УСТОД АЙНӢ ВА ФАРҲАНГИ МИЛӢ

570

13.04.20211

13-уми апрели соли 2021 ба хотири гиромидошти устод С. Айнӣ ҳайати факултети филология ба зиёрати оромгоҳи С. Айнӣ рафтанд. Баъдан бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи донишгоҳ маҳфили илмӣ – адабӣ таҳти унвони «Устод Айнӣ ва фарҳанги милӣ» баргузор гардид.

Маҳфил бо сухани муқаддимавии декани факултет, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз ёфт. Гирдоварандаи мафҳил, мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ, дотсент Муртазо Зайниддинзода буд.

Баъдан профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ Маҳмадаминов А.С. дар мавзӯи «Мулоҳизаҳо оид ба як асари навпайдои устод Айнӣ» маърӯза намуд. Дар ҷараёни мафҳил донишҷӯёни факултет аз осори устод Айнӣ шеърҳо қироат карданд.