидия Брито роҷеъ ба мақому манзалат ва саҳми мондагори Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар рушди адабиёти оламшумули тоҷику форс сухан намуданд.

Гуфта мешавад, ки дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нусхаҳои дастнавис ва китобҳои чопи сангии «Девон»- и Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ки аҳамияти бузурги илмӣ ва таърихию фарҳангӣ доранд, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд. Инчунин, дар намоиш намунаҳои ҳунари хушнависӣ ва асарҳои санъати миниётурнигорӣ, ки аз ҷониби рассом-миниётурнигори тоҷик Олимҷон Комилзода дар асоси ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ тасвир гардиданд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Дар баробари осори хаттӣ, инчунин дар намоиш намунаҳои гуногуни ҳунарҳои қадимаи миллӣ, ба монанди сӯзаниҳо, атласу адрас, мисгарӣ, кандакории рӯйи чӯб, кундал ва дигар мероси фарҳангӣ, ки бо ҳунари баланд омода гардидаанд ва муаррифи фарҳанги тоҷикон мебошанд, ба намоиш гузошта шуданд.