Имрӯз (30.09.2025) дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-адабӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш устодону муҳаққиқон, донишҷӯён ва ҳаводорони адабиёти классикӣ ҷамъ омада, доир ба зиндагӣ, осор ва нақши ин шахсияти маъруфи ҷаҳонӣ дар рушди фарҳангу маънавиёти башарӣ табодули афкор намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомаль оғоз гардида, оид ба аҳаммияти ҷаҳонии мероси адабӣ ва ирфонии Мавлоно ва таъсири амиқи осори ӯ дар ташаккули афкори инсонӣ ва ахлоқии ҷомеа андешаронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки чунин ҳамоишҳо на танҳо дар эҳёи мероси адабӣ, балки дар баланд бардоштани маърифати фарҳангиву маънавии насли ҷавон нақши муҳим доранд.
Сипас, маърӯзаи илмии дотсент Нозимова Гулрухсор, таҳти унвони «Тамсил дар “Маснавии маънавӣ”–и Мавлоно» ироа гардид, ки дар он ҷанбаҳои тарбиявӣ ва ахлоқии тамсилоти шеъри ирфонии Мавлоно мавриди таҳлил қарор гирифт. Зимнан, докторанти Ph.D Ғаффорзода Фахриддин маърӯзае оид ба «Ваҳдати вазн, қофия ва радиф дар қолаби як ғазали Мавлоно» пешниҳод намуд, ки дар он хусусиятҳои бадеии ашъори шоир баррасӣ шуданд.
Дар қисмати хотимавии ҳамоиш, донишҷӯён намунаҳое аз шеъру ғазалҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро қироат намуданд, ки ба маҳфил ҷилои тоза бахшид.