МЕҲРИ ТУРСУНЗОДА ДАР ДИЛ,

27

аммо ашъораш ҳамеша вирди забонҳост…

(Ибтикори устоди Донишгоҳи миллӣ Ҳафиз Раҳмон андар бузургдошти шоири маҳбуб ва Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода)

Тибқи ахбори маълум, санаи таваллуди устоди сухан Мирзо Турсунзода 2-юми майи соли 1911 ва рӯзи фавти ин шоири маҳбуб 24-уми сентябри соли 1977 аст. Бо назардошти санаи аз дорулфано ба дорулбақо рахти сафар бастани пири шуарои Тоҷикистон, шахсияте, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша азизу мукаррам аст, бо ибтикори устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, адабиётшинос ва публитсисти маъруф Ҳафиз Раҳмон дар осорхонаи адабии Мирзо Турсунзода маҳфили бузургдошти устоди зиндаёд Турсунзода баргузор шуд.

Дар ин маҳфил камобеш 40 донишҷӯ аз факултаи филология ширкат доштанд. Сухан аз арзиши адабии эҷодиёт ва фаъолияти ҷамъиятии Мирзо Турсунзода рафт.

Устод Ҳафиз Раҳмон донишҷӯёнро ба ҳар як ҳуҷраи осорхона – хонаи кор ва қабули меҳмонон, бойгонии устод, ҳуҷраи нигаҳдошти дастхатҳо ва китобҳои нодир, рӯзномаву маҷаллаҳое, ки мақолаҳои устод дар онҳо нашр шудаанд, шинос кард.

Дар ҳар ҳуҷра ва махсусан дар нишастгоҳи тобистонаи ҳавлии устод маҳфил идома мекард ва донишҷӯён аз осори бегазанди шоир пораҳо қироат мекарданд.

Оғоз ва анҷоми суҳбати Ҳафиз Раҳмон аз ин буд, ки ҳар миллатеро бузургони сухан ва адабу фарҳангаш дар ақсои олам муаррифӣ мекунанд. Устод Турсунзода ба сони машъале буд, ки роҳи миллатро барои баромадан ба баландиҳои худшиносӣ рӯшан мекард, дар қитъаҳои Осиёву Аврупо ва манотиқи Африқову Шарқ халқи тоҷик ва Тоҷикистонро ошно мекард, исбот мекард, ки ин мардум соҳиби таърихи бузурги фарҳангу тамаддун аст, шеъри ин миллат идомаи суннатҳои адабии Саъдиву Ҳофиз ва Низомист…

Тули якуним соат суҳбати Ҳафиз Раҳмон донишҷӯёнро ба сайри дунёи маънавии устод Турсунзода бурд: аз нашри нахустин шеър то фаъолият дар Кумитаи якдилии халқҳои Осиёву Африқо, анвои шеъри шоир ва вижагиҳои ҳунарии достонҳо, саҳми шоир дар рушди дромнависии миллӣ, меҳнату машаққати суханвар дар ҷодаи офариниш…

Дар маҳфил асосан донишҷӯёни соли аввал ва дувуми ихтисоси тарҷумаи бадеӣ ва нақди адабии факултаи филологияи Донишгоҳи миллӣ ширкат карданд.

Шаҳриноз Мирзода, Қосим Ватанзода, Ҳайдаралӣ Ғоиб (донишҷӯён аз ихтисоси нақди адабӣ), Самандар Бозорзода (аз ихтисоси ҳуҷҷатшиносӣ) Наҳтуллои Раҳматулло (аз факултаи журналистика) аз эҷодиёти устод Турсунзода шеърҳо қироат карданд.

Директори осорхонаҳои муттаҳидаи адабӣ-ёдгории Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амирхӯҷа Абдураҳимов ва сардори шуъбаи ҳамин осорхона Моҳшариф Табарова аз таърихи бунёди ин осорхона ва арзиши фарҳангии нигораҳои он муфассал суҳбат карданд.

Бояд гуфт, ки тарзи тадриси адабиёт аз ҷониби устод Ҳафиз Раҳмон навоварона ва мувофиқ ба тақозои замона аст: устод бисёр мехоҳанд, ки меҳру муҳаббати шогирдон ба адабиёту фарҳанги миллӣ ҳам тавассути мутолиаи осори худи адибон ва ҳам тамошои осорхонаҳои онҳо шакл бигирад.

Ба андешаи устод Ҳафиз Раҳмон, ёди бузургони миллат ва қадршиносии осори онҳо беҳтарин василаҳои ташаккули ҳувияти миллист.

Ин андеша ҳеҷ ҷойи баҳсу баррасӣ надорад…