
Имрӯз (13.06.2025) таҷрибаомӯзии фолклории донишҷӯёни факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар деҳаи Қандаки шаҳри Роғун оғоз гардид.
Масъулини таҷрибаомӯзӣ устодони соҳибтаҷрибаи факултет – Боймурод Шарифзода, Ҳафиз Раҳмон ва Наврӯзи Қаландар мебошанд.
Таҷрибаомӯзӣ дар якҷоягӣ бо сокинони маҳаллӣ ва дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои дахлдори минтақа сурат гирифта, дар рушди ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён ва шиносоии амиқ бо мероси ғайримоддии фарҳанги миллӣ нақши муҳим хоҳад бозид.