БОҚӢ РАҲИМЗОДА – ПАЙВАНДГАРИ АНЪАНА ВА ЗАМОН

14

Имрӯз (16.09.2025) дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Боқӣ Раҳимзода ва суннатҳои адабии тоҷик» баргузор гардид. Ин ҳамоиши илмӣ ба ифтихори 115-солагии шоири маъруфи тоҷик Боқӣ Раҳимзода ташкил шуд.

Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз ёфт.

Дар ҷараёни ҳамоиш олимону адабиётшиносон, омӯзгорон ва муҳаққиқони соҳаи забон ва адабиёт ширкат варзида, доир ба саҳми Боқӣ Раҳимзода дар рушди адабиёти тоҷик, ташаккули мактаби шоирӣ, фарҳанги мардум ва тарбияи насли наврас маърӯзаҳои илмӣ ироа намуданд.

Дар оғоз маърузаҳои устодон, аз қабили профессори кафедраи назария ва адабиёти нави форсии тоҷикии ДМТ Кӯчарзода А. «Оини бародархондагӣ», профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Улмасова З. «Паёми ваҳдату дӯстӣ дар шеъри муосир (дар ҳошияи ашъори Боқӣ Раҳимзода)», профессор Маҳмадаминов А.С. «Устод Айнӣ ва Боқӣ Раҳимзода», профессор Раҳмонов Р.Қ. «Боқӣ Раҳимзода ва фарҳанги мардум», намояндаи Институти забон ва адабиёт ба номи Рӯдакии АМИТ Беҳрӯзи Забеҳулло «Саҳми Боқӣ Раҳимзода дар тарбияи адабии ҷавон», дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ Ваҳҳобзода Р.И. “Боқӣ Раҳимзода ва мактаби шоирии ӯ” шунида шуд.

Дар поёни конференсия, намунаҳо аз ашъори Боқӣ Раҳимзода қироат гардиданд, ки фазои адабии хосеро дар ҳамоиш фароҳам оварданд.

Конференсия бо ҳадафи таҳқиқу арзёбии мероси гаронбаҳои адабии Боқӣ Раҳимзода ва шинос кардани насли нав бо арзишҳои волои фарҳанги миллӣ сурат гирифт.