ҲИМОЯИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ ДАР СОҲАИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТ

320

 Имрӯз (01.02.2022) дар толори Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзодаи ДМТ бо иштироки меҳмонон ҷамъомад дар робита ба фаъолияти Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-020 дар назди Донишгоҳи миллӣ доир гардид. Таъкид гардид, ки Шӯрои мазкур баъд аз омӯзиш ва масъалагузориҳо ба фаъолият шуруъ намуд.

Аъзои Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии филологӣ, доктори илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисосҳои 10.01.00-Адабиётшиносӣ, (10.01.01-Адабиёти тоҷик; равобити адабӣ, 10.01.03-Адабиёти кишварҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо,сокинони бумиёни Амрико ва Австралия (бо нишон додани адабиёти кишварҳои алоҳида) ва 10 .01.10- Рӯзноманигорӣ) инчунин, аз рӯйи ихтисоси 10.02.00- Забоншиносӣ (10.02.01) –Забони тоҷикӣ, 10.02.20- Забоншиносӣ муқоисавӣ – таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ ва 10.02.22 –Забонҳои мамолики хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, бумиёни Амрико ва Австралия (бо нишондоди забон ё оилаи мушаххаси забонҳо), ки дар назди Донишгоҳи миллӣ амал мекард, тибқи талаботи нав ва аъзои нав ба кори худ шуруъ намуд.

Дар кори ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдуллозода М., раиси Комиссияи олии атестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Розиқзода А.Ш., муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Саломиён М.Қ., муовини ректори ДМТ оид ба илм, профессор Сафармамадзода С.М., ҳамзамон, котиби Шӯрои диссертатсионӣ, профессор Сироҷиддини Э. иштирок ва доир ба фаъолияти Шӯро ва пешрафти илму истеҳсолот суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки минбаъд шӯроҳои диссертатсионӣ дар асоси дастурамал ва низомномаи нави КОА амал намуда, дар сурати ҷавобгӯ набудан ба меъёрҳои муайяншуда рисола бозпас гардонида мешавад. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки тибқи дастурамали нав дар як саҳифаи кори илмӣ агар ду ғалати техникӣ дида шавад, рисола қабул намешавад. «Рисолаи номзадӣ дар ҳаҷми 120-150 саҳифа ва рисолаи докторӣ 250-300 саҳифа бояд навишта шавад. Роҳбари илмӣ дар як вақт наметавонад ба панҷ нафар муҳаққиқ роҳбарӣ кунад»- гуфта шуд дар ҷаласа.

Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ ва муайян намудани комиссияҳо аз рӯйи ихтисосҳо ва қабули диссертатсияҳо барои таъйин намудани экспертҳои Шӯрои диссертатсионӣ баррасӣ шуданд.