ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

30

Пойдориву бақои ҳар халқу миллат ва посдорандаи таърихи он забони вай аст. Маҳз забони ноби форсӣ-тоҷикӣ ва он арзишҳои маънавӣ то ба имрӯз моро чун як халқу миллат зинда нигоҳ доштааст. Бинобар ин забони модарӣ яке аз муқаддасоти аввалину пурарзиши миллӣ буда, ба ҳар як соҳибзабон шарт ва зарур аст, ки онро ба мисли ватан-модар азиз донад ва ба он арҷ гузорад. Аз ин рӯ, дифоъ кардан, пос доштан ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намудан, ҷиҳати пойдориву рушди он кӯшиши шабонарӯзӣ кардан аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо – соҳибзабонон аст.

Таърих собит сохтааст, ки бисёре аз қавму миллатҳо аз забони худ пуштибонӣ карда натавонистанд ва дар натиҷа табдили забон карданд ва аз забони асилии худ дур монданд. Агар ба таърихи гузаштаи халқи худ назар андозем, мебинем, ки гузаштагонамон барои пос доштани забонашон чи заҳматҳое кашидаанд. Ва агар онҳо ба забону илму маданияти хеш чунин муносибат намекарданд ва пайваста баҳри рушду инкишофу пешрафти он мубориза намебурданд, шояд имрӯз забонамон бо чунин шукуҳмандӣ ба мо намерасид. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нутқи пурмуҳтавои хеш чунин баён намудааст: «Забони модарии мову шумо, забони адабии тоҷикӣ дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурфоҷеаро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои таърихӣ гузашта, ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ, мероси гаронбаҳо ва корномаҳои беназири фарзандони баруманди халқи тоҷик аз устод Рӯдакӣ то устод Садриддин Айнӣ дар шакли зебову ноб, бо захираҳои ғаниву рангини луғоту таъбирот бароямон мерос мондааст».

Оре, забони тоҷикӣ зери фишору тазйиқи тоқатфарсои салтанати хонадонҳои муғуливу туркӣ, аз қабили Ғазнавиён, Қарахониён, Салҷуқиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён ва Манғитиён монда бошад ҳам, нест нагардид ва истодагарӣ карда тавонист. Дар ин айёми дуру дарози таърихӣ агарчи сиёсати давлатдорӣ ба дасти бегонагон буд, аммо забони тоҷикӣ дар тамоми ин муддат болои ҳокимияти ин сулолаҳои аҷнабӣ парчам афрохта буд. Аз оғози ҳукумати Ғазнавиён то анҷоми хонадони Манғитиён, яъне дар тамоми хонадонҳои турку муғул забони тоҷикӣ ҳамчун забони коргузориву ҳуҷҷатнигорӣ ва батанзимдарорандаи муносибатҳои сиёсӣ амал мекард ва забони илму фарҳанг буд.

Фаромӯш набояд кард, ки пеш аз ҳама, мавҷудияти мо чун як халқи тамаддунофар, як миллати пуриқтидор тавассути забони тоҷикӣ сурат гирифта ва ба воситаи ин дурри ноёб то имрӯз тоҷикон ҳамчун миллат дар ҷаҳон шинохтаву эътироф гардидаанд.

Имрӯз бо ҳазор ифтихор аз корнамоиҳои гузаштагонамон ҷиҳати пос доштани забони тоҷикӣ сухан ба миён меорем, ки онҳо зери ҳазорон фишору заҷр ва нотавонбинии ғосибон ин забонро ҳифз карда, чун гаронбаҳотарин сарват ба мо расонданд ва мо низ бояд дар навбати худ ин дастоварди бузургро бегазанд нигоҳ дорему беолоиш ба ояндагон расонем. Президенти мамлакат дар суханронии худ ба ин паҳлуи масъала диққат дода, чунин гуфтаанд: «Мо барои равнақи забони модарии худ боз ҳам бештар ғамхорӣ хоҳем кард, онро ҳамчун гавҳараки қиматбаҳои миллӣ ҳифз хоҳем кард».

Боиси сарфарозиву сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикзабон аст, ки пас аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ рушду инкишофи он дар даврони Истиқлол яке аз дастовардҳои бузурги ин давр маҳсуб меёбад. Баъди мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва бо расидани истиқлолияти комил қомати хамгаштаи забони тоҷикӣ рост гардид ва аз ҳама гуна ҳуҷумҳои сиёсӣ ва фишору тангназариҳо дар амон монд. Ин забон ҳоло дар паноҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Ин ҷиҳати муҳимро Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1996 дар суханронии худ дар таҷлили Рӯзи забон гуфта буд: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».

Ин аст, ки ҳамасола аз ҷониби ҳукумату давлат нисбат ба забон қарорҳои дахлдор қабул мегарданд ва риояи он бечунучаро сурат мегирад. Инчунин, санаҳои таърихие, ки барои рушду инкишофи забони тоҷикӣ аз ҷониби Ҳукумат қабул шудаанд, боиси боз ҳам ривоҷу равнақ бахшидан ба забони тоҷикист. Чунончи, соли 2008 элон гардидани «Соли забони тоҷикӣ», мунтазам таҷлили «Рӯзи забон» дар рӯзи 5-уми октябр, тасдиқ ва қабули «Барномаи рушди забони давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» аз ҷумлаи онҳост.

Ҳазорҳо шукр, ки ҳоло забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ дар тамоми низоми давлатдорӣ беш аз пеш густариш меёбад, мақоми вай дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мо торафт мустаҳкам мегардад.

Миллати тоҷик аз саргузашти забони худ бо ҳазор ифтихор ёд мекунад, ки дар лаҳзаҳои душвортарини таърихӣ тоб оварда тавонист ва афсӯс аз он мехӯрад, ки бадбинони ин миллат, ин забон чунин амалҳои нангинро бар болои забони тоҷикӣ ҳамл кардаанд.

Имрӯз мо – тоҷикон омӯзиш, пуштибонӣ ва тоза нигаҳ доштани забони худро бояд муқаддастарин вазифаи худ донем. Зеро, ҳеҷ нафаре ҷуз аз худи мо – тоҷикон бардӯшдори ин кори муқаддас нахоҳад буд.

Ин гуфтаҳоро бо овардани сухани пурмуҳтавое аз китоби Президенти кишвари маҳбубамон, Эмомали Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ҳусни анҷом бахшидан нишони садоқат доштан ба ин забону ба ин миллат аст: «Бояд ба қадри он расем, меҳрашро бо шири модар ба қалби фарзандонамон ҷо кунем ва ин анъанаро аз насл ба насл идома диҳем, то забони нави ноби тоҷикӣ умри ҷовидона ёбад».

Назрулло Каримов,дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики ДМТ