Имрӯз (19.11.2025) дар доираи Нақшаи чорабиниҳои факултети филологияи ДМТ барои соли 2025, ки ба татбиқи “Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025–2027” равона шудааст, вохӯрии навбатии омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини сардори Маркази муқовимат ба савдои одамони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Аслиддинзода Баҳром ва капитани милитсия Суҳроб Рустамзода иштирок намуданд.
Капитани милитсия Суҳроб Рустамзода дар мавзуи «Муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни ҷиноят» суханронӣ намуда, ба паҳлуҳои ҳуқуқӣ, омилҳои хатари иҷтимоӣ, роҳҳои ҷалбшавии шаҳрвандон ба шабакаҳои ҷиноятӣ ва механизмҳои расмии ҳимояю дастгирии қурбониён ишора кард.
Сипас, полковники милитсия Аслиддинзода Баҳром баромад намуда, вобаста ба таҷрибаи амалӣ, ҳолатҳои ошкоршуда, усулҳои нави ҷинояткориҳо, ҳамчунин ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шарҳи муфассал дод.
Илова ба ин, дар вохӯрӣ дар самти татбиқи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” андешаҳо сурат гирифт. Таъкид шуд, ки амалисозии ин санадҳо танҳо дар ҳолати ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеа самараи воқеӣ хоҳад дод.
Дар қисмати саволу ҷавоб донишҷӯён доир ба роҳҳои шинохти ҳолатҳои шубҳанок, масъулияти шаҳрвандон, нақши ВАО ва робитаи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саволҳо пешниҳод намуданд.











