ҶОЙГОҲИ САНОӢ ДАР АДАБИЁТ

706

Санаи 27 ноябри соли 2020 дар пояи факултети филологияи ДМТ дар мавзӯи «Саноии Ғазнавӣ ва таҳаввули адабиёти тасаввуфӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.

Нишаст бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Э. оғоз ёфт. Сипас сардори Раёсати мактабҳои олӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдаров Ф.Н., ректори Донишкадаи санъат ва фарҳанги ба номи Мирзо Турсунзода Низомӣ М. З., профессорон Қурбон В., Мақсудов Б., Мисбоҳиддини Н. ва чанде дигар дар мавзӯъҳои вазъи саноишиносӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон, нашри осори Саноӣ ва фаъолияти илмию педагогии устод Мирзо Солеҳов ҳамчун муҳаққиқи осори Саноӣ суханронӣ карданд. Дар конференсия гуфта шуд, ки саҳми устод М.Солеҳов, ки имрӯзҳо 70-умин солгарди баҳори умро тай менамоянд, дар самти тадқиқи осори Саноӣ беназир аст.

Дар рафти ҷаласа намояндаи Вазорати маориф ва илм ба дотсентҳои донишгоҳ Дӯстзода Ҳ. ва Камолов Х. нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро супурданд.

Конференсия дар бахшҳои забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ доир гардид, ки устодон доир ба паҳлуҳои гуногуни таҳқиқ ва нашри осори адабӣ ва ирфонии Саноӣ, ҷойгоҳи ӯ дар ташаккули адабиёти ирфонии форсии тоҷикӣ, мушкилоти матншиносӣ ва ғ. маърӯзаҳо намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ба ин муносибат маҷмӯаи мақолаҳои конференсия бо унвони «Саноии Ғазнавӣ ва таҳаввули адабиёти тасаввуфӣ» ва маҷмӯаи мақолаҳои доктори илмҳои филологӣ М. Солеҳов бо унвони «Ҷусторҳо дар саноишиносӣ» мунташир шуданд.

Икром Саидов,

 донишҷӯи курси 3,

факултети филология