ПОСДОРОНУ ДӮСТДОРОНИ БУЗУРГОНИ СУХАН

33

Бунёдгузори адабиёти форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ сермаҳсултарин шоири форсу тоҷик буд, ки мероси адабии ӯ таваҷҷуҳи аҳли адабро бештар ҷалб кардааст. Ҳамасола, санаи 22-юми сентябр дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар аксар муассисаҳои олӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ ҳамоишҳои сатҳашон гуногун ташкил карда мешавад.

Ба ин муносибат имрӯз (23.09.2025) дар Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзодаи факултети филология бо ибтикори кафедраи таърихи адабиёти тоҷик конференсияи илмӣ-амалии донишгоҳӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз ёфт. Мавсуф зимни суханронӣ афзуд, ки ба тақвими санаҳои ҷашнӣ ворид гардидани Рӯзи Рӯдакӣ нишонаи эҳтиром ба сухан ва хирад, хусусан адабиёти оламшумули халқи тоҷик мебошад. Профессор Сироҷиддини Эмомалӣ иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин нафароне ба шумор мераванд, ки дар арсаи сиёсати давлатӣ ба адабиёт, фарҳанг, аз ҷумла бунёдгузорони ин мактаби бисёр беназири адабиёти ҷаҳонӣ баҳои сазовор дода, бо такя ба анъанаҳои гузаштагон воқеан ба сохтани давлати сирф миллӣ ва таъмини ваҳдату якпорчакӣ камари ҳиммат бастаанд. Гуфта шуд, ки пас аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастани чунин ташаббусҳои созанда барои таҳкими соҳибихтиёрӣ ва ваҳдату ягонагии халқи тоҷик мусоидат мекунад.

Сипас мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷик Рустам Наботӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Рӯзи Рӯдакӣ ба хотири посдорону дӯстдорони бузургони сухан таҷлил мегардад.

Дар нишаст зумрае аз устодони кафедраи мазкур суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки бузургони мо дар миёни халқияту миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардуми соҳибтамаддуне мебошанд ва онҳо забони чандинҳазорсоларо маҳфуз нигоҳ доштаанд. Имрӯз шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо нафар шоирону адибони гузаштаро озодона ҷаҳониён мефаҳманд ва дар гуфтугӯйи ҳаррӯзаашон истифода мекунанд.

Ҳамзамон, дар конференсия гурӯҳе аз донишҷӯён аз ашъори Одамушуарро шеърҳо қироат намуданд.