Ӯ ҲАМЕША АЗИЗУ САДРНИШИНИ ҚАЛБҲО ХОҲАД МОНД

8

Шахсиятҳои бароямон муътабар ва азизони ба дил қарин баракати умру љон ва зиндагии моанд. Онҳо то замоне ки чун сарчашмаи файзбори зиндагӣ дар байни мо ҳастанд, аз дидорашон шод мешавем, аз суҳбатҳояшон лаззат мебарем, аз насиҳату роҳнамоиҳояшон баҳравар ва бо мурури замон худ роҳнамою роҳбар мешавем, дар сояи давлату бузургӣ ва баракати онҳо чӣ будани мушкилоту дармондагиро намедонем, аз ҳузуру ҳамнишинӣ ба онҳо бо тамоми вуҷудамон ҳаловат мебарем. Ҳамин тавр ба онҳо одат мекунем, онҳоро чун ситораҳои беғуруби саодат дар ҳаёти хеш мепазирем, дар аз бузургиии онҳо болу пар бароварда, дар авҷи қуллаҳои баланд парвоз мекунем. Ғофил аз он, ки зиндагӣ орому бесадо ва бе ҳангома ба маҷрои худ равон аст, қонунҳои нонавишта, вале бе таъхир иҷрошавандаи худро дорад, бидуни он ки касе огоҳ шавад, ҳама чиро тағйир медиҳад.

Бехабар аз он, ки дар ин курраи хокӣ то нафаси охирини умрамон мо мизбону тамоми шахсиятҳои муътабар ва азизоне, ки дар ҳаёти мо ҳастанд ё зуҳур менамоянд, меҳмонони моанд ва рӯзе фаро мерасаду ин азизони мо ногузир моро тарк менамоянд, нуру саодат ва баракатеро, ки дар зандагӣ ба туфайли онҳо ба мо насиб гашта буд, бо худ мебаранд, моро дар чорсӯйи зиндагӣ сарсону бемутакко раҳо ва ҳаволаи тақдир менамоянд. Аз ин рӯз вақту соатҳо мегузаранд, ҳафтаю моҳҳо сипарӣ мешаванд, дарди муштоқию маҳҷурӣ ва хумори ҳамнишинӣ бо ин азизонро бар мо меафзоянд ва ба як захми бедаво ва абадӣ дар ҷисму руҳи мо табдил меёбанд. Ин захм дар ниҳоди мо даво намеёбад, аммо мушкилоту муаммоҳои нав ба нав гиребонгирамон мешаванд. Аз як тараф, шавқи дидор, хумору пазмонӣ ва ҳамнишинӣ бо ин азизони моро тарккарда ва аз тарафи дигар, мушкилоти бахшҳои дигар, ки дар ҳалли онҳо ба маслиҳату роҳнамоии ин азизон ниёз дорем, ба мо ҳамлавар мешаванд ва қомату камари моро мешикананд. Пас аз ин дарк менамоем, ки бо аз даст додани ин ё он нафари бароямон дар зиндагӣ муҳим киро аз даст додем, ин нафар бароямон чӣ қадар муҳим ва чӣ давлати бузурге будааст, чӣ қадар муштоқу пазмонаш шудаем. Ҳама чиро дарк мекунем, вале ҳайҳот, ки дер мешавад! Як умр ин гумкардаи худро меҷӯем, вале намеёбем, ба дурию муштоқӣ аз ӯ созиш карда наметавонем ва намехоҳем қабул намоем, ки ӯ дигар дар ҳаёти мо нест, абадан моро тарк кардааст, ҷой ва маконе беҳтар аз назди моро интихоб намудааст. Ӯ дар олами ҷисм дигар зоҳир намегардад, қарин ва ҳамнишину ҳамрози мо намешавад, вале бо сабаби садоқат ва муҳаббати зиёд доштанамон ба азизи аздастрафта наметавонем инро қабул намоем, боз ҳам ӯро меҷӯем, баҳри омаданаш интизорӣ мекашем, сахтиҳоро таҳаммул мекунем, вале бе фоида. нолону гирён Ноилоҷ ба хотираҳо рӯй меорем, онҳоро варақ мезанем, ҳастии ӯро аз хотираҳо, аз лаҳзаҳои ширини гузашта меҷӯем, аз ин лаҳзаҳою хотираҳо хотираи ӯро дар хотири худ зинда ва абадӣ мегардонем, бо ёди суханҳо ва хотираҳои ширини аз ӯ дар хотирамон нақшбаста худро таскин мебахшем, хумори дидор мешиканем ва дарди ҷудоӣ аз ӯро, каме ҳам бошад, таскин мебахшем. Вуҷуди ӯро бо зикри ҳарфу ҳаракоташ, бо сухану шахсияташ дар зеҳну шуури худ муҷассам менамоем, ба худ нишон медиҳем, ки ӯ барои мо зинда аст, ҳеҷ гоҳ намемирад. Бо ин роҳ худро таскин медиҳем. Ёди ин хотираҳо ҳатман бо гиря ё маҳзуни ғамзадагӣ ҳамроҳ мебошад, ҳарчанд дар ин лаҳза гоҳо табассуму ханда дар лабонамон гул мекунад. Чунин шахсони муътабар ва муҳтарам, ки бо рафтани худ дар зиндагии мо зилзиларо ба вуҷуд оварда, ҳаёти моро дигар мекунанд, метавонанд падару модар, фарзандони падар, фарзанд, дӯстони қарину қадрдон ё дигар пайвандон бошанд, вале нафаре, ки ин лаҳза ёди шахсияту хотираҳояш моро барои иброз намудани чунин андешаҳо, тасвири чунин манзараҳо, гуфтани чунин ҳарфу ҳошияҳо водор намуд, бе восита устоди роҳнамои мо, забоншиноси шинохтаи тоҷик, инсони комилу донишманди зиндаёд – профессор Ҳомид Маҷидов мебошад.

Ба ростӣ, ҳангоми зикри хотираҳои гузашта, суханрониҳо, маслиҳату роҳнамоиҳои устод борҳо ашк аз чашмонамон ҷорӣ шуд, буғзу гиря гулӯгирамон кард, то ҳадде ки соатҳо чизе гуфта натавонистем. Ҳис намудем, ки иззати устод бароямон по бар ҷо, ғамаш то ҳанӯз тоза ва ёди ӯ дар хотираи мо зинда аст. Бале, зинда аст хотираи ӯ бо сахтгириҳою роҳнамоиҳои устодонааш, зинда аст бо маслиҳатҳою дилсӯзиҳои падаронааш, зинда аст бо хислатҳои нотакрору ҷавонмардонааш, зинда аст бо хизматҳои дар ҷодаи илми забоншиносӣ анҷомдодааш, бо дастовардҳои беназири илмию заҳматҳои шабонарӯзиаш, оре, зинда аст бо ҳазорон хотираҳои неку худро барои миллат ва барои илму шогирдон фидо карданҳояш.

Ҳар қадар рӯзҳо мегузаранд, ҳафтаю моҳҳо ва солҳо сипарӣ мешаванд, шахсият ва олими нотакрор будани устод Ҳомид Маҷидов дар ҷомеа ҳам бо донишу таҷриба ва ҳам бо хислату рафтораш боз ҳам хубтар маълум мегардад, чун гавҳари пурҷило, чун зумраду марворид аз қаъри дарё дурахшон мегардад, бо мероси гаронбаҳои илмии меросгузоштаи худ дар самои илму маърифат ва дар қалби мо – шогирдон ва ҷумла соҳибдилон дурахшида, муҳаққиқону донишмандони зиёди риштаи забоншиносиро маҷзуби мероси илмии худ гардонидааст.

Шахсияти устоди зиндаёд Ҳомид Маҷидов бо хислату рафторҳои хоссу нотакрор ва принсипҳои махсуси фаъолияташ ниҳоят мувофиқ буд. Ӯро тамоми шогирдону ҳамкорон ва мутахассисони соҳа бо сахтгирию гузаштнопазирӣ дар илм, эҳтирому садоқаташ ба забон, шогирд ва шахсияти муҳаққиқ, нуқтасанҷию дақиқназарӣ дар шинохт ва интихоби шогирд мешинохтанд ва қадр менамуданд.

Устод Ҳомид Маҷидов ҳеҷ гоҳ дар интихоби шогирд таваккал намекард, носанҷида касеро ба шогирдӣ намепазируфт. Пеш аз он ки касеро ба шогирдӣ қабул намояд, ӯро бо додани супоришҳои гуногун дар рафти дарсҳо ва ё дар ҷараёни таҳқиқот, ки ҳалли онҳо матонату устуворӣ ва зеҳну малакаи баландро талаб менамояд, аз санҷишу имтиҳон мегузаронд. Зеро ӯ ба хубӣ дарк мекард, ки шогирд ё муҳаққиқе, ки имрӯз дар зинаи шогирдӣ ё муҳаққиқӣ қарор дорад, фардо ҳомӣ ва мутаххассиси забон мешавад, бояд донишу малакаи баланди забонӣ дошта бошад, то ба касе донише дода тавонад. Танҳо нафаре дар ҷодаи илм муваффақ мешавад, ки донишу малакаи баланд, матонату устуворӣ ва азму иродаи қавӣ дошта бошад. Илму дониш ҳам дар шароити сахт дар ҳолати таҳаммул намудани сахтиҳо ба инсон муяссар мешавад

Хислати дигари устод Ҳ. Маҷидов ҳамчун олими асилу донишманди нотакрор ин буд, ки ӯ ба шогирд маслиҳату роҳнамоӣ мекард, ҳеҷ кумаку дастгириро барои ташаккули донишу малакаи ӯ дареғ намедошт, дар ҳолати зарурӣ ӯро бо адабиёти илмӣ таъмин мекард, вале сахтгир буд, ҳеҷ гузашту чашмпӯширо дар роҳи расидан ба ҳадаф қабул надошт, гузашт намекард, иҷозат намедод, ки шогирд ё муҳаққиқ адабиёти ба мавзуъ алоқамандро дастрас ва мутолиа накарда, ба моҳияти мавзуъ сарфаҳм нарафта, ҳадафу чорчубаи таҳқиқоти худро дарк ва муайян накарда, машғули таҳқиқот шавад. Ӯ инро ҳам медонист, ки ба моҳияти мавзуъ ё масъалаи таҳқиқшаванда сарфаҳм рафтан барои муҳаққиқ ба осонӣ муяссар намешавад, бояд заҳмати зиёд кашад, аз худ гузаштҳо намояд, сабру бардошт дошта бошад, матину собитқадам бошад, аммо муҳаққиқ, ки нав вориди арсаи пурзаҳмати илму таҳқиқот шудааст, на ҳамеша омода аст, ки бо чунин мушкилот дучор шавад ва онро таҳаммул намоянд, на ҳамаи хислатҳо ва рафторҳои зикршуда дар ниҳоди шахсияти ин муҳаққиқ ташаккул ёфтаанд. Дар ин ҷо роҳнамоии сахтгиронаи устод нақши асосӣ ва калидӣ доранд, маҳз дар зери таъсири роҳнамоии устод шогирд ё муҳаққик ба омӯзишу мутолиаи бештар машғул шуда, ба моҳияти мавзуи худ сарфаҳм меравад ва дар роҳи расидан ба ҳадаф босабру тамкин ва собитқадам буданро меомӯзад.

Устоди зиндаёд – Ҳомид Маҷидов, дар роҳи расидан ба ҳадаф нисбат ба шогирд сахтгир, вале дар муносибат бо ӯ ниҳоят самимӣ буд ва бо камоли масъулият ба ӯ муносибат менамуд, аз дастоварду муаваффақияти шогирд чун муваффақияти фарзанди худ меболид, дар маҳфилу ҷамъомадҳо бо ифтихор аз он ёд мекард, табассум чун гул дар лабонаш мешукуфт ва ифтихор дар чеҳрааш гул мекард, ғарқи дарёи шодию масаррат мешуд, дар зери чеҳраи маъмулан ҷиддӣ ва босалобаташ ҳамаи инҳо як ба як зоҳир мегардиданд. Дар умқи ҳар як рафтораш як ҳикмате нуҳуфта буд, ки танҳо бо гузашти вақт мо қодир ба дарки баъзеи онҳо шуда истодаем. Чӣ қадар инсони мубораку нотакрор буд. Ҳар танбеҳе, ки барои шогирд лозим буд, устод бе восита худаш медод, ба гунае танбеҳ медод, ки дигар ҳаргиз шогирд дар фикри амали хилоф намешуд, аз роҳи росту гуфтори рост намебаромад.

Аммо ӯ ҳеҷ гоҳ иҷозат намедод, ки ягон нафари дигар шогирдонашро ба чашми кам нигарад, камтарин сухани ноҷоро ба онҳо гӯяд, ҳамеша барои шогирдон сипар буд, роҳнамою роҳбари одӣ не, балки падар буд, онҳоро маънои зиндагӣ ва мояи ифтихори худ медонист.

Паҳлуи дигари хислату рафтори устодро ошкорбаёнӣ, ҳақиқатгӯйӣ, истодагарӣ ва пофишорӣ барои расидан ба ҳакиқат ташкил менамуд. Ӯ ҳақиқатро мегуфт, аз касе ибою худдорӣ намекард, ба хотири нафаре ё манфиатдор будан аз касе ҳаргиз аз гуфтани ҳақиқате, ки ба манфиати кор буд, худдорӣ намекард, барои расидани ҳақ ба ҳақдор пофишорӣ ва истодагарӣ мекард. Яке аз хислатҳои барҷастаи олим, ки ин шуҷоат дар илм мебошад, дар устод Ҳ. Маҷидов бо тамоми ҷузъиёташ ба мушоҳида мерасид. Мавқеъгириҳояш дар самти илму таҳқиқот, ҳеҷ гоҳ ба хотири ҳимояи манфиатҳои шахс ё гурӯҳи муайян набуд, ба хотири қасдгирӣ, аз рӯйи ғараз шикастани руҳия ё қурбони дасисабозӣ кардани нафаре набуд, танҳо ба хотири тозагӣ дар илм, ба хотири манфиати шахсияти муҳаққиқ ва қадр намудану баланд бардоштани арзиши заҳматҳои ӯ буд. Ҳар эроду камбудиеро, ки дар муҳити корӣ ё рафти таҳқиқоти ин ё он нафар мегирифт, дар идома роҳи ҳалли онро ҳам батафсил ба ӯ мефаҳмонд, агар лозим мебуд, дар бартараф намудани он ба шахс бе восита ёрии амалии худро мерасонд ва аз ин руҳия мегирифт, шод мешуд, ки бо дастгирии ӯ як нафар аз варта раҳоӣ ёфт.

Устод Ҳ. Маҷидов ба сифати як олими нуктасанҷ дар рушду такомули илми забоншиносии тоҷик ҳам саҳми бузург гузоштааст. Ба қалами ӯ беш аз 400 номгӯйи китобу дастурҳо, воситаҳои таълимӣ, мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ тааллуқ дошта, фарогири масъалаҳои гуногуни луғатшиносию фразеология, услубшиносӣ, сарфу наҳв мебошанд. Дар забоншиносии имрӯзаи тоҷикӣ таҳқиқотеро дар самтҳои луғатшиносӣ, фразеология, услубшиносӣ ва таҳқиқи забон ва услуби нависандагони алоҳида пайдо намудан номумкин аст, ки аз ҷониби муҳаққиқон аз таҳқиқоти устод Ҳ. Маҷидов барои тақвияти гуфтаҳои худ иқтибос оварда нашуда бошад. Таҳқиқот ва таълимоти забоншиносии устод дар забоншиносии муосири тоҷик таҳқиқоти илмии пешқадам маҳсуб шуда, тақвиятдиҳандаи афкори назарии ҳазорон муҳаққиқу донишомӯз дар илми забоншиносӣ мебошанд. Ҳар як масъалае, ки аз ҷониби устод Ҳ. Маҷидов мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода шудааст, бо дар назар гирифтани тамоми хусусиятҳои забонию мантиқӣ ва ҳатто психологиашон таҳқиқ шудаанд. Аз ин нуқтаи назар, таҳқиқоти анҷомдодаи ӯ заминаи қавии илмӣ дошта, дар ҳар давру замон ҳамчун таҳқиқоти илмии нав анҷомдодашуда зоҳир мегарданд ва мавриди истифода карор мегиранд.

Дар маҷмуъ, устоди зиндаёд – Ҳомид Маҷидов, дар ҷодаи илму таълим ва омода намудани шогирдон ба маънои пуррааш як донишманди муваффақу камназир ва нотакрор буд. Муваффақияти устод ва дар ҳамин росто шогирдони муваффақ доштани ӯ, пеш аз ҳама, дар садоқату эҳтироми бемисли ӯ ба илм, хайрхоҳию сахтгирии шогирдон, ростқавлию ҳақгӯйӣ, донишу малака ва таҷрибаи чандинсолаи устод буд. Ҳаёт ва шахсияти устод Ҳ. Маҷидов бисёр сутуданӣ, омӯхтанӣ ва ибратбахш буда, ҳар қадар гӯем, дар бораи ӯ ҳанӯз аз баҳр қатраеро гуфтаем. Хотираи неки устод бо хидматҳои шоёнаш то абад зинда хоҳад монд.

Мероси илмии ӯ чандин садсолаҳои дигар барои ҳазорон доништалабу муҳаққиқи роҳи илм ҳамчун чароғи роҳнамо хидмат хоҳанд намуд. Воқеан, устод худаш ҷавҳаре буд бо сиришти хос ва илмаш гавҳаре буд бо таҳлилҳои амиқ ва бикру бомантиқ. Дар охир бояд қайд намуд, ки устоди зиндаёд ­Ҳомид Маљидов, дар дунё зиндагии самараноку ибратбахш, бошараф, боғурур ва бовиқоре дошт, ки ҳар як шогирд таманнои доштани ин зиндагиро мекард. Ҳоло ки ҷойи устод дар дилҳои мо – шогирдон, ҳамкорон ва дигар дӯстону пайвандон ҳаст, барояш бо қалби маҳзун, вале аз сидқи ихлосу муҳаббат мегӯем: Руҳат шод ва хонаи охиратат обод бошад, устоди азиз!

Бо як ҷаҳон ихлосу самимият устодони кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ, факултети филология