ҶАЛОЛ ИКРОМӢ ВА ИНКИШОФИ НАСРИ ТОҶИКӢ

695

Бо чунин ном бо ташабуси факултети филалогияи ДМТ ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 110-солагии нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид. Дар нишаст аз ҷониби донишмандону муҳаққиқон доир ба мавзӯъҳои таҷассуми фаҷеати солҳои ноором дар ёддоштҳои Ҷалол Икромӣ, ҷанбаи таърихии насри солҳои 60-уми асри ХХ (дар мисоли осори Ҷалол Икромӣ), устод Айнӣ – муҳаррири осори Ҷалол Икромӣ, дӯстии ду суханвар, инъикоси воқеи таърихӣ дар сегонаи Ҷалол Ӣкромӣ, тавсири тоторҳо дар китоби хотироти Ҷалол Икромӣ, фолклор ва суннатҳои мардуми Бухоро дар осори Ҷалол Икромӣ, Ҷалол Икромӣ дар шинохти Холиқ Мирзозода маърӯзаҳо баргузор гардид. Гӯфта мешавад, ки дар доири конференсияи мазкур беш аз 20 маърӯза мавриди таҳлил қарор гирифт.