ТАЪЛИФОТИ НОДИР ДАР БОРАИ Д.ТОҶИЕВ

425

Имрӯз (30.03.2021) дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи таърихи забон ва типология рӯнамоии китоби профессори кафедра Давлатбек Хоҷаев «Совершенный человек и блестящий ученый» баргузор гардид.

Дар нишаст нахуст муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён суханронӣ намуд.

Сипас сардори раёсати илм Рустам Наботӣ ва декани факултети мазкур, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оид ба аҳмияти илмӣ ва таърихӣ доштани китоби мазкур суханронӣ намуданд.

Китоби мазкур бахшида ба 100 солагии забоншиноси некном, доктори илмҳои филологӣ, профессор Додоҷон Тоҷиев таълиф шуда, дар он муаллиф Д. Хоҷаев паҳлуҳои гуногуни фаъолияти илмию эҷодии шодравон Д.Тоҷиевро инъикос намудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар кори ҳамоиш олимон ва намояндагони сохторҳои илмию таълимии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.