(Саҳми профессор Ҳ.Маҷидов дар рушди забон)
Имрӯз (15.06.2022) дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии ректори муҳтарами донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таҳти унвони «Рушди забони адабии тоҷикӣ дар замони Истиқлол: мушкилот ва дурнамо» бахшида ба 85-солагии доктори илмҳои филология, профессор Ҳомид Маҷидов конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар конференсия олимону муҳаққиқон аз сохторҳои мухталифи илмию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, аз ҷумла аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Узбекистон, Покистон ва Эрон ҳам дар шакли ҳузурӣ ва ҳам дар шакли маҷозӣ иштирок доштанд.
Ректори донишгоҳ зимни сухани муқаддимавии хеш иброз дошт, ки конференсияи мазкур дар самти омӯзиш паҳлуҳои мухталифи забони адабии тоҷикӣ нақши арзанда мегузорад ва дар ин самт саҳми доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳомид Маҷидов назаррас мебошад.
Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки профессор Ҳомид Маҷидов аз ҷумла муҳаққиқони фидоии соҳаи забоншиносии тоҷик ба ҳисоб меравад, ки имрӯзҳо дар остонаи 85-умин солгарди баҳори умр қарор доранд.
«Устод Ҳомид Маҷидов дар забоншиносии тоҷик ҳамчун муҳаққиқи соҳибназар ва соҳибмактаб шинохта шуда, яке аз аввалин бунёдгузорони таълимот дар бораи назарияи фразеология ва муҳаққиқи бахши луғатшиносӣ дар забони тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Ба қалами устод Ҳомид Маҷидов асару мақолаҳои зиёди илмию тадқиқотӣ тааллуқ дошта (зиёда аз 400 номгӯй), шахсияти дар ҷодаи илм муваффақ ва нисбат ба шогирдон сахтгир ва дар айни замон меҳрубону ғамхор мебошад»-афзуд, декани факултети филология, доктори илмҳои филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ.
Таъкид шуд, ки доираи таҳқиқоти устод Ҳ. Маҷидов ниҳоят васеъ буда, дар баробари фразеология ва луғатшиносӣ, тамоми бахшҳои услубиёт, морфология ва ҳатто синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷикиро дар бар мегирад. Мақолаҳои доир ба масъалаҳои грамматикаи забони тоҷикӣ таълифнамудаи устод Ҳ. Маҷидов мақолаҳои бунёдӣ буда, дар онҳо, асосан, масъалаҳои ҳалнашудаи грамматикаи забони тоҷикӣ муҳокима ва баррасӣ шудаанд.
Мудири кафедраи забони адабии муосири тоҷики факултети филология Дӯстзода Ҳамрохон ҳамчун гирдгардонандаи ҳамоиш зимни суханронии хеш иброз дошт, ки дар ҷомеа на танҳо адибону нависандагони машҳуру чирадаст метавонанд услуби худро дошта бошанд, балки шахсиятҳои ҷудогонаи илмӣ низ метавонанд, ки бо усули хоси тадқиқоти худ услуби ҷудогонаеро дар илм ба вуҷуд оваранд, албатта, шахсиятҳое, ки дар илм мактаби хоси тадқиқотии худро доранд. Хушбахтона, устод Ҳ. Маҷидов аз он шахсиятҳое мебошад, ки дар илм соҳибмактабу дар тадқиқот соҳибуслуб ва дар инсоншиносӣ гавҳаршинос аст. Ёдовар мешавем, ки вобаста ба мавзӯи конференсия ва саҳми профессор Ҳомид Маҷидов дар рушди забони адабии тоҷикӣ ба кумитаи тадорукот беш аз 100 маърӯза пешниҳод гардид, ки қаблан бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва ташаббуси декани факултети филология ва мудири кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ маҷмуи мақолаҳо бо номи «Забон – ҳастии миллат» дар ду ҷилд ва меҳрномаи шогирдону пайвандони устод Ҳомид Маҷидов бо унвони «Мубаллиғи сухани ноб» аз чоп баромаданд.