МАСЪАЛАҲОИ ҲУҶҶАТНИГОРӢ

728

Бо ибтикори факултети филология дар пояи кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ дар мавзӯъи «Масъалаҳои лингвистии ҳуҷҷатнигории муосир» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ баргузор гардид. Конфренсияи мазкур бо суханони ифтитоҳии сардори раёсати илм, номзадӣ илмҳои филологӣ, дотсент Рустам Наботӣ оғоз шуд.

Дар конференсиия маърӯзаҳои илми мавриди музокира қарор гирифт, ки «Забони давлатӣ ва стандарт кардани забони коргузорӣ», «Забони ҳуҷҷат ва истилоҳот», «Мавқеи воҳидҳои одоби муҳоварат дар ҳуҷҷатнигорӣ», «Мавқеъи истилоҳоти ҳуҷҷатнигорӣ дар «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ» аз ҷумлаи онҳо буданд.