ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР ТАҲКИМИ СУБОТИ ҶОМЕА

13

Бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани донишҳои ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон – донишҷӯён пайваста чорабиниҳои муҳимми тарбиявӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад имрӯз (27.10.2025) вохӯрии навбатии намояндаи сохтори ҳифзи ҳуқуқ бо донишҷӯёни факултетҳои филология ва филологияи руси Донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур, мавзуҳои муҳим ва созанда, аз қабили ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва нақши тарбияи ҳуқуқии ҷавонон дар таҳкими давлатдории миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни вохӯрӣ таъкид шуд, ки барои таъмини амният ва субот дар мамлакат муҳим аст, ки ҷавонон на танҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, балки дар раванди ҳифзи ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷомеа низ нақши фаъол ва созанда дошта бошанд.

Гуфта шуд, ки тарбияи ватандӯстӣ дар шароити муосир як раванди ҳадафмандона ва маънавӣ мебошад, ки мақсади он тарбияи насли ҷавон барои фаъолият дар ҷомеаи демократӣ, ширкат дар корҳои бунёдкорӣ ва нақши муҳим доштан дар идоракунии ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Ватандӯстӣ бояд ба ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа, ободонӣ ва иҷрои содиқонаи вазифаву масъулиятҳои шахсӣ нигаронида шавад.


Зимнан масъулин вобаста ба дастурамали либосҳои тавсиявии Донишгоҳ, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва тарбияи ватандӯстӣ ибрози андеша намуданд.