Ҳамасола дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳафтаи сеюми моҳи апрел конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён – «Ҳафтаи илм» баргузор мешавад. Конференсияи мазкур ба санаҳои муҳимми таърихӣ ва ибтикороти нодири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида мешавад. Ҳамоиши имсола ба ҷашнҳои «5500-сологии Саразми бостонӣ», «700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ , дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» бахшида шудааст.
Ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултет бо маърӯзаҳои мубрами рӯз дар конференсияи мазкур иштирок намуданд.