ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ФАКУЛТЕТ

771

Имрӯз (03.03.2021) дар факултети филологияи тоҷик бахшида ба Рӯзи модар дар заминаи маҳфили «Равоқи андеша» ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур шоираи ширинкалом Меҳриниссо, ҳунарпешаи хушовоз Сабоҳат Наҷмиддинова ва устодону донишҷӯдухтарони фаъол иштирок намуданд.

Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Э. оғоз ёфт. Мавсуф иброз намуд, ки воқеан зан — модар тарбиятгари насли дирӯзу имрӯз ва фардои мамлакат мебошад. Маҳз бо ҷасорат, шуҷоату шафқати модарони тоҷик фарзандони бонангу ори миллат дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбия ёфта, баҳри ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ талош менамоянд.

 Сипас мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ Муртазо Зайниддинзода оид ба «Симои Зан-модар дар адабиёт» суханронӣ намуда, қайд карданд, ки зан мавҷудест, ки вуҷудаш саршор аз муҳаббат, меҳр, каромат, шарофат ва латофат буда, барои ҳастии сайёра чун сутуни устувор бори зиндагиро таҳаммул менамояд. Дар васфи ӯ хеле навиштаанду боз менависанд ва хоҳанд навишт. Месазад гуфт, ки тамоми адабиёти олам бо ҳар забону гӯишҳо дар бораи симои зан ва мавқеи ӯ дар ҷомеа мисолу масалҳои хуберо орифона баён кардаанд, ки дар байни онҳо олимону суханварони минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ё қораи Ҳинду Покистон низ мавҷуданд. Қобили зикр аст, ки қораи мазкур пур аз суханварону шоироне мебошад, ки тарвиҷгару таблиғгари забон ва адабиёти мо- мардуми Тоҷикистон буда, тавассути эҷодиёти пурмояи худ тамаддуну маърифати илмии моро боз ҳам ғанитар мегардонанд. Ҳамзамон, шоираи ширинкалом Меҳриниссо чанд ғазалиёти хешро баҳри ҳозирин пешниҳод намуда, доир ба зебогиву покдомании Зан-модар ибрози андеша намуд.

Дар интиҳои чорабинӣ ҳунарпешаи хушовоз Сабоҳат Наҷмиддинова бо сурудҳои рангини худ таъби устодону донишҷӯдухтарони факултетро шод намуд.

Муртазо Зайниддинзода

Сироҷиддини Эмомалӣ

Офарандагони нишоти зиндагӣ

( Сухан аз мақоми Зан-Модар дар ҷомеа)

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодае дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри бардавом, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо Мо, ки дасту дилу чеҳраи худро аз оташи вуҷуди Шумо хоҳарону модарони азиз гарм нигоҳ медорему такягоҳи меҳвариамон Шумо-посбони оташед, қарзи худ меҳисобем бигӯем, ки ҳар сол шукуфтанҳои баҳори нозанини Ватан бо шукуфтанҳои чеҳраи нуронии Шумо оғоз меёбад ва тозатарин орзу ва таманниёте, ки инсонҳо дар замирашон мепарваранд ва зуҳури он ҳамеша саривақтӣ мебошад, ин орзу ва арзи эҳтиром ба шахсияти Зан-Модар будааст. Биноан, бо камоли меҳр ва садоқати бепоён ҳамаи шумоён, ва дар симои Шумо тамоми модарону хоҳарони Тоҷикистони азизро бо фарорасии Рӯзи байналхалқии занон сидқан табрик мегӯем ва ба шумоён-нерӯҳои созанда ва офаранда, саломативу зиндагии осоишта ва рӯзгори обод орзу менамоем. Табиӣ ва рамзист, ки Рӯзи байналхалқии занон падидаи иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангист.

Табиӣ будани ин иди муборак муждаи рӯзи наву рӯзгори нав аст. Рӯзи наву рӯзгори нав барои мардум ҳамеша аз хоҳишҳои муқаддам буда, таносуби чунин тазоҳуроти табиатро маҳз дар арафа ва рӯзҳои иди Шумо эҳсос мекунем.

Рамзи Иди занон, дар мушоҳидаи мо ва тибқи тақвими ориёӣ, ин ишора ба асолати зебоӣ, покии рӯҳ ва таровиши эҳсоси ҳамешагии инсонҳост, ки ба сиришти созандагӣ алоқаманд мебошад. Паҳлӯи назарраси ин падида аз ҷаҳони поки модарон, дилҳои ҳассосу орзупарвари духтарон ва ниятҳои беолоиши хоҳарони мо манша гирифта, моро водор месозад, ки чунин як пайки фархундаро бо самимияти инсонӣ ва қарзи шаҳрвандӣ табрик гӯем.

Таърихи башар пайваста аз мавҷудияти шахсиятҳои таърихӣ ва нобиғаҳои давр паёми шодбошӣ додааст ва сарзамини озодмардону озодагон, қаламрави таърихии ориёӣ арсаи зуҳури падидаҳои иҷтимоӣ будааст. Дар сари чорроҳаи ҳамин вусъати заминӣ ва замонӣ зан чун фиристодаи ҳусну меҳр ба майдон омад ва барои амнияту саодати фарзандони худ садо баланд намуд. Ба ин маънӣ Иди 8-март ва таҷлили ҳамасолаи он дар дилу шуури мо эҳсоси ёди суннат ва тариқати гузаштаро бедор месозад. Ин эҳсос сипосу эҳтироми заҳмати олиҳаи зиндагӣ ва махсусияти созандагии Зан-Модар аст, ки дар сурати зебо ва муҷалло тасвир мешавад. Таърихи гузаштаи мо-тоҷикон дар ҳама ҷанбаҳои рӯзгор аз саҳми арзандаи занон дар пешрафти ҷомеа ва нақши ӯ дар рушди ақли солим ва таъмини назокати зиндагӣ шаҳодат медиҳад. Дардҳои ҷомеа ва мушкилоти рӯзгор, даъват ба адолати инсонӣ, ваҳдатписандӣ ва сипоси ҳусни зиндагӣ, дар маҷмӯъ ба ҷадалҳои ҳамешагии зан-модар алоқаманд аст. Ҳамчунин таърих шаҳодат медиҳад, ки занон дар садоқат ва устуворӣ, созиш ва созандагӣ, пуштибонӣ аз арзишҳои инсонӣ ҳамеша дар маркази ҷадалҳои таърихиву маърифатӣ қарор доштаанд. Ҳофизаи таърихии мо- тоҷикон бояд пайваста аз зикри ном ва заҳматҳои ҷоннисоронаи занон дар тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ ёд бикунад. Танҳо зикр намудани образҳои ҷовидонаи адабиёти пешин дар симои Таҳмина, Гурдофарид, Фарангис, Манижа ва қаҳрамонзанҳои дигар кифоя аст, ки зиндагии моро аз эҳсоси тавоноӣ, садоқат, покӣ ва иффату мубориз будан саршор созад.

Ҳамчунин зикри номҳои як зумра занони қаламкаш ёди таърихии моро густариш дода метавонад ба мо дарси шуҷоат ва далерӣ, ишқ ва меҳри ҷовидонӣ ато намояд. Чунин мактаби зиндагиомӯз дар симои Робиаи Балхӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Зебунисо, Дилшоди Барно, Розия Озод Гулчеҳра Сулаймонова, Мавҷуда Ҳакимова, Гулрухсор, Ҳадиса, Меҳринисо, Фарзона, Зулфия, Шаҳрия ва даҳҳои дигар олимаҳову адибаҳои тоҷик муҷассам мегардад.Батаъбири дигар:

Зани тоҷик фарзанди ту буданд,

Муқанна Рудакиву Ибни Сино.

Ба ҳасрат пеши ту сар хам намуданд,

Камолу Ҳофизу Саъдиву Савдо.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таври арзанда метавонад фахр намояд, ки занон дар ҷомеаи нави мо ва замони табаддулотҳои таърихӣ қувваи назаррас буда, дар соҳа ва бахшҳои мухталифи зиндагӣ фаъолият доранд.

Мо дар даврони нави таърих зиндагӣ мекунем ва аз дастовардҳои навини он низ бо ҳусни ифтихор сухан меронем. Дар ин самт нақши Зан-Модар ба маротиб бузург буда, бо сиришт ва халлоқияти пок ояндаи ҷомеаро бо насли наву созанда таъмин менамоянд.

Дар чунин лаҳзаҳо аз гузаштаи начандон дурамон сухан ба миён овардан, ки маҳз ба хотири ояндабинӣ аз нигоҳи зан ва мавқеи ӯ дар ҷамъият пешбинӣ шудааст, басо гуворо мебошад. Бояд дар хотир дошта бошем, ки ҳукумат нақшаи бунёдкорӣ ва мавқеи занро дар ҷамъият таҳррезӣ намуда, онро ба сифати дурнамои асосии ҷомеаи нав чун «Нақшаи миллии тадбирҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» қабул карда буд. То ин дам дар ин ҷода чӣ корҳое анҷом дода шуданд бояд ба аҳли ҷомеа маълум бошад.

Ҳамчунин дар самти тарбия ва интихоби қадрҳои кордону лаёқатманд аз ҳисоби занҳо, ки тавонанд дар вазифа ва мақоми баланди ҷамъиятиву давлатӣ роҳбарӣ ва ифои вазифа намоянд амалҳои шоиста анҷом пазируфта аст. Онҳое ҳам, ки дар айни ҳол дар вазифаҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва давлатӣ фаъолият менамоянд аз ҷумлаи занҳои соҳибтахассус ва кордон, муаллима ва мураббия, олима ва шоира, духтур ва соҳибкор- ҳама чун чеҳраҳои пурҷилои ҷамъият сазовори эҳтирому пайравӣ гардидаанд. Аз ин миён бо ҳисси ифтихор номи даҳҳову садҳо духтарон, модарон ва хоҳарону занони соҳибистеъдоду донишмандро метавон ба забон овард, ки корномаи онҳо дар адабиёти меросиву даврони нав таҷассуми бадеӣ ёфта, Тоҷикистон аз шахсияту ҳайсияти онҳо ифтихор дорад.

Ҷомеаи мирӯзаи Тоҷикистон ба равнақи таҳаввулоти маънавӣ рӯ оварда дар ин самт ба дастовардҳои назарраси илмӣ, таърихӣ ва адабиву фарҳангӣ ноил гардидааст, ки ин ҷо нақши дастони Шумо, бонувони азиз чашмрас аст. Чунин неруи созанда, ки қишри асосии муҳити иҷтимоии Тоҷикистонро фаро гирифтааст, аз ҳиммату меҳнати дилсӯзона ва меҳри модаронаи Шумо бунёд ёфта, Тоҷикистонро ба тамаддуни ҷаҳонӣ мепайвандад. Дар меҳвари худшиносиҳои миллии мо ифтихори будани модари тоҷик қарор дорад. Шахсиятҳои бузурги таърихӣ , сиёсӣ, илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ, ки неруи ҷаҳоншумул мояи ифтихори онҳо аст, аз Борбаду Рудакӣ, Ибни Синову Исмоили Сомонӣ, Фирдавсиву Саъдӣ ва Ҳофизу Хайём то қаҳрамонони Тоҷикистони соҳибистиқлол устод Айниву Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафурову Нустартулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемуру Эмомалӣ Раҳмон ҳама фарзандони модари тоҷиканд, ки имрӯз аламбардори ному нанги миллат мебошанд.

Сатрҳои оганда ба меҳри Рустам Ваҳҳобзода ифодагари меҳр ва арҷгузорӣ ба рисолати таърихии зан-модар аст.

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,

Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.

Агарчи аз занон пайғамбаре нест,

Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.

Зарурати баланд бардоштани рушди ақлонии зани тоҷик, ки «бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон дода метавонад» имрӯз дар шароити бархурдҳои нерӯҳои ақлонии ҷаҳони муосир аз ҳар вақти дигар бештар эҳсос мешавад. Ва ин тибқи нақшаи чорабиниҳои ҳукумат ва бо назардошти ҳадафҳои ниҳоии он ва пуштибонӣ аз мавқеъ ва мартабаи таърихии зани тоҷик сурат мегирад. Вобаста ба ин, чанд сол аст, ки барои таъмини сатҳи баланди маърифат ва рисолати зани тоҷик ва хусусан барои духтарони кӯҳистон, ки аъло мехонанду нияти давом додани таҳсилро доранд, дар асоси имтиёзҳои мавҷудаи роҳбари давлат, ба мактабҳои олии мамлакат ҷой ҷудо мешавад. Чунин иқдом танҳо ба духтарони лавёқатманд тааллуқ дошта ба хотири ҷалби онҳо дар оянда ба корҳои роҳбарӣ ва таъмини ҳиссаи занҳо дар фаъолиятмандии иҷтимоии мебошад.

Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки дар хонадони солим фарзандони солим ба воя мерасанд. Маърифати онҳо, рафтору одоб ва ахлоқи ҳамида пеш аз ҳама аз оила, аз модар ибтидо мегирад.

Ободии кишвари азизи мо ба он бастагӣ дорад, ки асоси ҷомеаро шахсиятҳои соҳибназар ва бо нерӯи ақлонӣ мусаллаҳ фаро гирифта тавонанд. Тарбияи чунин афроди соҳибмаърифат бошад ба ҳаммати Зан-Модар вобаста мебошад.

Зани мӯъҷизаофар ва эҷодкори тоҷик ба манзалат ва мақоми таърихии худ соҳиб гардидааст, чеҳраи ӯ ба сифати коргару бофанда, шоираву олима, духтуру ҳуқуқдону мураббия, омӯзгору намояндаи мардум равшан намуддор аст. Барои ӯ давраи истиқлолият эҳсоси гуворову ҳамешагии ватандорӣ ва ватанпарастӣ, ҳисси наҷиби худшиносии таърихиву миллӣ, ифодаи садоқат ва вафо ба ватани бузург-Тоҷикистнро ато намуд.

Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар ва ба Маҷлиси намояндагон интихоб гардидани 15нафар занҳо шаҳодати эътирофи иқтидор ва сайқали маърифати онҳо буда, 23,4 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи соҳаи маориф ва 68 фоизи соҳаи тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ташкил намудани онҳо нишони эътибори рӯзафзун пайдо карданашон дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ба шумор меояд.

Дастовардҳои Тоҷикистони имрӯза-гаҳвораи умеди мову Шумо дар ҷаҳони муосир кам нестанд. Вале боз ҳам муамоҳои зиёде пешорӯи мо қарор доранд, ки ҳаллашон дар дасти худи мову шумо мебошад. Роҳи расидан ба комёбиҳои тоза ва ҳал гардидани рукнҳои стратегияи давлатӣ аз масъала ва ҳадафҳои давлати мо буд ва мемонад.

Мо ба рӯзгори ширину бофароғат ва пур аз зебоиву ҷалол ҳуқуқи маънавӣ дорем. Чунин зиндагиро ба мисли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, занон месозанд. Бо такя ба нерӯйи қавии ақлонӣ ва истеъдоди фитрӣ, зиндагии навро сохтан қудрати созандагии зани тоҷик буда, сабақи арзишманди таҷрибаомӯзӣ ҳам ҳаст.

Шумо пайвандгари наслҳо ва замонҳо, Шумо имрӯзу фардои ҷамъият ҳастед. Шумо ба таърих тааллуқ доред ва зеботарин саҳифаи китоби таърих ҷои Шумо аст.

Бинобар ин барои ифода намудани сифатҳои халлоқии Шумо миёни фарзандони қаламкашатон дар сабқати аббаддавоми меҳру сифати Шумо ифодаи сухани ноб идома дошта, зиндагии хешро мероси Шумо донистаанд.

Зиндагии шоирона аз ту мероси ман аст,

Ин замину ин замона аз ту мероси ман аст.

Дар деҳи танге агарчи халқ кардӣ ту маро,

Ин ҷаҳони бекарона аз ту мероси ман аст.